logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ВОХӮРИИ ДУЮМИ МАШВАРАТИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

29 ноябр дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ширкат доштанд.
Сарони давлатҳо аҳамияти вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ - техникӣ ва фарҳангӣ - гуманитариро, баррасӣ карданд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баланди вохӯрӣ изҳори сипос намуданд.
-Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад, - иброз доштанд Сарвари давлат.
Таъкид гардид, ки натиҷаи машварати созанда бори дигар мавқеи наздики давлатҳоро оид ба таъмиқи ҳамгироии минтақавӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардумони кишварҳо муайян менамояд.
Президенти мамлакат соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои оби минтақаро аз самтҳои муҳими ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб намуданд.
Дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин, масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дастури корӣ оид ба ташкили вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.
Дар охири вохӯрӣ раисӣ дар Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бо таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020, ба Тоҷикистон вогузор шуд. Дар зимн, сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расонданд. Бо ин қарор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Раиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интихоб шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.11.2019    №: 227    Мутолиа карданд: 417
28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН ДАР МАДДИ АВВАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед