| Бахшҳо |
| Президенти ҶТ |
| Ҳуҷҷатҳо |
| Ҷаласаҳо |
| "Ҷумҳурият" |
иҷтимоиёт
Ванҷ: ғамхории Ҳукумат осебдидагони зилзиларо рӯҳбаланд сохт
Дар замоне, ки дар чорсӯи Ванҷ субҳи содиқ фаро мерасид ва нахустин зарраҳои хуршед дар баландиҳои кӯҳсорони Султонқавӣ падидор мегардиданд, замин такон хӯрд. Дашту даман, саҳрою пуштаҳо, соҳилҳои дарёбодҳои Ванҷоб ва Язгулом чунон ба ларзиш омаданд, ки мардуми саҳархез дар чанд сонияи аввал чизеро нафаҳмид ва зору музтар монд. Кӯҳҳои бовиқор ва устувор низ ба ларзиш даромаданд, кӯҳпораҳои азим аз синаҳои кӯҳсори баланд канда шуданд. Кӯҳи бузурги Султонқавӣ, ки дар болои рустои Гишхон қарор дорад, кафида, садоҳои бадвоҳима мебаровард. Кӣ дидааст, ки сароғози моҳи январ аз кӯҳу пуштаҳо даҳҳо тарма фаромада бошад, дар вусъаттободи барфистонҳо чангу хок тайи қариб як соат ба осмон баромада, деҳаҳои соҳилҳои Ванҷоб-Ускроғ, Роғ, Искад ва Рохарву Гишхон зери пардаи ғафси чангу хок нопадид гашта бошанд. Ҳамаи ин ҳодисоти табиат, асари заминларзаи шадиде буд, ки субҳи 2 январи соли 2010 дар ноҳияи Ванҷ ба вуқӯъ омад. Ва ҳоло ҳам замин сабук меларзад, аммо одамон ба он одат кардаанд.
Иқбол Субаддоров, яке аз куҳансолтарин сокини ноҳияи Ванҷ, ки умраш қариб ба сад мерасад, ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки дар умри хеш чунин заминларзаи сахт ва ваҳмангезро надидааст. Танҳо як садои бадвоҳимаи ин ҳодисаи табиат қалбҳоро ба дард овард. Ба бахти баланди бошандагони Ванҷ ба ҷони одамон осебе нарасид. Хонаву дари мардум, боғу роғи онҳо, иншоотҳои гуногун, роҳу пулҳо, хатҳои алоқа ва барқ, хуллас, ҳамаи оқибатҳои харобиовари ин заминларза бартараф мегарданд. Мардуми осебдидаю ғамзадаро рӯзҳои шодиву хурсандӣ дар пеш аст, зеро Президенти ғамхор, Ҳукумати дилсӯз дорем.
Амрихудои Дамдор, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ванҷ, иброз дошт, ки бар асари офати табиат беш аз 1280 манзили зист, роҳу пул, иншооти гуногуни иҷтимоӣ, мактабҳо, муассисаҳои фарҳангӣ ва табобатӣ сахт зарар диданд. Дар хонаҳои истиқоматии аз заминларза осебдида қариб 10100 нафар зиндагӣ мекард. Айни замон дар 60 манзили истиқоматӣ зиндагӣ кардан аз имкон берун аст. Зиёда аз 220 хонаю дари мардум аз 50 то 70 фоиз ва боқимонда аз 5 то 49 фоиз осеб дидаанд. Вусъати аз ҳама зиёди ларзиши замин дар деҳаҳои Гишхон, Роғ, Ускроғ, Искад, Рохарв, Убари Даргоб, Андарбак ва Жамаги, ҷамоатҳои деҳоти Ванҷ ва Язгулом ҳис карда шуд. Зеро аз рӯи иттилои кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Пажӯҳишгоҳи зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази зилзила маҳз дар миёни кӯҳсорони болои ҳамин рустоҳо воқеъ буд.
Аз соатҳои нахустини сар задани заминларза бо супориши Сарвари давлат гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар Оқил Оқилов ба маҳалли аз шиддати заминларза сахт осебдидаи ноҳия омад. Дар ситоди ҳолатҳои фавқулода вазифаҳо муайян шуданд. Ҳамон шабу рӯзҳо Қодири Қосим, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Иброҳимбек Розибеков, муовини аввали раиси вилоят, ду маротиба бо мардум дидору гуфтугӯ карданд. Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Кумитаи вилоятии ниҳоди мазкур, инчунин гурӯҳҳои корӣ ба осебдидагони заминларза ёрии амалӣ расонданд. Дар рӯзи сеюми заминларза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври фаврӣ беш аз 30 тонна маводи ғизоӣ ба ноҳияи Ванҷ фиристода шуд.
Ба гуфти Ҷангӣ Беков, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, сокинони ноҳияи Ванҷ ғамхории Ҳукумати Тоҷикистонро дар ҳаққашон ҳар лаҳза эҳсос мекунанд. Дастурҳои ба мақомоти дахлдор додаи Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, дар мавриди бо манзили зисти муваққатӣ таъмин намудани зарардидагон, дар ҷойҳои бехавф сохтани манзилу деҳаҳои нав, расондани ёрии моддию маънавӣ ба онҳо кулли сокинони ноҳияро рӯҳбаланд сохт.
Давлатбибӣ Раҷабова, муовини аввали раиси ноҳия, иброз дошт, ки вазъи минтақаҳои аз заминларза осебдидаи ноҳия дар маркази таваҷҷӯҳи Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Мардуми зарардида аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ пурра таъмин мебошанд. Дар ҷойҳои бехавф 160 хайма гузошта, хати интиқоли барқ кашида шуд. Шурӯъ аз миёнаҳои моҳи феврал дар мавзеи Сурхсангов, дар канори шоҳроҳи Хоруғ - Дарвоз - Кӯлоб шаҳрчаи аҳолинишин бунёд мегардад. Ҳоло лоиҳаи он омода гардидааст. Дар ин мавзеъ 104 манзили истиқоматии ҳозиразамон, бинои мактаб, дармонгоҳ, дӯкону мағозаҳо сохта мешаванд. Бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин шуда раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» 40 тонна семент барои бунёди ин шаҳрак интиқол дод.
Амрихудои Дамдор, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия, аз ҳимматбаландӣ ва ҳисси ватандӯстии мардуми Ванҷ нақл карда гуфт, ки дар рӯзҳои баъди заминларза касе дар фикри он набуд, ки мардуми аз офати табиат сахт осебдидаи Ванҷ дар хариди саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун фаъолона ширкат меварзанд. Вале онҳо моҳи январ ба маблағи беш аз 850 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Роғунро харидорӣ карданд, ки ин иқдом дар радифи ҳимматбаландӣ ва дастгириашон аз сиёсати Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
«Ҷумҳурият»
Дар маркази дилхушӣ таркиш
ба амал омад
Хабарҳои охирин
07.09.2010
Наврӯз ҷашни байналмилалии
кишварҳои узви САҲА эълон шуд
Душанбе: 15 иншоот мавриди истифода қарор гирифт
Барномаи ҷаҳонии озуқа: лоиҳаи нав роҳандозӣ гардид
7 корхонаи хишт ба кор даромад
«Шашболоӣ» 200 оиларо бо барқ таъмин мекунад
Медведев дар Қазоқистон. Кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?
Президенти Афғонистон шӯрои гуфтугузор бо толибонро созмон дод
Гурӯҳи баскҳо - ЭТА оштӣ эълон кард
Тағйири шеваи ҷангии Амрико дар Афғонистон
Чилӣ: кӯҳканҳо як моҳ боз дар зери заминанд
04.09.2010
Ҳомиди Карзай: дар пайи
ҳамлаи ҳавоии НАТО сокинони осоишта қурбон шуданд
Ҳамкориҳо бо НАТО роҳандозӣ мешаванд
Ёриҳои хайрияи идона дар остонаи иди сайиди Фитр
Робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон густариш меёбанд
Ҷоизаи омӯзгори собиқадор Нозима Камолова – хонаи истиқоматӣ
Бӯрёкӯбон дар остонаи ҷашни Истиқлолият
Ҷоми футболи Тоҷикистон – 2010: даври нимниҳоӣ расид
Таркиш дар Хуҷанд: 25 нафар захм бардошт
Ҳадаф аз сафари Медведев ба Боку чист?
Шоҳроҳи Пекин – Тибет: 120 километр танбаи Автомобилӣ
Назарсанҷӣ: ба бисёре аз русиягиҳо дин даркор нест
Рӯзи вохӯрии нави Аббосу Нетаняҳу муқаррар шуд
02.09.2010
Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо
Афғонистон ва НАТО баррасӣ гардиданд
Корхонаҳои семент ба истифодаи ангишт мегузаранд
Аз 10 сентябр пулҳои нав ба муомилот мебароянд
Хати “Хуҷанд – Айнӣ” водии Зарафшонро бо барқ таъмин месозад
Салом, мактаб! Марҳабо, соли нави таҳсил!
Дарҳои театрҳо ба рӯи тамошобинон боз шуданд
Варзишгари тоҷик – барандаи Ҷоми қаҳрамони мутлақи ҷаҳон - 2010
31.08.2010
Гурӯҳи ҷинояткори фаромиллӣ. Кофтуков давом дорад
| Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед |
|---|