logo

иҷтимоиёт

АЗ ВАРЗИКАНДА ТО "СИНДЗИЯН БЕЙСИН". БАРДОШТ АЗ РӮЗГОРИ ТОҶИКБАЧА ИБРОҲИМ ДӮСТАЛИЗОДА

Иброҳим Дӯстализода дар оғӯши деҳаи Варзикандаи шаҳри Панҷакент шеъру суруд хонда, ба воя расид ва ҳаргиз гумон надошт, ки рӯзе пайвандгари дилҳову роҳҳо мешавад. Соли 2013 ҳуҷҷатҳояшро ба факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон супурда, аммо шурӯъ аз соли дуюм таҳсилро ғоибона идома дода, дар як муддати кӯтоҳ забони чиниро мустақилона омӯхт. Ҳоло яке аз мутахассисони варзидаи лабораторияи ширкати байналмилалии роҳу пулсозии «Синдзиян Бейсин» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин аст.
Иброҳим дар баробари он ки масолеҳи сохтмониро ташхис мекунаду сифати маводи сохтмониро месанҷад, инчунин тарҷумони бомаҳорат мебошад. Ӯ ҳамчун мутахассиси болаёқат дар бунёди шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон, ҳалқароҳи сесатҳаи маҳаллаи 82 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ширкати фаъолона дошт. Ҳамин ҳоло шоҳроҳи Душанбе - Бохтар, ки навсозии он идома дорад, маҳали кору фаъолияти ӯст.
- Пас аз маросими ба истифода додани ҳалқароҳи сесатҳаи маҳаллаи 82 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маро ҳисси ифтихор пахш кард. Сарвари давлат дар қатори мутахассисони чинӣ меҳнати масъулону кормандони тоҷикро махсус зикр карданд. Фараҳманд аз он шудам, ки ба ободии диёрам саҳм мегузорам, - изҳор медорад қаҳрамони мо. 
Ёдовар шудан баҷост, ки Иброҳим дар эҷоди шеър низ маҳорати хуб дорад. Ҳоло дар вақтҳои холӣ аз кор бо тарҷумаи ашъори шоирони тоҷик ба забони чинӣ машғул аст ва барои муаррифии бештари фарҳангу адаби мардум тарҷумаҳояшро дар шакли китоб интишор доданист.
Иброҳим марди роҳ аст ва ашъораш ҳам мисли роҳҳо касро ба кӯи мурод мебарад. Роҳ маҳаки фалсафии фаъолияти ӯст. Намунаҳои шеърҳояш дар нашрияҳои даврӣ интишор ёфтаанд. Аз ӯ то имрӯз се маҷмӯаи шеър – «Дуруд, фардо», «Мусиқии нафас» ва «Пайи имдоди гул» ба дасти хонанда расидааст.
Ҳамчунин, маҷмӯаҳои илмӣ - публитсистии ӯ: «Чашмандози фолклори баъзе деҳаҳои Панҷакент», «Тулӯи беғуруб», «Аз пайроҳаи пурхатар то шоҳроҳи бузург» бо завқи табъ ороста шудаанд. Маҷмӯаи «Аз пайроҳаи пурхатар то шоҳроҳи бузург» дар бораи аз буҳрони коммуникатсионӣ раҳидани Тоҷикистон, аҳамияти роҳҳо, шоҳроҳҳо, пулҳо ва ҷоннисориву ранҷҳои шабонарӯзии роҳсозони тоҷику чинӣ нақл мекунад. 
Ин ҷавони ҳушманд забонҳои русӣ ва англисиро низ бисёр хуб медонад ва дар давоми кор ба меҳмонони хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Чин дар бораи имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва масоили марбут ба сохтмон дар Тоҷикистон маълумот медиҳад. Ҳуҷҷатҳои муҳимро тарҷума мекунад ва дар ниҳоят талош меварзад, ки хориҷиён аз кишвар бо таассуроти нек баргашта, баҳри рушди минбаъдаи он ҳавасманд гарданд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2019    №: 240    Мутолиа карданд: 492
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед