menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

ҳуқуқ

5 гурӯҳи муташаккили ҷинояткор барҳам дода шуд

Рустам Назаров, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар соли 2009 агентӣ 152 ҳодисаи вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ошкор намуд. Дар натиҷа 315 килову 253 грамм героин, 350 килову 234 грамм афюн ва 331 килову 0,10 грамм маводи нашъаовари гурӯҳи каннабис мусодира гардид. Шӯъбаи тафтишотии агентӣ 135 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, 107 парвандаро нисбати 143 нафар ба суд ирсол намуд. Ҳамчунин дар самти мубориза бар зидди гурӯҳҳои муташаккили нашъаҷаллоб як қатор чорабиниҳо амалӣ шуданд, ки дар натиҷа фаъолияти 5 гурӯҳ қатъ ва 21 ҷинояти дар ҳайати гурӯҳ, бо иштироки 65 нафар содиргашта ошкор гардид.
Зикр гашт, ки солҳои охир ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳамоҳанг сохтани фаъолият дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар  густариш ёфтанд.
Рустам Назаров ба саволи хабарнигорон «Оё гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ ҳоло ҳам мавҷуданд ва роҳбарони ин гурӯҳҳо киҳо мебошанд?» посух дод, ки «Тибқи маълумоти маркази таҳлилӣ ва қисмҳои зудамали мо имрӯз чунин гурӯҳҳо 12- тоанд ва бар зидди онҳо мо пайваста чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ мегузаронем. Ҳайати ин гурӯҳҳоро ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Далелҳое мавҷуданд, ки роҳбарии ин гурӯҳҳоро шахсони ҳуқуқиву мансабдор бар дӯш доранд  ва барои рафъи ин  зуҳурот амалиётҳои муштарак ба роҳ монда шудаанд».

Шаҳнози ҚУРБОН


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед