logo

иқтисод

ХАТЛОН. ТРАНСФОРМАТОРҲОИ ФАРСУДА ОМИЛИ ТАЛАФОТИ БАРҚ

«…Баробари афзудани истеҳсоли неруи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба неруи барқ торафт меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳангоми лоиҳакашиву сохтмони биноҳо ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, воридоти технологияҳо ва асбобу таҷҳизоти маишӣ масъалаи каммасраф будани онҳо ба инобат гирифта шуда, ба истифодабарандагони неруи барқ маърифати сарфаю сариштакорӣ ҳарчи бештар ташвиқ карда шавад», – таъкид доштанд Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ин ҳидояти созанда дар ҳама ниҳодҳои дахлдори вилояти Хатлон, аз ҷумла раёсати назорати давлатии энергетикии минтақаи Бохтар, сармашқи кор қарор гирифтааст.
Ба гуфтаи Маҳмадмурод Каниев, сардори раёсати номбурда, нозирони соҳаи энергетика  бо мақсади пешгирии талафоти неруи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он бо сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳо корҳои  тарғиботӣ мебаранд. Дар асоси баррасии масъалаҳои соҳа нақшаҳо тарҳрезӣ ва онҳоро татбиқ менамоянд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни баргузории санҷишу вохӯриҳо камбудиҳо ошкор гардиданд, ки боиси талафоти неруи барқ мегарданд. Масалан,  муҳлати корбарии трансформаторҳо 25 сол аст, аммо баъзе аз онҳо зиёда аз 40 сол боз истифода мешаванд. Баробари ин, трансформаторҳо сари вақт бо равғани техникӣ таъмин намешаванд  ва бисёри симчӯбҳо низ фарсуда гардидаанд. Бо ин сабабҳо, дар пойгоҳи обкашии мавзеи Гароутӣ қариб  ҳар сол ҳолатҳои ногувори техникӣ рух медиҳанд. Чунин садамаҳо дар дигар  зеристгоҳҳо кам нестанд. Истифодаи аз муҳлат зиёди хатҳои барқу симчӯбҳо мушкили чандсолаест, ки бояд роҳи ҳал пайдо кунад.
Давлатшо Нозилов, муовини директори ҶСК «Шабакаҳои барқи ҷанубӣ» - и минтақаи Бохтар,  иттилоъ дод, ки ҳанӯз аз аввали сол ҷиҳати пешгирии талафот ва истифодаи босамари  неруи барқ, бе мушкилӣ гузарондани  тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020 нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуд. То кунун 90 дарсади нақша амалӣ гардид.  Аз ҷумла, 86 зеристгоҳ ва 3 ҳазор трансформаторе, ки дар минтақа мавриди истифода қарор дорад, бо равған таъмин ва аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. То имрӯз 500 симчӯб иваз гардид, ки бо фароҳам шудани шароити мусоиди молиявӣ симчӯбҳои боқимонда низ иваз карда мешаванд. Хатҳои барқе, ки солҳои пеш бо истифода аз симҳои фулодӣ кашида шуда буданд, ба симҳои алюминий иваз гардида, дар мавзеъҳои шохаҳои дарахтони наздик ба ноқилҳо ба тартиб дароварда шуданд. Корҳои омодагӣ ба фасли сармо ҳанӯз идома доранд, - изҳор дошт ӯ.
Чунончи зикр гардид,  муҳлати истифодаи аксар симчӯбу хатҳои барқ ва трансформаторҳо, ки аз солҳои 60- уми асри гузашта мерос мондаанд, кайҳо гузаштааст ва иваз кардану ба таъмири куллӣ фаро гирифтани онҳо маблағи хеле зиёдро тақозот дорад. Дар ин маврид  сари вақт пардохт кардани ҳаққи истифодаи неруи барқ аз ҷониби корхонаю ташкилотҳо ва шаҳрвандон нақши ҳалкунанда мебозад.

Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»     


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.11.2019    №: 216    Мутолиа карданд: 1412
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед