logo

иҷтимоиёт

ХАТЛОН. СОЛИМИИ ҶОМЕА ДАР МАДДИ АВВАЛ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зикри масъалаҳои барои давлат ва мардуми мо мубрам, инчунин, дар бораи камбуди инфрасохторӣ дар деҳот, сифати хизматрасонии тиббӣ, фурӯши дорувории бесифат, даст задани табибон ба амалҳои коррупсионӣ ва дигар масоилро ба таври амиқу дақиқ ба риштаи таҳлил кашиданд. Бо дарки ин нозукиҳои соҳа мутахассисони мо дар асоси таҳлилҳо ва вазифагузориҳои раҳнамунсози Сарвари давлат нақшаи чорабиниҳо таҳия карда, мудом мекӯшанд, ки фаъолияти худро мувофиқи талаботи замон беҳтар ва боз ҳам фарогир ба роҳ монанд.
Феълан, дар ҳудуди вилояти Хатлон зиёда аз 690 дорухона, 7 корхонаи истеҳсоли маводи доруворӣ, коркарди ширинбия, гиёҳҳои шифобахш ва заҳри мор, 140 муассисаи тиббӣ ба таври пурсамар фаъолият доранд. Ҷиҳати татбиқи нуктаҳои Паём ва, ҳамзамон, иҷрои ҳадафи чоруми Ҳукумати ҷумҳурӣ, яъне саноаткунонии босуръат бо соҳибкорони соҳаи фармасевтӣ якчанд суҳбату вохӯрӣ гузаронда шуд. Дар натиҷа, дар деҳаи Шайдои ноҳияи Данғара як корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш бо 20 ҷойи кори доимӣ ва айнан чунин иншоот дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон бо фароҳамсозии 50 ҷойи кори мавсимӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳоло соҳибкорон пахтаи тиббиро аз ширкати «Фармтекс» - и ноҳияи Данғара, ки бисёр анвои маҳсулоти аълосифати тиббӣ истеҳсол мекунад, дастрас менамоянд. Корхонаи мазкур ёздаҳ моҳ ба маблағи 680 ҳазор сомонӣ пахтаи тиббӣ фурӯхтааст.
Аз ҷониби ҳама корхонаҳои истеҳсолкунандаи маводи фаъоли биологӣ ба хориҷи кишвар ба маблағи 57 0426 13 сомонӣ иловаҳои фаъоли биологӣ содирот шуд. Ба вилоят ба андозаи 11 182 878 сомонӣ маводи доруворӣ, молҳои таъйиноти тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ворид гашт.
Бобати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 126 муассисаи тандурустӣ санҷишҳои нақшавию ғайринақшавӣ ва такрорӣ сурат гирифт, бо мақсади рафъи камбудиҳо нисбат ба 50 корманди соҳаи тандурустӣ муҷозоти маъмурӣ, барои муносиб набудан ба вазифа нисбат ба ҳафт роҳбар, баҳри андешидани чораҳои интизомӣ, нисбат ба 55 корманд, барои бознигарии дараҷаи тахассусии ду нафар ба унвонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод ирсол гардид. Фаъолияти ду муассиса то замони бартарафсозии ноҷӯриҳо боз дошта шуд.
Дар ёздаҳ моҳ шахсони воқеию ҳуқуқӣ 34 маротиба оид ба ҳолатҳои гуногун ба мутасаддиёни сарраёсати хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ба тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва телефонӣ арз карданд, ки ҳама баррасӣ гардида, чораҳо андешида шуданд. Чунончи, А. Назаров, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, аз муносибати нодурусти табиби навзодон М. Абдураҳимова шикоят кард. Баъд аз таҳлили ҳамаҷониба бо қарори комиссияи одобу ахлоқи муошират табиб муҷозоти интизомӣ гирифт. Т. Ҳафизова, сокини ноҳияи Шаҳритуз, аз ҷараёни нодурусти ҳуҷҷатгузорӣ ва бақайдгирии шаҳрвандон аз ҷониби сарвари маркази тибби оилавӣ Г. Элмирзоева изҳори норизоӣ кард. Бо дастрасии моддаи 110 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси масъул ба маблағи 1 ҳазору 100 сомонӣ ҷарима шуд. Маъмурияти идораи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба табиб Р. Останақулов, муовини сартабиб оид ба корҳои табобатӣ М. Иззатов ва ҳамшираи минтақавӣ З. Раҷабова бо сабаби роҳ додан ба камбудиҳо муҷозоти интизомӣ таъйин кард. Ш. Сафарова, сокини ноҳияи Кӯшониён, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ оид ба мувофиқ набудани гурӯҳи маъюбии фарзандаш арз карда буд. Пас аз таҳлили тахассусӣ гурӯҳи маъюбӣ тағйир дода шуд. Шикояти Х. Муҳаммадзода, сокини ноҳияи Ҷайҳун, оид ба иҷро нагардидани талаботи стандартҳои миллӣ дар раванди валодат, сари вақт баҳогузорӣ накардани ҳолати зани ҳомила, интиқол надодани вай ба муассисаи тиббию профилактикии сатҳи болоӣ, паст будани савияи дониш ва надонистани аворизҳои хавфи баланд ҳангоми валодат санҷида шуда, ба сартабиби сохтори госпиталии ноҳияи Ҷайҳун доир ба муҷозоти интизомии момодояҳо Н. Нишонова ва У. Хоҷамқулова пешниҳод ирсол гашт. Н. Раҷабзода, сокини шаҳри Бохтар, аз кори Ш. Абдуллоев, дандонпизишки ҳуҷраи хусусии стоматологӣ, ҳангоми шинондани дандонҳои сунъӣ аз металли қиматбаҳо шикоят оварда буд. Баъд аз таҳлилу баррасӣ дандонпизишк муваззаф гардид, ки зарари моддии шаҳрвандро ҷуброн кунад.
Пешвои миллат бо мақсади пурзӯрсозии ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта ниҳодҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки дар ҳалли ин масъала беҳтар фаъолият баранд. Зимни санҷишҳо дар шаҳру навоҳии минтақаи Бохтар бо назардошти дастури мазкур аз муассисаҳои фармасевтӣ, мағозаҳои фурӯши маводи ороишию гигиенӣ ва муассисаҳои табобатӣ 971 номгӯй ё худ 143 ҳазору 450 адад маводи доруворӣ, молҳои таъйиноти тиббӣ, ороишию гигиении муҳлати истифодаашон гузашта ва бидуни сертификати мутобиқат аз муомилот гирифта шуданд.
Дар маҷмӯъ, 9 ҳазору 386 килограмм маҳсулоти пастсифату ғайристандартӣ ба коми оташ рафт. Шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки ба қонуншиканӣ роҳ доданд, 267 ҳазору 740 сомонӣ ҷарима пардохтанд.

Маҳмадҷон АБДУЛҚОДИРЗОДА,
сардори сарраёсати хадамоти
назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи
иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 252
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед