logo

иҷтимоиёт

БЕҲТАРИН ШӮРО. ҚАДРДОНИИ БОНУВОН ДАР ПОЙТАХТ

Ғолибони даври шаҳрии озмуни «Раисони беҳтарини Шӯрои кор бо занону духтарон», ки бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз 24 сентябри соли  2019 миёни раисони шӯроҳои кор бо занону духтарони шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе эълон шуда буд, муайян гардиданд.

Дар раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр ҳадафи озмунро татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо занону духтарон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора, ҷалби занону духтарони боистеъдод барои фаъолият дар бахшҳои гуногуни ҷомеа, такомули донишу малакаи раисони шӯроҳои кор бо занону духтарони маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт дар самтҳои ҷалби бонувон ба илму ҳунаромӯзӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла хурофот, бегонапарастӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию тундгаро, арзёбӣ намуданд.
Тавре ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, озмун дар ду давр   ҷараён  гирифта, даври ноҳиявии он моҳҳои октябр- ноябр  ҷамъбаст  гардид  ва  12  нафар  беҳтаринҳо - бо назардошти самаранокии фаъолият дар байни сокинони маҳаллаю шаҳракҳо, донишу маҳорати корӣ, тартиби ҳуҷҷатгузорӣ, таҳти назорат қарор додани иҷрои талаботи қонунгузорӣ ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо, кор бо оилаҳои  осебпазир, дараҷаи фарҳангу ахлоқи бонувон ва ободонию тозагии маҳаллаҳо соҳиби ҷоизаҳо ва роҳхат ба даври шаҳрӣ шуданд.
Дар ҷамъбасти озмун, мувофиқи хулосаи аъзои комиссияи ҳакамон, раисони шӯроҳои кор бо занону духтарони маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино Фароғат Яъқубова ба гирифтани ҷойи якум, маҳаллаи Наврӯзи ноҳияи Фирдавсӣ Гулҷаҳон Носирова ба ҷойи дуюм ва маҳаллаи Шоҳмансури ноҳияи Шоҳмансур Адолат Ҷӯраева ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд. Ғолибон бо ҷоиза, туҳфаҳои молию пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрд шуданд.

НАМОИШ ВА ФУРӮШИ МАҲСУЛОТ ЯРМАРКАИ БУЗУРГ ДАР БОҒИ УСТОД РӮДАКӢ
Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр  дар ҳамкорӣ бо ширкати «Рахш такси» дар Душанбе аз 15 - уми декабри соли равон ҷашнвораи бузург -  ярмаркаи намоиш ва фурӯши маҳсулот идома дорад.
Тавре ба «Ҷумҳурият» аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ бо анвои маҳсулоти хушсифату дастрас таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахти кишвар аст.
Ҷашнвора бо номи «Соли нави мелодии 2020» бо ҷалби ширкатҳо ва соҳибкорони шинохтаи кишвар дар Боғи устод Рӯдакӣ ҷараён гирифта, ба тамошобинону харидорон маҳсулоти баландсифати саноатию кишоварзии ғизоию солинавӣ пешкаш шудааст. Намояндагони ширкатҳо ва соҳибкорон дар баробари фурӯш молҳои истеҳсолкардаашонро ба тамошобинону харидорон муаррифӣ мекунанд.
Ҷашнвора – ярмаркаи намоишу фурӯши маҳсулот ҳамарӯза аз соати 10 то 23 ҷараён гирифта, то 15 январ идома меёбад. Даромадан ба боғ ройгон аст.

С. РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2019    №: 243    Мутолиа карданд: 370
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед