logo

иҷтимоиёт

СУРУДИ МИЛЛӢ СУРУДИ САДОҚАТ, САОДАТ ВА САРФАРОЗӢ

Вақте аз оғоз ба олами маънавие, ки дар таркиби ҳар вожаву сатру банди Суруди миллӣ қарор гирифта, хоҳ аз роҳи сурудан ва хоҳ аз роҳи шунидан ворид мешавем, вуҷуди моро эҳсоси саршор аз муҳаббат ва иродат ба ин сарзамини муқаддасу азиз, ки номаш Тоҷикистон аст, фаро мегирад.

Суруди миллӣ барои мо сабақи таърихи гузаштаи пурифтихорро меомӯзад, то бо эҳсоси баланди ватандорӣ бидонем ва ин ҳақиқатро бишносем, ки аз дурии замонаҳо расидаем, то ба зери Парчами Тоҷикистон боз ҳам саф кашида, даст рӯи сина аз замири қалб бо садоқат, эҳсоси саодат ва шарафи бузург нидо барорем:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Танини оҳанги ҷаззоби Суруди миллӣ ва сурудану шунидани матни он боз ҳам ба мо дарси хештаншиносӣ ва худогоҳӣ, нангу номуси ватандорӣ медиҳад, то ба дарки ин ҳақиқати таърихӣ бирасем, ки воқеан Тоҷикистони азизи мо нишонае аз умедҳои гузаштагони мост, ки ҳазорсолаҳо дар орзуи расидан ба мақоми соҳибдавлатӣ ва истиқлоли миллӣ буданд. Ин саодат, бахту иқбол пас аз ҳузури мунаввари Сомониён имрӯз насиби мо гардидааст ва бояд ҳар лаҳзаву ҳар соат барои ин шарафи бузург шукргузорӣ намоем, дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини якпорчагии Тоҷикистони озоди худ талош варзем. Мо рисолати онро дорем, ки бояд ин саодати ҷовидонаи Тоҷикистони азизамонро ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.
Суруди миллист, ки моро итминону бовар мебахшад ба бехазонии навбаҳори Тоҷикистони азиз, ки аз дирӯз ба имрӯз ва аз имрӯз ба фардо шукӯҳу азаматаш дар пешорӯи таърих ва анҷумани кишварҳои олам афзун мегардад. Эътиқоди моро ба саодати парвариш ва камол ёфтан дар домани Ватани азиз, ки худ мазраи вафодорӣ ва садоқат аст, боз ҳам меафзояд, то ба зери Парчамаш боз ҳам саф ороем ва даст ба рӯи сина бигзорему дуо кунем:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Суруди миллӣ моро ҳидоят мекунад, ки аз қаъри қалбҳои хеш бо эҳсоси баланди ватандорӣ садо баланд кунем, ки Тоҷикистони азизи мо, ту модари ягонаи мо ҳастӣ, ки бақову ҷовидонагият саодат ва бақои хонадони тамоми мардуми кишвар ва маромат мароми ҷисму ҷони мост.  Ҳузури равшану мунаввари Тоҷикистони азиз дар харитаи сиёсии ҷаҳон аст, ки моро саодате бузург ато мекунад ва вуҷуди мубораки ин тахтгоҳи ориёву Оли Сомон ҳамакнун боис шудааст, ки ҷаҳон моро шиносад, дӯст дорад ва ҳабибу анису рафиқи мо гардад.  Дарки ҳамин саодат ва кашфи ин рози иқболи баланди соҳибдавлатӣ, ки умеди миллионҳо рафтагони мо буд, боз ҳам моро ҳидоят мекунад, то аз ҷой бархезем ва ба зери Парчами давлатии Тоҷикистони азиз саф кашида, даст ба рӯи қалбҳои саршор аз муҳаббати Ватан, ин хоку оби муқаддас гузорему боз ҳам бо ҳамовозиву ҳамдилӣ садо баланд кунем:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!
Ба ҳақиқат зеботарину шевотарини сурудҳои миллӣ - Суруди миллии Тоҷикистони азизи мост, ки аз ҳар вожаву таркибу банди он садои сарфарозӣ, садоқат, саодати бузург, ифтихори ватандорӣ  баланд шуда, ҷонҳоро навозишу  эҳсоси дӯст доштани ин сарзамини муқаддасро бамаротиб афзун мекунад.
Пас, биёед аз иқдоми маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хотири дӯст доштани ин сарзамини муқаддасу азиз истиқбол намуда, ҳар субҳи толибилмонро бо ҳамин садои муҳаббат оғоз бахшем. То ҳар лаҳзаву ҳар саодату ҳар рӯз ишқи Ватан дар ниҳоди ояндасозон бузург шавад. Чи ҳиссиёти тафсирнопазир моро фаро хоҳад гирифт, вақте тамоми Тоҷикистони азизро ҳар субҳ садои Суруди миллӣ фаро мегирад. Бигзор садои ин суруд, ки башорати саодати абадӣ, нишоне аз умеди рафтагони мост ва паёми ҷовидонаи Тоҷикистони азиз аст, то бекаронаҳо танинандоз бошад ва ҳар субҳ кабӯтари дуои наслҳои имрӯзи мо дар осмонҳо парафшон:
Зинда бош, эй Ватан,
Тоҷикистони озоди ман!

Нуралӣ НУРЗОД, номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2019    №: 238    Мутолиа карданд: 514
21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед