| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Аквапарк бунёд мегардад
Маъруф Сайфиев, муовини раиси шаҳри Душанбе, дар нишасти матбуотӣ оид ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахт сухан ронда, гуфт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли сипаришуда ба 507,3 миллион сомонӣ расид, ки назар ба соли 2008 беш аз 20 миллион сомонӣ зиёд аст. Гарчанд як қатор корхонаҳо аз нав таҷҳизонида шуда, бо технологияи муосир истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро ба роҳ монда бошанд ҳам, тӯли чанд соли охир тавозуни савдои хориҷӣ чи дар ҷумҳурӣ ва чи дар шаҳри Душанбе манфист. Агар содирот ҳамагӣ 6 фоиз бошад, пас воридот 94 фоизро ташкил медиҳад.
Назар ба гуфти ӯ дар аввали соли гузашта 150 автобус ва 75 троллейбус, ҳамчунин барои тоза кардан ва кашондани партовҳо 48 адад техника харидорӣ гардид. Ғайр аз ин ҷиҳати беҳбуд ва такмили системаи тозагии шаҳр мувофиқи он лоиҳае, ки соли 2008 бо маблағгузории Бонки аврупоии рушд ба имзо расида буд, ду ширкати хориҷӣ ба кор шурӯъ кард ва дар марҳилаи оянда коркарди партовҳо ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин зикр гардид, ки барои бунёд ва ба итмом расондани Аквапарк 9 ширкати довталаб ҷиҳати иштирок дар тендер ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод кардаанд, ки айни замон мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дорад. Интизор меравад, ки Аквапарк дар арафаи 20- солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешавад.
М. САФАР
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|