logo

Хабарҳо

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дод.
Зимни сафар Раҷаббой Аҳмадзода нахуст дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоев бо сохтмони биноҳои нави таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 12 ва 33 шинос гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои 640 хонанда бунёд гардида истодааст. Бинои нави таълимӣ аз ҳуҷраҳои фаннӣ, толори варзиш, ошхона ва иншооти ёрирасон иборат буда, барои таҳсили хонандагон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 бошад, дар асоси созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҷониби кишвари ҳамсоя бунёд хоҳад гашт. Муассисаи таълимии нав барои 630 хонанда пешбинӣ шудааст.
Аснои шиносоӣ, Раҷаббой Аҳмадзода аз таваҷҷуҳи хосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ёдовар шуда, таъкид кард, ки кормандони соҳаро зарур аст дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи насли донишманду босавод аз имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Лоиқи зикр аст, ки дар ноҳияи Спитамен имрӯзҳо, ҳамчунин, дар назди муассисаҳои таълимии 30 ва 16 сохтмони 14 синфхонаи иловагӣ барои 300 хонанда идома дошта, роҳбарияти ноҳия ва фаъолону сокинон барои бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳмат мекашанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 431

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД

ДАР ӮЗБЕКИСТОН ТӮЙҲОИ ПУРДАБДАБАРО МАНЪ НАМУДАНД

25.12.2019


"RIAS Ingineering" телевизору яхдонҳои тоҷикӣ месозад

Қазоқистон ҳукми қатлро пурра бекор карданист

Дар Австралия аз сӯхтори ҷангал шаҳр ба коми оташ рафт

Сарвари Индонезия тарҳи пойтахти нави кишварро интихоб намуд

Чин боҷи қариб ҳазор моли хориҷиро кам месозад

Ҷаҳон дар як сатр

24.12.2019


"ПЕШВОИ МИЛЛАТ ПОЯГУЗОРИ СУЛҲ ВА МЕЪМОРИ ВАҲДАТ"

Баррасии густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ

Қурбон Ҳакимзода ҳайати шаҳри Вэйнанро ба ҳузур пазируфт

Нуробод. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгаро

Ҷаҳон дар як сатр

Арчаи солинавии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ

Лавров: Трамп ба муколама бо Россия доир ба масоили ҳалталаб омода аст

Москва ва Киев шартномаи таҳвили газро барои панҷ сол имзо мекунанд

Комиссияи Аврупо таҳримоти ИМА зидди «Маҷрои шимолӣ - 2»-ро маҳкум намуд

Дар Тошканд маркази рушди «ҳукумати электронӣ» ифтитоҳ меёбад

23.12.2019


Путин: «Соли гузашта дар Россия 33 амали террористӣ пешгирӣ гардид»

Минск ба ҳамгироӣ бо Россия дар асоси баробарӣ омода аст

Комиссияи интихоботии Афғонистон Ашраф Ғаниро президенти кишвар эълом дошт

Дар Қазоқистон хароҷоти соҳаи тандурустӣ то 5 дарсади ММД боло меравад

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

20.12.2019


Дурнамои густариши ҳамкориҳо матраҳ гардид

Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни сохтмони муассисаҳои таълимии нав

Мулоқоти Акрамшо Фелалиев бо Эмилио Певида Пупо

19.12.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо ҷараёни сохтмони як қатор иншооти шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед