Хабарҳо
Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд
Спутник. Дар пойтахти Қирғизистон дар қароргоҳи давлатии «Ала-Арча» ҳамоиши сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор гашт.
Дар он президентҳои Беларус, Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Сарвазири Арманистон ширкат доштанд. Дар ҷаласа 15 санад ба тасвиб расид. Аз ҷумла, лоиҳаи қарор доир ба масоили сарҳади Афғонистону Тоҷикистон ва татбиқи стратегияи зиддитеррористии СММ.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, котиби Шӯрои амнияти Беларус Станислав Зас ба вазифаи котиби генералии ниҳод тасдиқ карда шуд. Соли равон раисии СААД - ро Қирғизистон ба зимма дошт. Соли 2020 ба он Россия сарварӣ мекунад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 884