logo

ҳуқуқ

КӮДАК ВАҚТЕ ҲУҚУҚҲОИ ХУДРО МЕДОНАД

Тибқи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018 – 2020 таъмини ҳуқуқи кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир яке  аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ мегардад. Соли равон дар доираи амалӣ намудани стратегияи мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар як қатор муассисаҳои тиббӣ, томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ ва будубоши доимии кӯдакон мониторингҳо  гузаронда шуданд.
Ин нуктаро Раҷабмо Ҳаби-буллозода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баргузории мизи мудаввар бахшида ба таҷлили 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак, Рӯзи байналмилалии маъюбон ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон, ки дар он намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), раисон, котибони комиссияҳои маҳаллии ҳуқуқи кӯдак, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рӯзноманигорони ватанӣ  ширкат доштанд, баён кард.
- Ба муносибати 30 – солагии қабули Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак 20 – 21 ноябр дар пойтахи кишвар Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Душанбе – шаҳри имконоти рушди кӯдакон» доир гардид. Мақсад аз он пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид барои инкишоф, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои кор бо кӯдак, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас буд, - гуфт Раҷабмо Ҳабибуллозода
Салоҳиддин Шамсиддинов, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), иброз дошт, ки макони беҳтарин барои кӯдак ин оилаи солим аст. Ҳаст мавридҳое, ки кӯдакон бо назардошти имкониятҳо ба муассисаҳои будубоши доимӣ равон карда мешаванд. Хушбахтона, тибқи омор дар Тоҷикистон шумораи кӯдакони дар будубоши доимӣ қарордошта рӯ ба камшавӣ аст. Инчунин, шумораи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рӯ ба афзоиш аст.
- Соли дуюм аст, ки амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018 – 2020 идома дорад ва дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати муайян намудани вазъи дастрасии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта ба таҳсил дар соли 2019 аз ҷониби гурӯҳи кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар 4 муассисаи томактабӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнон, Ҷалолиддини Балхӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Рашт ва Лахш мониторингҳо гузаронда шуданд. Дар онҳо намояндагони Вазорати маориф ва илм ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ташкилотҳои ҷамъиятии «Ассотсиатсияи волидони кӯдакони дорои маъюбият», «Рушди инклюзия» ва «Ҳаёт дар оила» низ иштирок доштанд, - гуфт Аҳад Содиқов, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон.
Ба ақидаи ӯ, натиҷаҳои мони-торингҳои гузарондашуда нишон медиҳанд, ки дар муассисаҳои номбаршуда ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, асосан, риоя карда мешаванд ва роҳбарияти ин муассисаҳо ҷиҳати пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак пайваста саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ҳамзамон, дар баробари дастовардҳо дар муассисаҳои мониторингшуда баъзе мушкиливу норасоиҳо, аз қабили мувофиқат накардани инфрасохтори дохилӣ ва атрофи муассисаҳо ба эҳтиёҷоти кӯдакони дорои маъюбият, мизу курсиҳои фарсудашуда дар синфхонаҳо, ба шабакаи умумишаҳрии гармидиҳӣ пайваст набудан, аз меъёри муқарраршуда зиёд будани теъдоди хонандагон дар синфхонаҳо, таъмирталаб будани толору майдончаҳои варзишӣ, ба талаботи санитарию гигиенӣ мувофиқ набудани ҳоҷатхонаҳои мактабӣ, бо хати оби нӯшокӣ пайваст нашудани муассисаи таълимӣ ба назар мерасад.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.12.2019    №: 230    Мутолиа карданд: 1214
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед