menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

иқтисод

Аз маблағҳои портфели лоиҳаҳои амалкунандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ 1,5 миллиард сомонӣ истифода шудааст

Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли 2009 барои беҳбудӣ бахшидан ба фазои инвеститсионӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, суръатбахшии раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ, дастгирӣ ва ҳимояи давлатии соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ тадбирҳо андешида, амалӣ намуд.
Дар натиҷа ба ҳолати 1 январи соли 2010 бо назардошти ба фаъолият оғоз намудани лоиҳаҳои нав ва ихтисори лоиҳаҳои баанҷомрасида портфели лоиҳаҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 лоиҳа ба маблағи умумии 8,1 миллиард сомониро дар бар мегирад, ки аз ин маблағҳои қарзӣ 75,3%, грантӣ 14,3%, ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,9% ва ҳиссаи ҷамоатҳо 3,5%-ро ташкил медиҳанд.  Аз маблағҳои портфел дар соли 2009-ум 1,5 миллиард сомонӣ истифода гардид.
 То 1 октябри соли 2009 ҷалби умумии сармоягузории мустақими хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 152,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2008- 365,0 миллион доллар камтар мебошад.
Дар ин сол аз ҷониби кумита 22 созишнома оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ омода карда шуда, аз ҷумла созишномаҳо  миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Литва ва Иттиҳоди иқтисодии Белгия-Люксембург, Муғулистон ва Шветсария тасдиқ гардида,  ба имзо расиданд.
Бо назардошти таъмини истиқлолияти энергетикаи ҷумҳурӣ кумита рӯйхати бунёд ва барқарорсозии 13 нерӯгоҳи барқӣ ва 13 хати баландшиддати интиқоли барқро дар солҳои 2009-2013 омода сохта, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст. Дар ҷумҳурӣ 7 лоиҳаи энергетикӣ асосан аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ва сармоягузориҳои хориҷӣ амалӣ гашта, дар баробари ин дар соли 2009  56 НБО-и хурд бо иқтидори умумии 7860,9 кВт  сохта шуд.
 Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ 18,4 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2008-ум 4,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Маблағи умумии дар соли 2009 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ ба буҷет воридгардида 37,3 миллион сомониро ташкил  дода, дар муқоиса ба соли 2008-ум 12,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Н. ХУДОЙБАХШОВ


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед