Хабарҳо
Роҳандозии Барномаи мубориза бо дарсгурезӣ дар Гурҷистон
REGNUM. Бино ба маълумоти ЮНИСЕФ, дар Гурҷистон 12 ҳазор кӯдак ба мактаб намеравад.
Аз ин хотир, дар мамлакат барномаи дусола бо мақсади ба мактаб ҷалб намудани чунин кӯдакон ва беҳсозии натоиҷи таълим амалӣ мешавад. Якҷоя бо Бунёди кӯдакони СММ шарики лоиҳа дар Гурҷистон Булғористон ба ҳисоб меравад.
Аз вазорати маорифи кишвар хабар доданд, ки барномаи мазкур дар марҳилаи якум дар 15 мактаб ва 6 маркази рӯзона ҷорӣ карда мешавад. Агар лоиҳа бобарор анҷом ёбад, барномаҳои таълимии «шонси дуюм» дар ҳама макотиби Гурҷистон мавриди татбиқ қарор мегиранд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1195