logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

«КӮДАКЕ БАЙНИ ДУ ЛОШАХӮР»
Дар журналистикаи хориҷӣ як таъкид ҳамеша вирди забон аст: «Журналист агар бубинад, ки хонае дар коми оташ асту кӯдаке дохили он месӯзад, бояд аввал онро ба навор ё акс бигирад. Зеро аз дидани чунин манзараи даҳшатнок ҳазорҳо одамон ибрат мегиранд ва дар оянда аз сӯхтор пешгирӣ мекунанд».
Мухбири суратгир Кевин Картер, зодаи Африқои Ҷанубӣ, ба ҳамин қоида риоя кард, ки қиссааш чунин аст.
Соли 1993 дар кишвари Судон қашшоқиву гуруснагӣ ҳукмфармо буд. Дар яке аз рустоҳои хурди он мурдаҳо рӯи замин мехуфтанд. Байни онҳо кӯдаке сиёҳпӯст бо тани лоғар хӯрдание меҷуст. Дар осмон лошахӯре чашми ҳирс ба тифл дӯхта буд ва бовар дошт, ки дер ё зуд мемирад. Кевин Картер аз дур истода лоқайдона ин манзараро аксбардорӣ кард. Ҳадафи ӯ шояд нишон додани беҳуқуқиву хории тифлакони бегуноҳ буд, аммо ба масъала вокуниши нодуруст нишон дод. 
Кӯдак баъди хазиданҳо аз беҳолӣ сар ба замин гузошт. Лошахӯр бо гумони он, ки тифл мурдааст, чангол ба китофони ӯ гузошта, ба осмонаш бурд. Воқен, аксҳои ин фоҷиа шуҳрати оламшумул ёфта, номи рӯзноманигорро машҳури давр кард. Барои аксҳо ҷоизаи Пулитсерро низ соҳиб шуд.
Аммо дере нагузашта, рӯҳан бемор гардид ва дар ҳоли беҳушӣ даст ба худкушӣ зад. Суоли пеш аз марги ӯ, ки борҳо шоҳидон шунидаанд, ин будааст: «Кӯдак чӣ шуда бошад?». Минбаъд акс чунин ном гирифт: «Кӯдаке байни ду лошахӯр».
Ин саргузашти талх ишора ба он мекунад, ки аз ҳама касбу кору пеша арзиши инсон баландтар ва муқаддасу муқаддамтар меистад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.
Масъалаҳои шавқовар барои ҳозирҷавобон
1. Бузургиеро номбар кунед, ки дар зиндагии инсон ва табиат нақши муҳимро бозида, ягон лаҳза таваққуф намекунад?
2. Аз шахсе пурсиданд: «Шумо чандсолаед?» «Хеле бисёр», - ҷавоб дод ӯ. Ман аз баъзе хешу таборони худ 600 маротиба калон ҳастам. Ин мумкин аст магар?
3. Аз чаҳор ва шашто рақами 9 адади 100 ҳосил кунед?
4. Чӣ тавр амали таҳрро иҷро накарда, адади 98-ро 12 воҳид кам кардан мумкин аст?
5. Фоизи ададҳо ҳисоб карда шавад?
а) 33 - % адади 33 - ёфта шавад.
б) Ададеро ёбед, ки 33 - % ба 33 - баробар бошад. 

Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА 

Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


ГАР ДИҲӢ БО ДАСТИ ХУД ХУРМОИ ТАР
Сарватманде аз рафиқаш пурсид: «Чаро мардум маро ба ҳарисӣ маломат мекунанд, вақте медонанд, ки ман дороиямро барои корҳои хайру эҳсон ва манфиатбахш васият кардаам».
Рафиқ дар ҷавоб мегӯяд: «Мехоҳам ҳикояеро, бароят қисса кунам:
- Боре хук ба гов шикоят мекунад, ки одамон доим аз некӣ ва чашмони пурмеҳри ту сухан мегӯянд. Албатта, ту ба онҳо ширу равған медиҳӣ, аммо ман ҳам чизи зиёд медиҳам: ҳасиб, рону пӯсту …  Ба ин нигоҳ накарда он қадар дӯстам намедоранд. Чаро?
Гов ҷавоб дод: «Шояд барои он бошад, ки ман дороиямро замони зинда буданам медиҳаму ту баъди маргат».
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


САБАҚИ ЗИНДОН
Доктор Виктор Франкл ягона касе буд, ки тавонист аз зиндони Освентс им, воқеъ дар Лаҳистон, ки ҳамчун қатлгоҳ ва макони одамсӯзӣ маъруф буд, фирор кунад. Ӯ дар номае барои муаллимони саросари дунё чунин навишта буд: «Чашмони ман ҳодисаҳоеро диданд, ки бештар аз даҳшат буданд. Пизишкони қасамхӯрдаеро дидам, ки кӯдакони бегуноҳро бепарвоёна заҳролуд мекарданд. Ҳамшираҳои кордонеро вохӯрдам, ки бо як сӯзандору одамро ба ҳалокат мерасонданд. Касони маълумоти олидошта инсонҳои бегуноҳро дар оташ месӯзонданд.  Аз шумо хоҳиш мекунам, талош варзед, то пеш аз он ки аз шогирдонатон табиб ё муҳандис тайёр мекунед, аз онҳо як инсони комил бисозед, то рӯзе ба ҷонварони ваҳшӣ  табдил наёбанд. Табиб ё муҳандис шудан кори чандон душворе нест ва ҳар касе метавонад баъди чанд соли талош ба он даст ёбад, аммо ба шогирдони худ биомӯзед, ки беҳтарин ва бузургтарин сарвати онҳо одамияти онҳост».
Таҳияи Нигина РАҲМОН


«ХУНИ ТИЛЛОӢ»
ДАР БОРАИ ИНСОНЕ, КИ  БА 2 МИЛЛИОН КӮДАК ХУН ДОДААСТ
Ҷеймс Ҳаррисони австралиягӣ бо номи "Инсони дорои хуни тиллоӣ" ё "Инсоне бо дасти тиллоӣ" машҳур аст. Дар 14 - солагӣ  ҷарроҳии ҷиддии қафаси синаро аз сар гузаронд.  Ҳини ҷарроҳӣ хуни донорӣ лозим шуд. Пас аз амалиёт ӯ се моҳ дар беморхона буд. Бо дарки он ки хуни хайрия ҷонашро наҷот додааст, ваъда дод, ки аз 18 - солагӣ ба супурдани хун шурӯъ мекунад.
Ҳаррисон аз соли 1954 ба супурдани хун шурӯъ кард. Дере нагузашта маълум шуд, ки хуни Харрисон ҳамон қадар беназир будааст, ки ҷони ӯ ба  як миллион доллар суғурта шуд. Дар асоси плазмаи хуни ӯ хунобае тартиб дода шудааст, ки инкишофи антителҳоро дар хуни зани ҳомила ва ба ин васила зардпарвини гемолитикии навзодонро пешгирӣ мекунад. Ҳаррисон плазмаи худро муддати 57 сол хайр кард. Соли 2011 ӯ хунашро бори ҳазорум супурд, ки рекорди ҷаҳонӣ аст. То соли 2015 тамоми доруҳои зиддирезусӣ дар Австралия аз плазмаи Ҳаррисон тартиб шуда буданд. Моҳи майи соли 2018 бори охир хун супурд.
Дар ин муддат плазмаи Ҳаррисон ба ҳаёти беш аз ду миллион кӯдаки навзод, аз ҷумла набераи худаш,  кумак кард.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ДИОГЕН
Роҳгузаре сари кӯча Диогенро дид, ки дасти тамаъ сӯи ҳайкал дароз дошт.
- Магар ин метавонад ба шумо чизе дода бошад?- мепурсад ҳайратзада.
- Не, албатта, ман худамро одат кунонда истодаам, ки дар зиндагӣ на ҳар хоҳиш иҷро мешавад,- посух медиҳад файласуф.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ


ҚУ
Яке аз парандаҳои зебову боназокат, ки  бо қади аз ҳама баланд дар байни парандаҳои азимҷусса фарқ мекунад, қу аст. Қадаш то ба 2 метр расида, вазнаш то 17 килограммро ташкил медиҳад. Андозаи болҳояш васеъ буда, вақти паркушоӣ то ба 2 метр мерасад.  
Лонаашро дар обанборҳои аз рустаниҳо бой ва ё  анбӯҳи буттазорон мегузорад, то ки худро аз душманон ҳифз кунад. Ин паранда зуд - зуд  иқомагоҳашро дигар ва барои ёфтани ҷои нав то 1000 километр масофаро тай мекунад. Баъди пайдо кардани ҷуфти худ то вопасин нафас бо вай ба сар мебарад. Одати деринааш он аст, ки дар ҷои бо маҳбубааш вохӯрда ҷон медиҳад.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА


НОДИРТАРИН  ҲАЙВОНҲОИ  ДУНЁ
5. БУЛБУЛ КАКАПО
Какапо ягона парандаест, ки дар натиҷаи эволютсия имкони парвоз карданро аз даст додааст. Он дар баландии 25 - 30 метр лона мегузорад. Қисми зиёди  рӯзро дар лонааш гузаронда, шабона ба шикор мебарояд. Давомнокии умраш то 90 сол аст. Аз рӯи ҳисоби экологҳо саршумори онҳо ба 100 мерасад.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЭДИСОН
- Телеграфро кӣ ихтироъ кард?,- пурсиданд аз кашшофи охири асри нуздаҳ ва аввали асри бисти Амрико Томас Эдисон.
- Ман! – бо ифтихор посух дод ӯ.
- Шояд ҳамин тавр бошад, вале дар матбуот навиштаанд, ки дар атрофи Этрурияи Рим симҳои мисин пайдо кардаанд ва олимон тахмин мезананд, ки ин ҷо ҳанӯз аввали солҳои 1800-ум телеграф вуҷуд доштааст.
- Ин сафсата аст, - эътироз мекунад Эдисон. – Масалан, бостоншиносон дар назди Берлин умуман ноқил наёфтанд, вале ин маънои онро надорад, ки олмониҳои қадим, аллакай, алоқаи бесимро медонистанд.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ


ЧОРШАНБЕ АЛОВАТОВ ВА ДАСТАИ РАҚСИИ «ПАДИДА» БА ДАВРИ НИҲОИИ «GRAND FINAL» ГУЗАШТАНД
Намояндагони Тоҷикистон - сарояндаи ҷавону боистеъдод Чоршанбе Аловатов ва дастаи рақсии «Падида» дар озмуни бонуфузи «Сentral Asia Got Talent» ба даври ниҳоӣ, яъне «Grand Final», гузаштанд.
Аъзои ҳакамон бовар доштанд, ки ҷавони хушсадои душанбегӣ ҳамагонро боз ба ҳайрат меорад. Чунин ҳам шуд. Барномаи омодакардаи Чоршанбе ҷолибу диданӣ буд. «Вот это вокал!», «Судьи в шоке!», «Талант от Бога» - гӯён   мухлисон ба ҳунарнамоии ҷавони соҳибистеъдод баҳо додаанд.
Акнун онҳоро давраи ниҳоии озмун, ки моҳи декабр ҷамъбаст мегардад, интизор аст. Чоршанбе Аловатов ва «Падида»  ба он омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.       
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК


НОБИНОВУ НОШУНАВО, АММО АЗ ҲАМА ДОНО
Ҳелен Келлер дар дусолагӣ ба бемории махмалак  гирифтор шуда, аз биноӣ ва шунавоӣ маҳрум гашт. Аммо бо кӯшишу ғайрати беандозаи худ ва дастгирии омӯзгораш Энн Саливан чизеро аз худ мекунад, ки назираш дар олам кам аст. Вай метавонист аз рӯйи ҷунбиши лабҳо сухани гӯяндаро фаҳмад. Ҳатто бо истифода аз методи Брайл бо чанд забон хондану навиштанро низ омӯхт. Соли 1904 донишгоҳи Редклиффро бо баҳои аъло хатм намуда, миёни маъюбон аввалин касе  шуд, ки соҳиби маълумоти олӣ гаштааст. Пасон, Ҳелен ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул мешавад. Ӯ ҳуқуқи шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдудро ҳимоя карда, ба корҳои эҷодӣ низ машғул буд. Ҳамин саъю талоши пайваста  ва иродаи мустаҳкам Ҳелен Келлерро сазовори мукофоти олии ИМА – «Медали президент барои озодӣ» гардонд.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН


Чанд амали аҷиби  дучархасаворони даниягӣ
6. Кашондани ҷиҳози ғайриодӣ бо велосипед
Гуфтан мумкин аст, ки дучарха дар хонадони даниягиҳо ягона воситаи нақлиёт ба ҳисоб меравад. Сокинони кишвар ба велосипед он қадар одат кардаанд, ки бо он ҳар чи хоҳанд – роҳаткурсӣ, қуттиҳои бузург, одамон ва ғайраро, интиқол медиҳанд.
Даниягиҳо кашондани ҳама гуна молу ашёро тавассути дучарха имконпазир медонанд.
Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ, тарҷума аз русӣ


Китобҳое, ки боиси таҳаввулоти тафаккури инсон гардидаанд
Мэрилин Монро ва «Улисс»
-Тамоми муваффақиятҳои ман маҳз бо мутолиаи китоб пайвастагӣ дорад, - мегӯяд ҳунарпеша ва сарояндаи маъруфи амрикоӣ Мерлин Монро. Аксе, ки ҳар бинандаро мафтун кардааст, ҳамонест, ки Монро саргарми мутолиаи китоби «Улисс» - и Ҷеймс Ҷойс аст. Суратгир Ева Арнолд ёдовар шуда буд: «Ман зуд – зуд барои суратгирии ин зебосанам меравам  ва ҳамеша ӯро саргарми мутолиа мебинам. Маҳз асари Ҷойс  дар боғоҷи мошинаш нигоҳ дошта мешавад. Ин ҳунарпешаи муваффақ хондани китобро бо садои баланд дӯст медорад».
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


СУЛФА
10 ҚАБУРҒАРО ШИКАСТ
Ҳангоми хуруҷи сулфа даҳ қабурғаи сокини музофоти Чжесзяни Чин шикастааст.
Духтари 20 - сола бемории диққи нафас дошт ва шабҳо аз хуруҷи сулфа азият мекашид. Ӯ ба назди духтур рафта шикоят кард, ки тарафи чапи сандуқи синааш дарди ҷонкоҳ дорад. Баъди рентген маълум шуд, ки аз шиддати сулфа даҳ қабурғааш шикастааст. Таҳқиқ нишон дод, ки аз ниҳоят кам будани калтсий ва фосфор дар хун ва норасоии витамини D устухонҳои духтар зудшикан шудаанд.
Аз русӣ тарҷумаи Хуршеди ҶОВИД


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Гарри КАСПАРОВ
Чемпиони сездаҳуми  ҷаҳон ( 1985 – 2000). Намояндаи СССР.
Ситораи Гарри Каспаров дар уфуқи шатранҷ ибтидои солҳои 80-уми асри XX бармаҳал дурахшид. Соли 1981 ҷавонтарин чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд. Сипас, давраи муқобилияти як ба яки вай бо Карпов  оғоз гардид ва, ниҳоят, соли 1985 Каспаров тоҷи чемпиониро ба сар гузошт. Ҷавонтарин чемпиони ҷаҳон ба шумор меравад.
Қариб 20 сол Каспаров байни шоҳмотбозон рейтинги баландтарин дошт ва он 2850 бандро дар бар мегирифт, ки дар он замон рақами астрономӣ ба ҳисоб мерафт.
Нуқтаи назари ба сари хеш мустақилонаи Каспаров ба мусобиқаҳо нақши худро бозид ва бо ФИДЕ нофаҳмиҳоро ба миён овард. Дар натиҷаи кашмакашиҳо ва ба як хулосаи амиқ наомадан, Каспаров бо Найҷел Шорт соли 1993 ташкилоти алтернативӣ – Ассотсиатсияи шоҳмотбозони касбӣ (АШК, русиаш ПША) - ро созмон дод, ки он соли 1996 барҳам хӯрд, зеро сарпарастон аз  маблағгузории он даст кашиданд. 
Солҳои охир Гарри Кимович аз шатранҷбозии фаъол дур шуд.
Каспаров, бешубҳа, яке аз шоҳмотбозони бузурги дунёст. Ӯро аз дигарон муҳраронии фаъолона, алалхусус услуби шиддатноки бозӣ, омодагии фавқулода дар дебют, аниқ ба ҳисоб гирифтани вариантҳои мухталиф аз дигарон як сари гардан боло бардоштаанд. Бино ба ақидаи аксари коршиносон, Гарри Каспаров забардасттарин шоҳмотбози тамоми давру замонҳо мебошад.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


