Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ
Дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо ширкати беш аз 5 ҳазор нафар ҳамоиши оммавӣ баргузор гардид.
Муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода иштирокчиёни ҳамоишро аз номи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ин санаи муҳими таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки таъмини фазои орому босубот, волоияти қонун, ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин обруву нуфузи Тоҷикистонро сол ба сол дар минтақа ва ҷаҳон баландтар мебардорад. Ин ҳама дастовардҳои арзишманд ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ доранд. Имрӯз мо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро Сарвари давлат тавонистанд, ки дар лаҳзаи басо ҳассос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшанд. Қабул гардидани Рӯзи Президент дар сатҳи мақомоти олии қонунгузорӣ ҳам талаби рӯз, ҳам дархости мардуми шарифи тоҷик буд. Ба ин васила, миллати тоҷик дар атрофи Сарвари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гуна иғвою дасисаи онҳо ваҳдату якдилии тоҷикистониёнро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии онҳо Ҷаноби Олӣ аст.
Ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ Шермамад Ҷонмаҳмадзода аз хизматҳои бешумули Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навини тоҷикон ёдоварӣ намуда, зикр дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дунё чун фарди сулҳовару сулҳофар, ғамхори миллат мешиносанду қадр мекунанд. Хизматҳои беназири Сарвари давлат сабаб гаштанд, ки Тоҷикистон дар фосилаи кӯтоҳ ба яке аз давлатҳои пешрафта табдил ёфта, чун давлати демократӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз обруву манзалати хос бархӯрдор гардад.
Ҳамоиши тантанавӣ бо барномаи рангини консертӣ ба поён расид.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1258