иҷтимоиёт
ДӮСТОНИ ФАРЗАНДОНИ МО КИҲОЯНД?
Масъалаи ахлоқ аз масъалаҳоест, ки бояд ҳамеша дар маркази диққати мо – омӯзгорону волидон қарор дошта бошад. Агар он дуруст дарк нагардад ва ҳамчунон, ҳал нашавад, бешак, ҳама заҳматҳоямонро беҳосил месозад. Инчунин, тамоми саъю кӯшишамон ба об дар ҳован кӯфтан мемонад.
Хонандае, ки ахлоқи нек надошта бошад, донишаш дар рӯзгораш ба нафъи худ ва ҷомеа ба кор намеояд. Пешрафтҳо ба суръати кайҳонӣ, тавре мушоҳида мешавад, гоҳе латма бар ахлоқи миллӣ мезананд. Пас, бояд ин равандро хуб бишносему тадбирҳои заруриро андешида битавонем. Ҷойи таассуф хоҳад буд, агар дар банди ин гирдоб бимонему роҳи раҳо ё худ наҷотро наёбем.
Ба ин масъала камтар аз волидон бо мо ва мактаб иртибот барқарор мекунанд ва аз чигунагии ахлоқи фарзандонашон огаҳӣ пайдо менамоянд.
Волидайн, ҳамчунин, бояд бидонанд, ки ҷигаргӯшагонашон бо киҳо риштаи дӯстиро пайвастаанд? Бо кадом меъёрҳо ин оинро риоя мекунанд?
Албатта, посух ҷустану ёфтан ва доимо зери назорат гирифтани фарзанд, ахлоқи ӯ, дӯстонаш кори осон нест. Ранҷу машаққати зиёд дар пай дорад. Аммо мебояд, ки биандешем, оё волидони мо нисбат ба сарнавишти мо, муҳити атрофамон, ахлоқамон магар бетафовут буданд. Не. Ҳаргиз!
Барои ҳалли дурусти масъала ва шинохтани рабт дар ин кор, бешак, зарур аст, ки барномае дошта бошем. Аз рӯи ин барнома бо дӯстону муҳити фарзандонамон ба пуррагӣ ошноӣ пайдо кунем. Аз фарзандонамон бипурсем, ки оё дӯсту дӯстиро шинохтаанд ё ки не. Муносибат дар ин маврид оқилонаву муадабона бошад. Тавре сурат бигирад, ки шуморо чун беҳтарин дӯст ва ғамхор бипазиранд. Дар назар ин саҳлу нолозим менамояд. Агар биандешем, ки дар аксар ҳолат мо барои онҳо шахсони қафомонда, нафароне ҳастем, раванди нави зиндагиро намедонем, бовар ҳосил хоҳем кард, дурри мақсудро аз дастамон рабудаанд. Пас чӣ бояд кард?
Ниёкони бузурги мо таъкид медоштанд, ки оини дӯст гирифтанро дар зиндагӣ аз худ бикунем. Ва ҳам талқинамон менамоянд, ки ногузир бояд дӯст дошта бошем.
Дӯст бояд оқилу доно, сипосгузор ва раҳнамо дар амалҳои хайр бошад.
Аз рӯи таъкиди ниёкон агар дӯсти нав бигирӣ, дӯстони куҳанро набояд аз ёд бибарӣ.
Дӯст бояд айбҳои дӯстро рӯ ба рӯ бигӯяд ва дар ислоҳи онҳо ёрӣ бидиҳад.
Аз шахси ботамаъ бояд бигурезад, ки ӯ дӯстиро нашояд. Чун дар ту пулу молро бубинад, зуд дӯст бишавад, аммо умри ин гуна дӯстӣ ба мавҷудияти пулу мол вобастагӣ дорад.
Дӯстони некро ганҷе бузург донистаанд. Пас, бояд ба ин гуна ганҷ рӯ биёрем.
Дар дӯстӣ садоқат ва устуворӣ амри зарурист. Чун ҳамеша майл ба некӯӣ бикунӣ, бар ту аз ҳамин дарича менигаранд. Яъне, бо кори хайри худ қалби онҳоро салим менамоӣ ва ташвиқашон мекунӣ, ки дӯстӣ на ҳар гуна муомилаву муносибатро мепазирад.
«Битарс аз дӯсте, ки душмани туро дӯст дорад». Ин панд бояд аз ҷониби омӯзгорон ва волидон дуруст шарҳ дода ва фаҳмонда шавад, хосса ҷавобгӯ бо талаботи давр.
Нашинохтани душманони миллат ва онҳоро чун дӯст пазируфтан теша бар решаи худ задан аст. Ҳамин тавр, агар дар тарбияи ахлоқии фарзандон, шинохту интихоби дӯстиву дӯстон бетафовут бошем, асари бади онро ба зудӣ хоҳем дид. Он гоҳ пушаймонӣ ҳеҷ суд надорад ва бояд ба бадбахтиямон худамонро гунаҳгор биҳисобем. Кори тарбия таъхирро намепазирад. Пас, бояд дер накунем ва ҳар рӯзу ҳар соати онро ғанимат бишуморем. Охир мо масъул ҳам ҳастем, ки фарзандонро дуруст тарбия бинамоем, чун ояндаи давлату миллат маҳсуб мешаванд.
Азиза ҒАФУРОВА, омӯзгор, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2019 №: 240 Мутолиа карданд: 199