logo

иҷтимоиёт

АЗ БАҲРОМ ФИРӮЗ ЁД КАРДАНД

Дар “Маркази фарҳанг” - и шаҳри Хуҷанд нишасти навбатии маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан” бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Баҳром Фирӯз бо иштироки дӯстону ҳамкорон, пайвандону шогирдон ва мухлисони адиб баргузор шуд.

Маҳфилро Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки руҷӯъ намудан ба зиндагӣ ва осори ибратбахши олимону адибон, санъаткорону ҳунармандон дарси ибрат барои ҷавонони имрӯза аст, то дарк кунанд, ки хидмати холис ба илм, таърих, адабиёт ва мардум ҳамеша қадр мешавад ва инсони эҷодкору офаранда дар ҳама давру замон мавриди иззату икром қарор хоҳад дошт. «Баҳром Фирӯз, - илова кард ӯ, - аз адибони номварест, ки дар адабиёти муосир мақому манзалати хоса дорад».
Доктори илмҳои филология, профессор Матлубаи Мирзоюнус оид ба осори манзуми адиб, муҳтавои онҳо ва ҷанбаи ҳунарии суханвар изҳори назар карда, ба  осори насрии нависанда баҳои баланд дод. Профессори Дошишгоҳи миллии Тоҷикистон Умар Сафар перомуни осори Баҳром Фирӯз кори тадқиқотӣ анҷом дода, китоби хешро бо номи "Торикравшани шинохт" бо пешгуфтори академик Муҳаммадюсуф Имомзода "Зодани мард..." ба нашр расонд. Дар китоб чанд шеър ва осори мансури нависанда низ ҷой дода шудааст. Умар Сафар дар маърӯзаи худ оид ба романи "Ғафлатзадагон" - и адиб, ки инъикосгари воқеаҳои солҳои 30 – 60 - уми қарни гузашта дар ноҳияҳои Самарқанди шӯравӣ мебошад, инчунин, ҳаёти сахти аҳли деҳ, зиндагии бенавоёнаю пурмашаққати деҳқонон, беҳуқуқии рустоиён, муносибати байниҳамдигарии табақоти иҷтимоӣ, суиистифода аз қудрату мансаб, беқонунӣ ва адами шинохти инсон бо назардошти ҳақиқати воқеӣ ва таърихӣ, ибрози назар намуд.
Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона аз шахсияти нотакрори адиби соҳибназар Баҳром Фирӯз ёд карда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки сиришти нек ва ҷавҳари поки ин нависанда ба қалами ӯ бетаъсир нест.
Осори арзишманди нависанда Баҳром Фирӯз муаррифгари ҷаҳони ботинии ӯст, ки ба ниҳоди хонандагон таъсири нек хоҳад гузошт.                     
З. КАРИМОВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.12.2019    №: 238    Мутолиа карданд: 287
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед