иҷтимоиёт
ФАЙЗОБОД. НУФУЗИ ВАРЗИШ БОЛО МЕРАВАД
Дар қатори дигар мавзеъҳои Тоҷикистони азиз дар ноҳияи Файзобод низ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва ашхоси саховатпеша як силсила иншооти варзишӣ бунёд гаштанд. Алҳол дар Файзобод 32 толор ва беш аз 60 майдончаи варзиш мавҷуд буда, як муассисаи давлатии мактаби варзиш фаъолият менамояд. Маҳз ҳамин дастгириву ғамхориҳо мебошанд, ки тайи солҳои ахир варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногун ба муваффақияту комёбиҳо ноил мегарданд.
Боиси зикр аст, ки дар нуҳ моҳи соли равон варзишгарони Файзобод дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ 32 медали тилло, 26 нуқра ва 33 биринҷӣ ба даст оварданд.
Тавре директори муассисаи давлатии мактаби варзиши ноҳия Фирӯз Хайруллозода иброз дошт, миёни ҷоизадорон дастпарварони муассиса низ ҳастанд. Аз ҷумла, гӯштигири бомаҳорат ва умедбахш Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба самбо миёни ҷавонон, ки моҳи октябри соли равон дар пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд баргузор шуд, сазовори медали тилло гардид. Дар баробари ин, шогирдони дигари мактаб Баракатулло Икромзода, Ҳасан Мирзоев ва Муҳаммад Холиқов дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштии миллӣ, самбо ва дзюдо медалҳои тилло ба даст оварданд.
Бино ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар мактаб 530 нафар, аз ҷумла 40 духтар, дар намудҳои гуногуни варзиш машқу тамрин мекунад, ки барояшон тамоми шароитҳои муосир муҳайё гаштааст. Ва ӯ изҳори умед намуд, ки дар оянда низ варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои гуногуни ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат намуда, ба дастовардҳои назаррас мушарраф мегарданд ва, ба ин васила, барои боз ҳам боло рафтани обрӯву нуфузи Ватани маҳбубамон саҳми бориз мегузоранд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.12.2019 №: 243 Мутолиа карданд: 451