Хабарҳо
ТОҶИКИСТОНУ ОЛМОН. Лоиҳаи нав дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ
Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат, байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкорҳо ҷиҳати дастрасӣ ба техника дар давраи солҳои 2018 – 2019 барои татбиқи лоиҳаҳо дар бахши иҷтимоии кишвар аз ҳисоби маблағҳои грантии Ҷумҳурии Федеративии Олмон созишнома омода шудааст.
Дар доираи созишнома барои ду соли оянда гуфтушунидҳои байниҳукуматии ду давлат, аз ҷумла доир ба маблағҳои аз ҷониби Олмон ҷудошуда, муайян мегарданд. Ҳаҷми маблағи дар доираи созишномаи мазкур ҷудошуда 4 миллион евроро ташкил дода, барои татбиқи лоиҳаи «Беҳтар намудани шуғл ва даромади муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон» равона карда мешавад. Ҳадафи лоиҳаи мазкур аз беҳтар намудани қобилият ва даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин, фароҳам овардани шароит барои омӯзишу тахассускунонии онҳо бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат дар минтақаҳои интихобшуда иборат аст.
Лоиҳаи нав барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, аз ҷумла паст намудани сатҳи камбизоатӣ, баробарии гендерӣ, шуғли пурмаҳсул ва паст кардани нобаробарии иҷтимоӣ мусоидат хоҳад намуд.
Оғози татбиқи лоиҳаи “Беҳтар намудани шуғл ва даромаднокии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон” пас аз ба тасвиб расидани созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2018 - 2019 амалӣ мегардад ва муҳлати амали он 3 сол (2020 - 2022) дар назар дошта шудааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 721