logo

Хабарҳо

МТС. Як ҳамоиши муҳим

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  «Вазъи сиёсатшиносии амалӣ дар Тоҷикистон» бо иштироки  намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, олимону мутахассисон ва рӯзноманигорон симпозиуми миллӣ баргузор гардид.
Масрур Абдуллозода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз саҳми бузургони тоҷику форс дар ташаккули илмҳои сиёсӣ ёдовар шуд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари тозаистиқлол ва ҷавон буда, дар асоси принсипҳои ҷомеаи демократию дунявӣ гом ниҳода истодааст. Дар марҳилаи нави таърихӣ барои мамлакати мо ташаккул ва рушди мактаби сиёсии ватанӣ хеле муҳим аст. Воқеаҳои гуногуни сиёсати  ҷаҳони муосир, манфиатҷӯйиҳои шадид дар минтақаҳои гуногуни олам ва низоъҳои  дохилии давлатҳои ҳамҷавор бори дигар аҳамияти илмҳои сиёсӣ, махсусан сиёсатшиносии амалӣ ва субъектони онро барои таъмини амнияту ҳимояи манфиатҳои миллӣ рӯшан месозад, - иброз намуд номбурда.
Коршиносон бо ишора ба давраҳои ташаккули илмҳои сиёсӣ зикр намуданд, ки сиёсатшиносии амалӣ дар замони соҳибистиқлолӣ рушд ёфтааст ва паҳлуҳои омӯхтанашудаи он бояд таҳлилу баррасӣ шаванд. 
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Миралиён нақши иттилоотро дар пешбурди сиёсати давлатӣ муҳим арзёбӣ намуда, изҳори нигаронӣ кард, ки имрӯзҳо мутаассифона иттилоот ҳамчун василаи таҳдиду таҳқир ва роҳгумсозӣ истифода мегардад.
- Мувофиқи маълумоти оморӣ, шумораи истифодабарандагони интернет дар ҷаҳон ба 3,5 миллард мерасад, ки 2,5 миллиарди он шаҳрвандони кишварҳои рӯ ба тараққианд. Дар ин ҳолат, ба масъалаи иттилоотонии ҷавонони кишвар, ки аксари  аҳолиро  ташкил медиҳанд, диққати махсус додан зарур аст. Пеш аз ҳама, онҳоро бо донишҳои технологӣ ва маданияти истифодаи технологияи иттилоотӣ фаро бояд гирифт, то  қурбони амалҳои баъзе гурӯҳҳову созмонҳо нагарданд.  
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 708

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед