logo

иҷтимоиёт

ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ХУШДИЛОН

Дар деҳаи дурдасти Хушдилони ноҳияи Данғара маркази нави саломатӣ сохта ба истифода дода шуд, ки он имкон дорад ба 3 ҳазор аҳолии деҳоти Лоҳур хизмати тиббӣ расонад.

Тавре Давлат Қурбонов, роҳбари муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, иброз дошт, бунёди иншооти тиббӣ дар деҳкадаҳои дурдаст хеле муҳиму саривақтӣ буда, мардумро аз рафтан ба маркази ноҳия ё дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, инчунин, ташвишу харҷи зиёдатӣ раҳо мебахшад.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва солимии аҳолӣ пайваста тадбирҳои муҳим меандешад. Бо ин мақсад ҳамасола дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даҳҳо маркази нави саломатӣ ва бунгоҳи тиббии муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосири соҳа мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта,  сифати хизматрасонӣ рӯз ба рӯз беҳтар карда мешавад. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкории Роҳбари давлат, соҳибкорони саховатпеша ва баору номуси ноҳияи Данғара баҳри корҳои ободониву созандагӣ даст кушода, то имрӯз дар деҳоти Себистон, Пушинг, Сангтӯда, Исмат Шарифов, Оқсу, Лоҳур, Корез ва Лолазор зиёда аз 20 иншооти нави тиббӣ бунёд намуданд.
Бино ба иттилои Давлат Қурбонов, ҳоло дар ҳудуди ноҳия 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 22 маркази деҳотӣ ва 35 бунгоҳи тиббӣ мавҷуд буда, муассисаҳои тиббии деҳаҳои дурдаст, ки дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, яъне дар вагону мактабҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир буданд, ба биноҳои тозабунёд кӯчонда шуданд. Дар муассисаҳои тиббӣ 67 нафар табиби дорои маълумоти олӣ ва 465 нафар ҳамшираи шафқат ба 147 ҳазор аҳолии ноҳия хизмати тиббӣ мерасонанд.
Ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ҷалби соҳибкорони меҳандӯсти маҳаллӣ ва дигар шарикони рушд эъмори боз 4 маркази саломатӣ бо сатҳу сифати баланд идома дорад.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.12.2019    №: 239    Мутолиа карданд: 307
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед