logo

иҷтимоиёт

ЯЗГУЛОМ НАМОИ ШАҲРАК МЕГИРАД

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгириҳои  рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,   маблағгузории Ҳукумати кишвар, шарикони хориҷии рушд, пеш аз ҳама, хазинаи Оғохон дар марказ ва деҳоти  ноҳияи Ванҷ чун дигар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар татбиқи барномаи рушди деҳот корҳои зиёде ба ҷо оварда шудаанд. Дар барорбари  вусъат бахшидан ба амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ дар  деҳаҳои Мотравн, Шавуд, Будун,  Вишхарв, Андарбак, Жамаг ва Зайчи Ҷамоати деҳоти Язгулом, инчунин,  мавзеи қарнҳо боз бекорхобидаи  қариб 80 гектараи дашти Язгулом, ки дар даромадгоҳи ин водии миёни   кӯҳсорон воқеъст, обод шуд.
Ба дашти Язгулом  аз масофаи ҳашт километр  хати оби нӯшокӣ ва полизӣ  кашиданд. Бештар аз 60 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гашт ва ҳам қариб 20 гектар боғ бунёд гардид. Айни замон қариб  40 хонавода  дар ин мавзеи хушбоду ҳаво кор ва зиндагонӣ мекунад. Тибқи иттилои раиси деҳоти Язгулом Валиҷон Маҳмадуллоев   дар доираи   сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи тозабунёди  Дашти Язгулом  биноҳои  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ,  маркази саломатӣ, мағоза  ва коргоҳҳои дигар бунёд меёбанду мавзеи Санобод низ пурра обёрӣ хоҳад гардид.
Воқеан,  файзу баракати истиқлолият ба он мусоидат намудааст, ки дар тамоми  самтҳои иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ сокинони деҳоти Язгулом ба комёбиҳои назаррас ноил шаванд. Ба гуфтаи собиқадори соҳаи энергетикаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон Нағзибек Нарзибеков,  аҳолии ин водӣ  солҳои тӯлонӣ дар баробари  аз бероҳӣ азоб кашидан,  хонаҳои хоксоронаи худро бо чароғи пилтагин ва  карасинӣ равшан менамуданд. Танҳо  дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат  бахт ба рӯи онҳо хандид. Батадриҷ ин мушкилоти   рӯзгорашон  тавассути дастгириҳо ва ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   аз миён бардошта шуд.
Дар сафари аввалини Роҳбари давлат ба ин музофоти  кӯҳистон,  ки ба нахустин айёми истиқлолият рост омад, Неругоҳи барқи обии «Андарбак» бо иқтидори 300 киловатт - соат мавриди истифода қарор  гирифт. Аз қувваи барқ манзилҳои истиқоматии шаш деҳа равшан гардиданд. Ин қадами нахустин буд дар роҳи  ба истиқлолияти  пурраи энергетикӣ  расидани  водии Язгулом.     
Собиқадори меҳнат ёдовар шуд, ки дар сафари дуюми Сарвари давлат  ба деҳоти Язгулом, ки се сол қабл ба  вуқӯъ омада буд, Пешвои миллат ба роҳбарони Вазорати энергетика ва захираҳои оби мамлакат ва ширкати «Помир энерҷӣ» дастур доданд, ки  канали обгузар  ва таҷҳизоти неругоҳи «Андарбак» - ро  таъмир ва таҷдид намоянд. Ҳамчунин, сохтмони  хати  баландшиддати барқии Шидз – Деҳ – Шпад - Язгулом  тезонда шавад.
Ҳоло дар арафаи  Соли нави 2020 сокинони деҳоти Язгулом аз он шоду мамнун ва шукргузоранд, ки дастуру ҳидоятҳои  Пешвои муаззами миллат дар кӯтоҳтарин фурсат аз ҷониби масъулон ба ҷо оварда шуданд. Баъди таъмиру таҷдиди неругоҳи «Андарбак» иқтидори он  аз 300 киловатт - соат ба 500 киловатт - соат  расонда шуд. Бунёди хати баландшиддати барқии Рӯшон - Язгулом   ба он мусоидат кард, ки   манзилҳои истиқоматии сокинони деҳаҳои соҳилҳои Язгуломоб, мактабҳо,  муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббии  ин  водии баландкӯҳ  дар бисту чор соат бо барқи хушсифати доимӣ таъмин бошанд.
Бо дастгириҳои Пешвои миллат дар ин  музофоти кӯҳсор дигаргуниҳои  беамсол ба вуқӯъ омаданд. Бештар аз 40 иншооти самти иҷтимоӣ ва садҳо хонаҳои нав бунёд шудаанд.  Аз ҷумла, бинои  беморхонаи  минтақавӣ ва толори варзиш дар деҳаи Мотравн, маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар  чор деҳа, пули мошингузари мавзеи Шавуд - Будун, роҳи мошин ба деҳаи Зайч, муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ дар рустоҳои Мотравн, Будун, Шавуд, Андарбак ва Жамак тимсоли дурахшони ин ободкорӣ ва созандагиҳо мебошанд.
  Дар арафаи Соли нави 2020 бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 46 дар деҳаи Вишхарв мавриди истифода қарор гирифт. Дар доираи сазовор истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Язгулом  боз  15 иншоот  сохта шуда, инфрасохтори он ба куллӣ  дигаргун  мегардад.
Бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва   мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  вилоят ва ноҳияи Ванҷ, аз ҷониби  ширкати «Помир энерҷӣ» ва шарикони хориҷии рушд барномаи дигари хеле муҳим  то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  амалӣ хоҳад гардид.  Тибқи ин  барнома хати барқ аз деҳаи Жамаг дар масофаи  ҳафт километр то деҳаи Зайч кашида мешавад.  Ҳамчунин, аз болои рӯдхонаи Язгуломоб дар баробари пули нақлиётгузари  мавзеъҳои Шавуд - Будун боз се  пули мошингузар  сохта мешавад. Ин музофот низ  ба мисли  деҳоти водии Ванҷи Боло ва дигар минтақаҳои баландкӯҳи Бадахшон ба макони асили  сайру сайёҳӣ табдил меёбад.
                                                
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи  ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.12.2019    №: 243    Мутолиа карданд: 382
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед