иҷтимоиёт
ТИББИ ОИЛАВӢ ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД
Барои инсон аз ҳама чизи муҳим солимиву тандурустист. Инсон дигар орзуву хостаҳои дили худро маҳз тавассути ҳамин неъмат метавонад амалӣ намояд. Таъмини ин неъмати бебаҳо - тандурустӣ ва беҳдоштро табибон бар зимма доранд.
Тайи чанд сол аст, ки дар дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатӣ шуъбаҳои тибби оилавӣ амал мекунанд. Фаъолияти ин шуъбаҳо, ки дар асоси ислоҳоти соҳаи тандурустӣ роҳандозӣ шудааст, рӯз ба рӯз вусъат пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки хизматрасонии духтурони оилавӣ бештару пурсамар ба назар мерасад. Барои рушду пешравии самти мазкур Барномаи давлатии рушди тибби оилавӣ барои солҳои 2011 – 2015 ҳам қабул гардида, мавриди амал қарор гирифт ва тадбирҳои зиёд, аз қабили сифатан беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, пешгирии саривақтии бемориҳо, ташхис ва табобати беморон амалӣ мешаванд.
Роҳандозӣ гардидани хизматрасонии тибби оилавӣ дар шароити феълӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ буда, аз дигар намуди хизматрасониҳои тиббӣ афзалият ва бартарӣ дорад.
Имрӯз шумораи мутахассисони ин намуди хизматрасонии тиббӣ - духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои шафқат афзуда, онҳо вобаста ба шароит дар маҳали зисти сокинон фаъолият мекунанд. Ба ҳар фард дар алоҳидагӣ, ба оила, аҳолии минтақа, инчунин, дар хона, новобаста аз ҷинс, синну сол ва намуди беморӣ, ёрии аввалини тиббиву санитарӣ расонда мешавад.
Тибби оилавӣ дар беҳдошти сиҳатии мардум нақши муҳим мебозад ва табибони оилавӣ ҳамрозу ҳамнавои мардум мебошанд.
Умед аст, ки оянда сафи мутахассисони соҳа меафзояд ва ин падида ҳам барои рафъи мушкили норасоии кадрҳои соҳа ва ҳам барои дастрасии сокинон ба намудҳои гуногуни хизматрасонии тиббию санитарӣ дар минтақаҳо, бахусус гӯшаҳои дурдаст, мусоидат мекунад.
Академик Н. Кончаловский гуфтааст: «Инсон метавонад актёри беистеъдод, олими беамал, меъмор, геолог, омӯзгор ё муҳандиси беҳунар шавад, аммо ҳуқуқ надорад, ки табиби бад бошад. Зеро бовар карда, ба ӯ ҳаёти одамро супурдаанд». Бинобар ин, табиб бо интихоби пеша масъулияти сангинеро ба зимма мегирад ва дар раванди фаъолияташ ҳуқуқи хато кардан надорад. Синои ҳаким гуфтааст: «Обрӯву эътибори табиб на танҳо ба донишу малака, балки ба одобу ахлоқи ӯ низ вобаста аст». Аз ин лиҳоз, мо, табибон, бояд ҳам дорои донишу малакаи хуби касбӣ ва ҳам одобу рафтори нек бошем. Мисли кулоҳу хилъати сафедамон дилу нияти софу пок ва, аз ҳама муҳим, муомилаи хушу гуфтори ширин дошта бошем, зеро меҳрубониву хушмуомилагӣ ҳам нисфи табобат аст.
Лола РАБИЕВА, табиби оилавӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.12.2019 №: 241 - 242 Мутолиа карданд: 217