logo

иҷтимоиёт

ХУДШИНОСӢ - САРЧАШМАИ ХИРАДМАНДИСТ

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2018 омадааст: “Мо, пеш аз ҳама, ба инкишофи зинаи таҳсилоти томактабӣ диққати ҷиддӣ дода, барои рушди қобилияти зеҳнии кӯдакон шароити мусоид фароҳам созем”. Воқеан, ҳар миллате, ки насли наврасро ба ҳоли худаш ҳавола карда, нисбат ба онҳо беаҳамиятӣ зоҳир менамояд, ба нестӣ маҳкум аст. Инчунин, ҳар миллате, ки насли наврасро ба оғӯши фарҳанги бегона медиҳад, аз асолати худ маҳрум мегардад. Яъне, диққати махсус ба наврасон таваҷҷуҳ ба ояндаи Ватан, ба ояндаи насли худшиноси миллат аст.

Дар ҷомеаи мо масъалаи дар рӯҳияи  худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон зиёд таъкид мешавад ва метавон гуфт, ки он яке аз бахшҳои муҳими маънавиёти ҷомеаи мо гардидааст. Ба назари мо, худшиносӣ аз наврасӣ бояд сар шавад. Аз ҳамон ҷое, ки кӯдакон ба пурсидан, кунҷковона мароқ зоҳир кардан шурӯъ месозанд. Кунҷковӣ, тавре ки медонем, дар табиати кӯдакон нуҳуфта аст. Онҳо ҳар тағйироту дигаргуниеро, ки дар гирду атрофашон ба амал меоянд, донистан мехоҳанд. Барои ҳамин бо як қатор саволҳо ба нафарони аз худ калон, хусусан волидонашон муроҷиат мекунанд. Масалан, мепурсанд: «Ман чӣ гуна ба дунё омадам?», «Маро бисёр дӯст медорӣ ё додарамро?», «Барои чӣ мошин ҳаракат мекунад?», «Об аз куҷо меояд?» ва ғайра.
Бовар дорам, ки ҳар падару модар ё амаку хола ба чунин саволгузории кӯдакон рӯ ба рӯ шудаацнд. Волидон ва ҳар нафари дигар, ки кӯдакон ба ин монанд саволҳоро аз онҳо мепурсанд, бояд бо тамкину мулоҳиза ва оқилона ҷавоб диҳанд. Ҷавоби қонеъкунанда додан ба кунҷковии кӯдакон боис мегардад, ки онҳо огоҳ, доно ва муҳим аз ҳама худшинос ба камол расанд. Бале, худшиносие, ки ҳамаи мо зиёд мехоҳем фарзандонамон дар рӯҳияи он тарбия гиранд, маҳз дар айёми наврасӣ аз кунҷковиҳои онҳо оғоз меёбад. 
Ҳар як саволеро, ки майнаи кӯдаконро машғул медорад, бояд дуруст ва қаноатбахш шарҳ дод. Барои ин, албатта, волидон бояд бо дониши мукаммал мусаллаҳ бошанду тавонанд ба кунҷковии фарзандонашон сари вақт посухи мусбат диҳанд.
Мутаассифона, ҷомеа аз ҷавононе, ки ҷаҳонбинии танг, маънавиёти хароб ва фаҳмишҳои кӯр - кӯронаву тақлидӣ доранд, орӣ нест. Ин ҷавонон, бешак, як замон наврас будаву як силсила саволҳо дар сар доштанд. Кунҷковии кӯдаконаи онҳо бисёр маврид беҷавоб мондааст, ки имрӯз фаҳмиш ва шуурнокиашон ташаккул наёфта, дар доираи маҳдуд боқӣ мондааст.
Пас, барои он ки ҷавонони ояндаи миллат соҳиби тафаккуру андешаи солим, ҷаҳонбинии васеъ ва маънавиёти бой гарданд, бояд аз наврасӣ ба худшиносии онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Зеро гуфтаанд: “Худшиносӣ - сарчашмаи хирадмандист”.

Ахтар ЁДГОРОВА,
омӯзгори муассисаи таҳсилоти
миёнаи умумии № 24, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.12.2019    №: 234    Мутолиа карданд: 306
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед