иҷтимоиёт
ТИБ СОҲАЕ, КИ ҶОМЕА МЕСОЗАД. БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ
Бо вуҷуди таъмин намудани шароити созгор ва бунёду навсозии муассисаҳои тиббию табобатӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, як қатор камбудиҳое ҷой доштанд, ки монеи пешравии соҳа мегаштанд. Баҳри рафъи онҳо чораҳои зарурӣ андешидан ва бартараф кардани мушкилиҳо аз иқдомҳои роҳбарияти нави соҳа гардид. Роҳбарияти беморхонаи марказии ноҳия кӯшиш ба харҷ дода истодааст, то корро маҳз аз бартараф кардани мушкилот оғоз намоянд.
Дар бахши тандурустии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 1 маркази саломатӣ, 20 маркази саломатии деҳот ва 23 бунгоҳи саломатии деҳот иборат мебошад. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия алҳол 162 нафар табибони маълумоти олидор (6 нафар маълумоти олии ғайритиббӣ дорад), 741 нафар кормандони миёна ва 320 нафар кормандони хурди тиббӣ машғули кор мебошанд. Дар байни табибони муассисаҳои КАТС 32 нафар дараҷаи олӣ, 31 нафар дараҷаи якум ва 5 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ доранд. Аз ҳисоби кормандони миёнаи тиббӣ 128 нафар дорои дараҷаи олӣ, 29 дараҷаи якум ва 43 нафар дараҷаи дуюми тахассусӣ мебошанд, ки дар муқоиса ба солҳои гузашта хеле хуб аст.
Айни ҳол бахши бистарикунонии ноҳия, ки аз 10 шуъба (шуъбаҳои таваллуд, ҷарроҳӣ, бемориҳои занона, амрози даруна, бемориҳои асаб, бемориҳои дил, бемориҳои кӯдакона, наҷот, ёрии таъҷилӣ ва ғайра) иборат мебошад, дорои 320 кат аст. Инчунин, 4 беморхонаи минтақавӣ дорои 125 кат, маркази зидди бемориҳои сил 20 кат, дар маҷмӯъ 465 кат мебошанд.
Бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ хуб ба роҳ монда шуда, ба гуфтаи масъулон, айни ҳол таъмири маркази саломатии ноҳиявӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад. Маркази саломатии ноҳиявии Халифаев аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Таги Намак оғоз гардидааст. Сохтмони маркази саломатӣ дар деҳаи ба номи Пушкини деҳоти Қаҳрамон низ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи оғоз мебошад.
Дар муассисаҳои бахши бистарикунонӣ низ як қатор корҳои ободонӣ ба анҷом расонда шуданд. Аз ҷумла, бо дастгирии яке аз соҳибкорони маҳаллӣ бинои шуъбаи таваллуди беморхонаи деҳоти Меҳнатобод аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Ошёнаи якуми шуъбаи ҷарроҳӣ бошад, аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ ба таъмир фаро гирифта шудааст.
Ҳ. Розиқов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳия, дар ин маврид зикр намуд: «Дар назди мо масъулияти бузурге гузошта шудааст. Ҳифзи сиҳатии мардум, ки боигарии асосии давлат аст, аз мо вобаста мебошад. Ҳадафи асосии мо низ хизмат ба халқ аст. Имрӯзҳо тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намудаем, ки онро сифатнок ва сари вақт адо намоем ва боварии халқро сазовор бошем».
Дар муассисаҳои табобатию профилактикии ноҳия мушкилоти ҳалталаб зиёданд. Бавижа оид ба таъмин намудани муассисаҳои соҳа бо мутахассисони соҳибтаҷриба мушкили зиёд доранд. Бастҳои кории шуъбаи тандурустӣ алҳол аз ҳисоби кормандони миёнаи тиббӣ пур карда шудаанд. Дар ноҳия мутахассисони соҳа, аз қабили силшинос, стоматолог, табибони эҳёгар, неонотолог, амрози даруна ва табибони тибби оилавӣ намерасанд. Дар маҷмӯъ, 20 ҳиссаи корӣ мутахассисони маълумоти олидор намерасад. Норасоии сӯзишворӣ (бензин, солярка) дар беморхонаи марказии ноҳия, норасоии маблағ барои пардохти қувваи барқ, таъмирталаб будани шуъбаҳои беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавии деҳот, пурра нарасидани тестҳои оҷилӣ ва истифодаи маводи яккарата аз мушкилоти дигари соҳа ба шумор мераванд.
Ҳамзамон, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Қарағоч ва Бузахонаи деҳоти Чӯбек дар хонаи истиқоматӣ ва вагон, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Чойлобкамари деҳоти Чӯбек, Боғистони деҳоти ба номи Турдиев, Гулистони деҳоти Меҳнатобод ва деҳаи Панҷоби деҳоти Панҷоб дар муассисаҳои таълимӣ ҷойгир буда, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Маслуқ, Чордара ва Қиёнчашмаи деҳоти Чӯбек бино надоранд.
Мо ҳам умед ба он мебандем, ки роҳбарияти нави беморхонаи марказии ноҳия баҳри ҳал намудани камбудиҳои ҷойдошта ва хубу сифатнок ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Х. ИСЛОМ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2019 №: 241 - 242 Мутолиа карданд: 226