logo

Хабарҳо

Медали биринҷии Сомон аз Ҷопон

Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков (73 килограмм) дар мусобиқаи “Osaka Grand Slam 2019” сазовори медали биринҷӣ гардид.
Бино ба маълумоти Федератсияи байналмилалии дзюдо, Сомон дар даври аввал озод буд. Дар даврҳои дуюму сеюм Бенҷамин Аксус (Франсия) ва Евгений Прокопчукро (Россия) шикаст дод. Дар  чорякниҳоӣ бошад, аз се карат қаҳрамони ҷаҳон Масаши Эбинума (Ҷопон) мағлуб гашт. Баъдан, дар даври тасаллобахш бар дзюдочии Қазоқистон Жансай Смагулов зафар ёфта, барои ба даст овардани медали биринҷӣ Арата Татсукаваро (Ҷопон) мағлуб намуд.

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН - 2019. «Истиқлол» муваффақ шуд
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон – 2019 миёни дастаҳои «Истиқлол» ва «Регар - ТадАЗ» баргузор шуд.
Вақти асосии бозӣ  бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. 30 дақиқаи иловагӣ низ ғолибро муайян накард. Ниҳоят, дар силсилазарбаҳои 11 - метра футболбозони «Истиқлол» бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуда, маротибаи ҳаштум дар таърихи хеш ба гирифтани Ҷоми кишвар даст ёфтанд.

БОКС. Медали 6 - уми Баҳодур аз мусобиқаҳои байналмилалӣ
Муштзани маъруфи кишвар Баҳодур Усмонов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотираи Шокир Болтеулу дар Қазоқистон соҳиби медали тилло шуд.
Мусобиқа бо иштироки беш аз 70 варзишгари Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия, Россия ва Ӯзбекистон дар шаҳри Актау баргузор шуд.
Баҳодур то финал бар Темирлан Кенирбаев, Бағдат Увайдаев, Зокир Сафиуллин ғалаба карда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Эртуган Зайнулиновро (ҳама аз Қазоқистон) шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки ин медали шашуми Баҳодур Усмонов дар соли 2019 мебошад. Ӯ соли равон чемпиони Осиё шуда, дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ боз 3 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварда буд.

ГӮШТӢ. Мақоми аввали паҳлавони навраси тоҷик дар Чин
Паҳлавонони навраси кишвар дар Чемпионати Осиё оид ба гӯштии тарзи озод ва юнонӣ - римӣ (Тайпей, Чин) миёни наврасони то 15 - сола се медал (тилло ва 2 биринҷӣ) ба даст оварданд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дар гӯштии тарзи юнонӣ - римӣ Ислом Толибов ҷои аввалро ишғол намуд.
Медалҳои биринҷиро бошад, Насимҷон Турдибеков (юнонӣ - римӣ) ва Муҳаммадамин Абдуллоев (тарзи озод) ба даст оварданд.
Маҳмуд БАҲРОМ,  шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1320

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед