иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Зарулло Раҳмонов дар соҳаи назарияи аналитикии ададҳо ҳамчун мутахассиси барҷаста машҳур аст. Дастовардҳои илмии мавсуф хеле назаррас буда, ӯ тавонист натиҷаҳои аксар олимони машҳурро умумӣ гардонад.
З. Раҳмонов намояндаи дурахшони мактаби назарияи ададҳо, шогирди математикҳои барҷастаи соҳаи назарияи ададҳо профессорҳо А. А. Каратсуба ва В. Н. Чубариков, соли 1959 ба дунё омадааст.
Ӯ соли 1976 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, дар факултети механикаю математикаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов таҳсилро идома дод ва рисолаи номзадии худро дар мавзӯи “Тақсимшавии характерҳои Дирихле” ҳимоя намуд. Соли 1986 фаъолияти меҳнатиро дар кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, дар ҳамин ҷо рисолаи доктории худро дар мавзӯи “Ададҳои сода ва қиматҳои миёнаи функсияи Чебишев” дифоъ кард. Ҳамзамон, мудири кафедраи мазкур таъйин гардид.
Зарулло Раҳмонов соли 2000 - ум узви вобаста ва соли 2017 академики АИ ҶТ интихоб гардид. Аз соли 1999 роҳбарии Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи илмҳои ҷумҳуриро ба уҳда дорад.
Раҳмоновро ҳамчун сарвари мактаби тоҷикии илмии назарияи аналитикии ададҳо мешиносанд. Корҳои илмии ӯ аз тадқиқоти системаноки функсияҳои арифметикии даврӣ иборат аст, ки солҳои охир аз тарафи математикони машҳур дар асоси онҳо методҳо ва ғояҳои комбинатории ададӣ - назариявӣ ва назариявӣ - функсионалӣ инкишоф ёфтааст.
Аллакай натиҷаи тадқиқоти аввалини З. Раҳмонов дар ҳалли муаммоҳои Ю. В. Линник оид ба ададҳои хурдтарини голдбахӣ дар прогрессияи арифметикӣ саҳми назаррас гузоштааст. Дар ин корҳо ӯ методи машҳури суммаҳои тригонометрии И. М. Виноградовро хеле моҳирона тадбиқ намудааст. Ин амал имкон дод, ки натиҷаҳои М. Ютилла ба таври назаррас аниқтар гарданд.
З. Раҳмонов аввалин маротиба формулаи асимптотикиро барои миқдори ададҳои Харди - Литлвуд дар прогрессияҳои арифметикии кӯтоҳ ҳосил намуд. Мавсуф дорандаи медали ҷашнии “20 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” аст.
Таҳти роҳбарии ӯ 17 нафар рисолаи номзадии хешро бомуваффақият ҳимоя намудааст.
С. ИСМАТОВ, риёзидон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 18.12.2019 №: 240 Мутолиа карданд: 243