| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
сиёсат
Мардум ба арзандаҳо раъй медиҳад
Мувофиқи қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» маъракаи муҳими сиёсӣ- омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ оғоз ёфт. Дар ин робита чанде қабл дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Фонди байналмилалии системаҳои интихоботӣ ва Оҷонсии Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «ВАО ва интихобот» баргузор шуд. Дар он вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои васоити ахбори омма, гузаронидани ташвиқоти пешазинтихоботӣ, мақом ва ваколатҳои нозирони миллӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ, хабарнигоронро ба он даъват кард, ки барои шаффоф ва демократӣ гузаронидани интихобот меъёрҳои қонунгузориро риоя намоянд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ ба дастгирии ҳамаи зиёиёни мамлакат ва хабарнигорон ниёз дорад. Зикр гардид, ки мувофиқи моддаҳои 37 ва 39 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 31 ва 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» бо қарори КМИР аз 28 декабри соли 2009 тартиби истифодаи васоити ахбори омма дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳои ба қайд гирифташуда ва шахсони боэътимоди онҳо тасдиқ шуд. Ба гуфти Муҳибулло Додоҷонов дар асоси муқаррароти мавҷуда Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба ҳар як ҳизби сиёсӣ ва шахсони боэътимоди он барои суханронӣ аз тариқи Радиои Тоҷикистон ва шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ё дигар радио ва телевизионҳои давлатии маҳаллӣ то 30 дақиқа вақти эфир ба тариқи ройгон ҷудо намоянд. Ба номзад ба вакилӣ аз ҳавзаи якмандата ва шахсони боэътимод бошад, то 15 дақиқа пешниҳод шудааст. Рафти маъракаи пешазинтихоботӣ бошад, тавассути барномаҳои дахлдори ахбори телевизион ва радио ба тарзи баробарӣ мунтазам пахш мешавад. Шахсони боэътимоди ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои ба қайд гирифташуда ба вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандата ҳуқуқ доранд, ки дар матбуоти давлатии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар бораи барномаҳои ҳизбҳо ва номзадҳо ба вакилӣ дар ҳаҷми то 8 саҳифаи чопи дуинтервалии компютер ба таври ройгон мақола чоп намоянд. Мақолаҳо дар бораи номзадҳо ба вакилӣ дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ зери унвони «Ба пешвози интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба табъ мерасанд.
Худойбердӣ Холиқназаров, сардори шӯъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки ВАО дар гузаронидани маъракаи интихобот нақши хеле муҳимро мебозад. Сокинони мамлакат маҳз тавассути он бо номзадҳо ва барномаи онҳо шинос мешаванд. Мардум бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд.
Хонум С. Каменева, намояндаи САҲА дар Тоҷикистон, гуфт, ки маъракаи интихобот, хоса муаррифии аҳзобу номзадҳо, аз хабарнигорон вобастагии зич дорад. Вале набояд фаромӯш кард, рӯзноманигор ҳақ надорад аз як фард қаҳрамон созад ва ё баръакс дигареро заиф нишон диҳад. Пеш аз ҳама бояд ба барномаҳои номзадҳо аҳамият дода, дар муқоиса мунсифона баҳо диҳад ва аҳамияти онро ба мардум фаҳмонад. Интихобот ба дӯши мардум аст, на ба дӯши хабарнигор.
Ҳамаи иштирокдорон изҳори умед доштанд, ки интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ ба таври шаффоф, демократӣ ва озод мегузарад.
М. САФАР,
«Ҷумҳурият»
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|