Хабарҳо
Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд
Бино ба маълумоти Федератсияи панкратиони Россия, Илёсиддин Тешаеви
17-сола, зодаи Тоҷикистон, дар чемпионати ҷаҳон оид ба панкратион, ки дар пойтахти Италия – Рим баргузор шуд, унвони қаҳрамониро ба даст овард.
Боиси тазаккур аст, ки Илёсиддин Тешаев аз соли 2016 то кунун борҳо дар мусобиқоти гуногуни муҳорибаи тан ба тан ва панкратион дар Ҳавзаи марказии федералӣ, вилоятҳои Липетск, Воронеж ва Тамбов пирӯз гардидааст.
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1237