Пулҳои афсонавӣ
11. Пули иблис дар ҷануби Булғористон
Дар ҷануби Булғористон пули сангин - яке аз шоистатарин иншооти ин кишвар, ки боиси таваҷҷуҳи миллионҳо сайёҳ гаштааст, ҷой гирифтааст. Ин пули қадимаест, ки дар асри  XVI  дар масофаи 10 километр дуртар аз шаҳри Ардино сохта шудааст. Тибқи ривоятҳо гӯё  шайтон дар рафти сохтмон дар болои пул гоҳе сайр мекардаасту дар яке аз сангҳои таркиби пул, пайи пойи иблис мондааст. Аз ҳамин ҷост ин номи муаммоӣ.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


ВАСИЯТНОМАИ АҶИБ
Баъд аз даргузашти як миллионер васиятномаи ӯро ёфтанд, ки бисёр аҷиб буд. Ӯ ҳама дороиашро ба ному насаби се бонуе гузаронда рафтааст, ки ба сарватманд заррае робита надоштанд.
Аммо аз матни васиятнома ҳадафи миллионер рӯшан шуд. Дар он омада буд: «Сипосгузорам аз 3 бонуе, ки вақти ҷавонӣ хостгорони маро рад карда, бо ман издивоҷ нанамуданд. Сабаб пеш оварданд, ки камбағалам. Ба шарофати эшон худро сӯхтаву гудохта, ин ҳама сарват ва шуҳратро соҳиб шудам».
Таҳияи  Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ҲУКМИ АҶИБ
Як суди олмонӣ модари ҷавонеро ҳукм намуд, ки ҳар моҳ дар ҳаҷми 3,40 марка ба собиқ кордиҳандааш маблағ супорад. Ҳаҷми ҷарима 965 маркаро ташкил медод ва ҷавонзан маҷбур буд, ки онро дар тӯли 18 сол пурра пардозад. Ин зани 27 – сола пештар дар мағозаи фурӯши молҳои барқӣ фаъолият мебурд ва 5 сол пеш аз кор рафта буд. Вале дар натиҷаи бемасъулиятии ширкат ӯ боз 3 моҳ маош гирифтааст. Ширкати миллионер аз суд талаб намудааст, ки барои рӯёндани маоши бесабаб гирифтаи бону мусоидат намояд. Суд талаби ширкатро боадолатона ҳисобид. Ҳамин тавр, зан муваззаф шуд, ки ҳар моҳ ба ҳисоби ширкат маблағи муайяннамудаи судро интиқол диҳад.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
5. Заврақ бо муҳаррики реактивӣ
Суръати рекордиро дар болои об 8 октябри соли 1978  Кен Уорб гузоштааст. Заврақи чӯбини ӯ ба воситаи муҳаррики реактивии Westingjouse j34 (асосан дар тайёраҳои бомбаандоз истифода мешавад) ба ҳаракат медарояд. Заврақи мавсуф суръаташро то 511 км/соат расонд, ки ин натиҷаи рекордӣ маҳсуб шуда, зиёда аз 40 сол аст, ки дар сархати рейтинг қарор дорад.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.11.2019    №: 226    Мутолиа карданд: 1137

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед