logo

иҷтимоиёт

МАСТЧОҲ. БУНЁДИ БОЗ ЯК МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲОТ

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи «40 - солагии Дилварзин» - и Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳия маркази саломатии замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими ба истифода додани марказ Саида Умарзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд ва Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ, иштирок намуда, ба кори бинокорон баҳои баланд доданд.
Ғайрат Азиззода зикр намуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора таъкид карданд: «Мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким мебахшем».
Рустам Рустамзода, роҳбари дастгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, дар суҳбат ба хабарнигори «Ҷумҳурият» гуфт, ки маркази тиббӣ  дар доираи татбиқи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизмати тиббӣ» бо сарфи 1 миллиону 165 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дорои дафтари доругузаронӣ, ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, ёрирасон, хатна, муоинаи бонувон, таҳлилгоҳ ва сабтгоҳ мебошад ва барои хизматрасонии тиббӣ ба 4 ҳазору 500 нафар пешбинӣ шудааст. Ин иншоот бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, ки маблағи умумии онҳо беш аз 260 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, муҷаҳҳаз гардидааст.
Айни ҳол дар марказ 3 табиб, 6 корманди миёна ва 2 корманди хурди тиббӣ барои ҳифзи саломатии мардум фаъолият менамоянд.
- Ин бунёдкориҳо аз як тараф симои шаҳру ноҳияҳоро дигаргун намоянд, аз ҷониби дигар ба беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунанд, - гуфт Рустам Рустамзода.

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2019    №: 235    Мутолиа карданд: 553
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед