Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Gazeta.ru. Президенти Россия Владимир Путин бо ҳамтои франсузаш Эммануэл Макрон зимни гуфтугӯи телефонӣ қазияи Сурияро баррасӣ намуд.
АИР Новости. Президенти Франсия Эммануэл Макрон дар тантанаҳо ба ифтихори 75 - солагии Ғалаба бар фашизм, ки соли оянда дар Москва доир мегарданд, ширкат меварзад, -хабар доданд аз қасри Елисей.
AFP. Ҳукуматдорони Франсия агентии иттилоотии «Bloomberg» - ро барои интишори маълумоти носаҳеҳ аз биржаи Париж, ки боиси уфти қурби саҳмияҳои калонтарин ширкати бинокории кишвар Vinci гардид, ба маблағи Ђ5 миллион ҷарима карданд.
Centralasian.org. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ дирӯз бо сафари расмӣ ба ин кишвар рафт, ки то 20 декабр давом мекунад.
INTERFAX.RU. «Ҳукумати Россия ба Сурия чун ёрии башарӣ 100 ҳазор тонна гандум мефиристад», - гуфт муовини сарвазири ФР Юрий Борисов.
INTERFAX.RU. Россия ва Чин лоиҳаи қарори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро пешниҳод намуданд, ки барои беҳсозии вазъи гуманитарӣ сабуксозии таҳримот нисбат ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Кореяро дар назар дорад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 1620