logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ИФТИХОРИ МАНУ МО

Мақом ва манзалати як фард дар ҷомеа аз чӣ иборат аст? Оё як фард метавонад дар таърихи инсоният нақши ҳалкунанда ва муҳим дошта бошад ва ҷомеаро бо тамоми ҳастияш дигар созаду боиси ифтихори мардум гардад? Таърихи башар доир ба ин суолҳо ҷавоби мусбат дорад ва ҳаминро мегӯям, ки ба қавли бузургҳо қадами хайру нияти неки як нафар метавонад баракату раҳмат биёрад ва сарзаминашро сарсабзу мардумашро саодатманд гардонад. Кишвари мо пас аз барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ кулли бадбахтиву бесарусомониҳоро аз сар гузаронд ва Тоҷикистону мардуми онро хатари маҳвшавӣ таҳдид мекард.
Шукри Худованд, ки барқи хушбахтӣ дурахшиду ба майдон марди ҷасуру қавиирода бо қадами хайру устувор бо номи Эмомалӣ Раҳмон омад, ки як нур ва умеде буд бар дили мардуми парешону нимароҳи тоҷик. Дар ҳақиқат ба сари давлат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабеҳи Хуршеде буд, ки дар як муддати кӯтоҳе ба сарзамин ва ҷисму ҷони шаҳрвандони кишварамон гармӣ бахшиду қоматҳои хамида аз нав рост шуданд чун шамшод дар баҳорон. Ҷои биноҳои сӯхтаву хароб ва хиёбону кӯчаҳои аз ҳам рехта биноҳои наву ҳозиразамон ва гулгашту чаманзорҳо қад кашидаву доман густурданд. Шаҳру деҳоти солҳо аз назар дурмонда ва роҳҳои фарсудаи нообод аз нав рӯ ба беҳбудӣ оварданд ва мактабу боғчаву парваришгоҳҳои наву замонавӣ оғӯши меҳр ба рӯи кӯдакон, наврасону ҷавонон кушоданд.
Махсусан, Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бепарастор монда буд, бо талошҳои зиёду қатъии Пешвои миллат аз нав «ҷон» гирифт ва, инак, ду агрегати он ба кор даромад, ки боиси ифтихору сарбаландии кишвару миллатамон шуд. Талош ва шоҳкориҳои давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро аз ниёзмандиву зулмот наҷот бахшид ва Тоҷикистонро ба як давлати соҳибихтиёру соҳибҳуқуқ табдил дод ва ба тамоми дунё муаррифӣ кард. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни шаҳрвандон сулҳ ва ваҳдати миллиро барқарор намуд, ки аз хайртарин ва бузургтарин корҳои Президенти кишварамон аст. Ба кинаву адоват, бадбиниву бадфикрӣ ва ҷудоӣ хотима бахшиданд. Ба шарофати қадами хайру нияти неки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун як давлати соҳибихтиёру мустақил ва бо фарҳангу тамаддунсоз шинохтанд.
Аз сидқ мегӯям, мефахрам ва ифтихор мекунам бо чунин шахсияти хоксору бохирад ва давлатдори босиёсату ба ҷаҳони муосир созгор ва дар айни замон мардумпарвару ғамхору меҳрубон ва дорои ҳувияти миллии воло. Аз ин ҷост, ки мо дар дурахши симои ӯ воқеан ҳам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, сарпарасти тамоми тоҷикони дунёро мебинем.
Бояд гуфт, ки вобаста ба корҳое, ки дар муддати на чандон зиёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди давлату давлатдорӣ, фарҳангу маориф, иқтисоду сиёсат кардаанд, чӣ қадар гӯем, кам аст. Аз тарафи дигар, худи мардум шоҳиди хизматҳои шоёни Сарвари давлат мебошанд ва танҳо дастгирӣ ва қадрдонӣ намудан аз Пешвои хирадманд вазифаи ҳар яки мост, зеро имрӯз Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихори миллати тоҷик мебошанд.

Тоҷинисо МУРОДОВА,
номзади илмҳои фалсафа,
ходими пешбари ИФС ва Ҳ АИ ҶТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.11.2019    №: 217    Мутолиа карданд: 285

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед