иҷтимоиёт
СУҒД. ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ҶИЛАВГИРӢ АЗ ТАЪСИРИ АФКОРИ БЕГОНА
Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони тағйирёбанда ҷавононро зарур аст, ки ҷиҳати амалӣ намудани иқдомҳои давлату Ҳукумат дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муттаҳид гардида, барои ҳифзу ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ва таҳкими ваҳдату суботи ҷомеа бо хониши хубу аъло, рафтори намунавӣ ва зиракии сиёсӣ саҳми хешро гузоранд.
Ин нуктаро Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, зимни як мулоқот бо ҷавонони фаъоли вилоят, ки 16 декабр дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, баён намуд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар суҳбати раиси вилоят бо ҷавонони фаъол экстремизм ва терроризм ҳамчун таҳдид ба ҳаёти осоишта маҳкум гардида, роҳҳои таҳкими мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби замон баррасӣ шуданд. Қабл аз оғози чорабинӣ садҳо нафар ҷавонони фаъоли вилоят раҳпаймоӣ карда, муқовимати хешро алайҳи ин зуҳуроти нанговар нишон доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки мақсади асосӣ аз ташкили чорабинӣ ҷалби бештари таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба тақвияти мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷомеаи имрӯз, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда ва қотеона маҳкум намудани зуҳуроти хатаровари терроризм ва экстремизм мебошад. Раиси вилоят бо ёдоварӣ аз саҳм ва нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа таъкид кард, ки дар ҳар Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи муқовимат ба терроризм ва экстремизм ишора мешавад, ки мо бояд ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлатро дар ин самт сармашқи кори хеш қарор диҳем.
Дар мулоқот зикр гардид, ки решаҳои терроризм ва экстремизм аз гузаштаҳои дури таърих маншаъ гирифта, аз давраҳои қадим, одамони алоҳида ва гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабӣ бо роҳи гумроҳ намудани ашхоси камсаводу сустирода ва таъсир расондан ба андешаю афкори аҳли ҷомеа мақсадҳои худро амалӣ карданӣ мешуданд. Дар марҳилаи ҳозира низ амалҳои террористӣ сабаби ҳалокати одамони бегуноҳ мегарданд ва онҳо хусусияти сиёсиро ба худ гирифтаанд.
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷавонони фаъоли вилоят даъват намуд, ки нисбат ба тақдири ҳамсолони хеш бепарво набошанд ва барои ҷилавгирӣ аз таъсири афкори бегона, мубориза бо терроризму экстремизм, пешгирии доман густурдани ғояҳои ифротии ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон манъшуда, тарғиби ақидаҳои солим, андеша ва тафаккури миллӣ талош варзанд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2019 №: 240 Мутолиа карданд: 232