иҷтимоиёт
ДУШАНБЕ. ХИЗМАТРАСОНӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ ба сокинону меҳмонон ворид кардани тағйирот дар хатсайрҳои нақлиётии шаҳри Душанбе идома дорад.
Чанде пеш хатсайрҳои нави автобусӣ кушода шуданд. Акнун дар хатсайрҳои маҳаллаҳои Қарияи Боло – Пахтакор, маҳаллаи Испечак – кӯчаи Гагарин, терминали “Шарқӣ” – терминали “Маром”, маҳаллаи Қарияи Боло – маркази ташхиси техникӣ ва дигар кӯчаю маҳаллаҳо ба мизоҷон автобусҳои №№12, 29, 10, 4, 43, 11 хизмат мерасонанд. Дар хатсайрҳои навтаъсиси наздишаҳрӣ бошад, 264 адад микроавтобусҳои мусофирбари тамғаи “Старекс”, ки аз хатсайрҳои марказӣ бароварда шудаанд, фаъолият менамоянд. Хатсайри ҳаракати микроавтобусҳои №26, ки аз истироҳатгоҳи “Шарора” то дарвозаи ғарбӣ идома меёфт, айни ҳол то Боғи миллӣ - маҳаллаи Чоряккорон дароз карда шудааст ва имконияти то гардиши табобатгоҳи “Шоҳамбарӣ” тамдид намудани он мавриди омӯзиш қарор дорад. Дар натиҷаи сафарбар намудани автобусҳо ва троллейбусҳои нав ба шабакаи хатсайрҳои пойтахт ва дар ин замина барҳам додани фаъолияти воситаҳои нақлиёти мусофирбари куҳнаву фарсудаи тамғаҳои “Старекс”, “Хафей”, “Чанху” ва “Газел” дар хатсайрҳои марказӣ ҳоло дар кӯчаю хиёбонҳо ҳолати тамбашавӣ дар соатҳои шиддатнокии ҳаракат нисбатан кам ба назар мерасад.
Фирӯз Расулов, сардори раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе, иброз дошт, ки чунин тағйирот дар раванди гузариш ба марҳилаи нави рушд бо мақсади таъмини хизматрасонии босифати нақлиётӣ ба сокинони пойтахт амалӣ гардидаанд.
- Алҳол омилҳои асосии ба вуҷуд омадани тамбашавӣ дар хатсайрҳо ин дар муҳлати муқарраргардида ба анҷом нарасидани таъмиру азнавсозии роҳҳои автомобилгард дар кӯчаю хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Маяковский аз тарафи ҶДММ “Роҳи тоҷик”, ба анҷом нарасидани сохтмони иншооти эстакада дар маҳаллаи Қарияи Боло ва роҳи автомобилгарди кӯчаи Н. Махсум дар маҳаллаи 102 – юми пойтахт, идома ёфтани азнавсозии роҳи автомобилгарди кӯчаи А. Ҷомӣ ва хиёбони Ҳ. Шерозӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, раёсат ва дигар сохтору идораҳои дахлдор кӯшиш намуда истодаанд, ки дар ин раванд рафтуомади бемамониатро таъмин намоянд, - гуфт Ф. Расулов.
Барҳам додани хатсайри троллейбуси №12 низ ба хотири баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба мусофирон буда, дар ин масир ҳаракати автобусҳо ба роҳ монда шуд. Ғайр аз ин, бо ташаббуси ҶСК “Корпоратсияи мусофирбар” хатсайри нави наздишаҳрии №276А (терминали “Обшорон – деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ) ба фаъолият оғоз кард.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2019 №: 243 Мутолиа карданд: 330