menu Бахшҳо
menu Президенти ҶТ
menu Ҳуҷҷатҳо
menu Ҷаласаҳо
menu "Ҷумҳурият"
 

ҳуқуқ

Қонуни авф пеш аз мӯҳлат татбиқ гашт

Ҳанӯз 3 ноябри соли 2009 ба муносибати 15-умин солгарди Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бузургдошти Соли Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит аз тарафи Президенти кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» ба имзо расида буд. Пас аз ин иқдоми башардӯстона ва хайрхоҳонаи Сарвари давлат дар Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ бо иштироки сардорони муассисаҳои корҳои ислоҳӣ, тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, шӯъбаҳои махсуси РКИ ва намояндагони ниҳодҳои масъули татбиқи  қонуни мазкур- Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ ва прокурор доир ба назорати муассисаҳои корҳои ислоҳӣ ҷаласа баргузор гардид. Иззатулло Шарифов, муовини вазир- сардори Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ҳар як моддаи қонунро шарҳу тафсир дод. Бо пешниҳоди ӯ Ситоди раёсат таъсис  гашт  ва  барои татбиқи қонун ба ҳар як муассисаи корҳои ислоҳӣ мутахассисони варзида ва ботаҷриба мутасаддӣ таъйин гардиданд. Онҳо ҳар даҳрӯза аз рафти иҷрои қонуни авф ба ситоди раёсат гузориш пешниҳод мекарданд, ки дар натиҷа он бе ягон қонуншиканӣ пеш аз мӯҳлат ба иҷро расида, ба беш аз 10 ҳазор маҳбус татбиқ ёфт.
Аз ҷумла, 2178 нафар аз муассисаҳои корҳои ислоҳӣ, 406 нафар аз тавқифгоҳҳои тафтишотӣ, 2677 нафар аз нозироти корҳои ислоҳӣ, 1145 нафар аз муассисаҳои сукунатӣ озод шуд. Ҳамчунин мӯҳлати адои ҷазои 4036 нафар маҳкумшуда кам гардид. Аз теъдоди умумӣ 299 зан, 42 ноболиғ, 35 маъюб ва аз 55-сола боло 60 нафарро ташкил медиҳад.
Тибқи қонуни авф 280 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ҳамчунин шаҳрвандони кишварҳои Африқои Ҷанубӣ ва Филиппин озод гардида, ба ватани хеш баргаштанд.

М. САБУРОВ,
муовини сардори Раёсати корҳои
ислоҳии Вазорати адлия


Баёни ақида (0)

07.09.2010


Наврӯз ҷашни байналмилалии кишварҳои узви САҲА эълон шуд

Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт

Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид

Таҷрибаи эстониҳоро омӯхтанд

7 корхонаи хишт ба кор даромад

«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад

Тафсилоти таркиш дар Хуҷанд

Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?

Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод

Молдова: раъйпурсии ноком

Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард

Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон

Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд

04.09.2010


Ҳомиди Карзай: дар пайи ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд

Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд

Ҷоиза муборак!

Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр

Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд

Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ

Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият

Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид

Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт

Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?

Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ

Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест

Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд

02.09.2010


Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд

Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд

Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд

Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад

Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!

Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд

Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010

31.08.2010


Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед