Хабарҳо
БАТР ба Тоҷикистон дар безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивӣ ёрӣ мерасонад
REGNUM. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаеро тасдиқ намуданд, ки соли гузашта Ҳукумати кишвар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба имзо расонда буданд.
Ин санад истифодаи 33,1 миллион евро маблағи грантиро барои безарарсозии партовгоҳҳои радиоактивии «Деҳмой» ва «Табошар» - и вилояти Суғд дар назар дорад.
Тибқи маълумоти вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода, дар ҳудуди мамлакат айни замон беш аз даҳ партовгоҳ мавҷуд аст, ки 55 миллион тонна партови радиоактивӣ дорад. Ба гуфтаи вазир, БАТР хайрия ҷамъ меорад ва чун маблағи барои татбиқи лоиҳа зарурӣ ҳосил шуд, кори безарарсозии партовгоҳҳо оғоз меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1694