иҷтимоиёт
ЧАШМИ ЧОРИ "ЧИЛУЧОРЧАШМА"
Ҷавоб ба матлаби «Чашми чори «Чилучорчашма», ки 10 октябри соли равон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият», № 191 (23794) нашр шудааст.
Матлаби «Чашми чори «Чилучорчашма» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифт. Тавре таъкид гардид, айни замон проблемаву монеаҳои мавҷудаи бахши сайёҳии кишвар, аз ҷумла масъалаҳое, ки дар мақола инъикос ёфтаанд ва дар ҳақиқат, ҷой доранд, зимни татбиқи нақшаву чорабиниҳои кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷалби бахши хусусӣ ва шарикони рушд зина ба зина ҳал ва бартараф шуда истодаанд.
Айни ҳол кумита бо ҷонибҳои ҳавасманд, аз ҷумла ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, дар самти мутобиқгардонии иншооту маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳамкориҳоро тақвият бахшида истодааст. Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманди мутақобила бо Бонки ҷаҳонӣ чор мавзеи таърихию сайёҳии ҷумҳурӣ – «Чилучорчашма», ёдгориҳои таърихии «Хоҷа Машҳад», «Ҳулбук» - и вилояти Хатлон ва қалъаи «Ямчун» - и ВМКБ бозсозӣ карда мешаванд. Ҳадаф аз ин амал суръат бахшидани рушди сайёҳӣ ва деҳот, аз ҷумла навсозии роҳҳои назди ин ёдгориҳои таърихӣ, гузоштани навиштаҷоти таблиғӣ бо се забон, бунёди хонаҳои қабули сайёҳон, меҳмонхонаҳои хурд ва ба роҳ мондани хизматрасониҳои дигари муосир ба сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар заминаи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд дар даромадгоҳи шаҳру ноҳияҳо ва назди ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ насб кардани зиёда аз 60 лавҳаю ишора ва харитаҳои сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст. Дизайн ва матни ишораву лавҳаҳои сайёҳӣ, ки барои меҳмонону сайёҳони ташрифоварда маълумоти зарурӣ медиҳанд, ба наздикӣ насб карда мешаванд.
Муносибат бо сайёҳон масъалаест, ки кумита ба он таваҷҷуҳи хосса дорад. Ин масъала пайваста дар вохӯрӣ бо масъулон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда мешаванд.
Дар самти омода кардани роҳбаладони касбӣ аз ҷониби кумита, тибқи нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда, бо ҷалби коршиносони ватанию байналмилалӣ, хусусан дар ҳамкорӣ бо Академияи сайёҳии Анталияи Туркия, дар охирҳои моҳи декабри соли равон курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил гардида, роҳбаладони маҳаллӣ дар ду марҳила ба бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Пешниҳодҳое, ки дар мақолаи мазкур оварда шудаанд, аз назари масъулони соҳа дур нестанд, аз ҷумла сохтмони иншооти хизматрасонии ба меъёрҳои байналмилалии санитарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ. Итминон дорем, ки проблемаю масъалаҳои дар матлаб матраҳгардида дар доираи татбиқи лоиҳаи таҷдиди мавзеи таърихию табиии «Чилучорчашма» пурра ҳаллу фасл мешаванд.
Нӯъмон АБДУҒАФФОРЗОДА,
раиси Кумитаи рушди
сайёҳии назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.12.2019 №: 238 Мутолиа карданд: 338