logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО НАМОЯНДАГОНИ ДИАСПОРАИ ТОҶИК ДАР САНКТ-ПЕТЕРБУРГ

Дар доираи сафари корӣ ба Федератсияи Россия шоми 19 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот намуданд.

Бояд хотиррасон кард, ки зимни ҳар як сафар ба Федератсияи Россия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ бо ҳамватанони бурунмарзӣ, зодагони Тоҷикистон вохӯриҳои судманду созанда анҷом медиҳанд.
Чунин вохӯриҳо қаблан дар шаҳрҳои Москва, Қазон, Челябинск ва Екатеринбурги Федератсияи Россия бо ҳамватанони муқими кишвари паҳновари Россия доир шуда буд.
Бо гузашти айём имрӯз нуфузу эътибори тоҷикон дар Федератсияи Россия меафзояд. Дар зиёда аз 70 минтақаи Россия бомуваффақият фаъолият намудани ҷамъиятҳои фарҳангии тоҷикон гувоҳи возеҳи торафт баланд шудани обруи онҳо мебошад.
Чунонки ҳангоми суҳбат маълум гашт, аксари мушкилоте, ки дар мулоқотҳои пешин зикр мегардиданд, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ҳалли худро ёфтаанд.
Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва 16 апрели соли 2019 дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ масъалаҳои фаъолияти ҷамъиятҳои тоҷикон, донишомӯзии донишҷӯёни тоҷик ва вазъи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Россия матраҳ гардид.
Зимни суханронӣ дар мулоқоти навбатӣ бо намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, дастовардҳои арзандаи мардум, аз ҷумла ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун”, амалисозии лоиҳаҳои муҳим ва барномаҳои давлатӣ баҳри рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар, татбиқи ҳадафҳои чор самти асосии стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, андешаронӣ карданд.
Таъкид гардид, ки ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтар барои таълиму тарбияи насли наврас ва рушди зерсохтори хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, ҳамасола муассисаҳои таълимии нав ба истифода дода мешаванд. Ҳамчунин, дар панҷ соли охир садҳо беморхона, дармонгоҳ, маркази саломатӣ ва бунгоҳи тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки соли оянда дар ҳаёти сиёсии кишвар як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор мешаванд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва дигар мақомоти дахлдор дастур доданд, ки барои таъмини овоздиҳии бемамониати шаҳрвандони бурунмарзиамон дар маъракаҳои интихоботии соли оянда чораҳои муассир андешанд.  
Оид ба вазъ ва сатҳи муносибатҳои шарикӣ бо Федератсияи Россия андешаронӣ намуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳамкорӣ бо Россия доир ба танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамчун яке аз мавзӯъҳои муҳими музокироту гуфтушунидҳои роҳбарияти олии ҷонибҳо боқӣ мемонад.
Зикр гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷанбаҳои мухталифи ин масъала, бахусус ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин кишвар, таваҷҷуҳи доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Аз ҷумла, дар ҳошияи музокироти сатҳи олии моҳи апрели соли 2019 созишнома  дар хусуси ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатии мо ба Федератсияи Россия ба имзо расид. Мавриди иҷро қарор гирифтани ин санад барои беҳбуд бахшидан ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Россия муҳим мебошад.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари ин, дар ҳар як вохӯрии ҷонибҳо мавзӯъҳои вобаста ба содагардонии гирифтани патенти корӣ, тартибу муҳлати бақайдгирӣ ва будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон ва аъзои оилаҳои онҳо ба миён гузошта мешаванд.
Дигар мавзӯи марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ баргузор намудани маъракаи такрории “афви муҳоҷиратӣ” мебошад, ки он низ зимни суҳбати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муҳтарам Владимир Путин матраҳ гардида буд.
Пешвои миллат ба сохторҳои дахлдори кишвар, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар Москва, супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ин масъаларо ҷиддан пайгирӣ намоянд. 
Аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ дар Федератсияи Россия қарор доранд, даъват ба амал оварда шуд, ки аз қонунгузории ин кишвар ва қоидаҳои ба расмият даровардани будубоши худ дар қаламрави он воқиф гарданд.
Айни ҳол Тоҷикистон бо 83 субъекти Россия дар соҳаҳои мухталифи тиҷорату иқтисод, аз ҷумла дар арсаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамкории гуногунҷанбаро ба роҳ монда, рушд медиҳад.
Садҳо намояндагони кишвари мо дар муассисаҳои пешбари таҳсилоти олии ин кишвар таълим гирифта, дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон саҳми шоёни худро гузоштаанд ва мегузоранд.
Шумораи умумии донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҳавзаи федералии шимолу ғарб то се ҳазор нафар, аз ҷумла дар донишгоҳҳои шаҳри Санкт-Петербург ба зиёда аз ҳазор нафар мерасад.
Вобаста ба вазъи зудтағйирёбандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири таҳдиду хатарҳо ба амнияти кишвар ва эмин доштани муҳити ҳамватанони бурунмарзӣ аз таблиғоти созмону ҳаракатҳои ифротиву террористӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикистониён дар Россия даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз воситаҳои мавҷуда корҳои маърифативу фаҳмондадиҳиро миёни шаҳрвандони мо васеъ ба роҳ монда, ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба гурӯҳу ҳаракатҳои ҷиноятпеша ҳадафмандона талош варзанд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки ба корҳои маърифатпарварӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби бештари онҳо ба омӯзиши илму техника ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосир диққати махсус дода шавад.
Вобаста ба рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забон ва фарҳанги миллӣ, анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва арҷгузорӣ ба хотираи шахсиятҳои барҷастаи миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бо пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон тайи солҳои ахир номинатсияҳои “Шашмақом”, “Наврӯз” ва “Чакан – санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуданд.
Чанде пеш қарори ин сохтори Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси соли оянда ҷашн гирифтани 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразм, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги башарии ЮНЕСКО ворид  шуда буд, қабул гардид.
Аз ин рӯ, аз ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикони Россия даъват ба амал оварда шуд, ки дар рӯҳияи худшиносиву ҳувияти миллӣ, эҳтиром ба анъана ва фарҳанги ниёгон дар тарбияи насли наврас нақши бориз дошта бошанд.
Дар ин масир, ҷамъияту иттиҳодияҳои тоҷикон дар Федератсияи Россия бояд дар баргузории мунтазами чорабиниҳои милливу фарҳангии кишварамон, аз қабили ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, инчунин маҳфилҳои шеъру суруд, фаъолтар бошанд.
Дигар самти ташвиқи фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва ҳифзи ҳувияти миллӣ роҳандозии нашри маҷаллаву рӯзномаҳо, таъсиси шабакаҳои телевизион, радио ва интернет дар қаламрави Россия мебошад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон бо кӯшишҳои якҷоя дар роҳи шукуфоии Ватани аҷдодиамон дар оянда низ ба дастовардҳои нав ба нав ноил хоҳад шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2019    №: 244 - 245    Мутолиа карданд: 776
29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ

НОҲИЯИ ЛАХШ. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 ТАҲКИМ МЕЁБАД

КУМАКИ ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ COVID – 19

БЕЭҲТИЁТИИ МУХЛИСОН - МӮҶИБИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС

ОЛИМОНИ РУС ВАКСИНАИ ЗИДДИ КОРОНАВИРУСРО МУВАФФАҚОНА ОЗМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

22.05.2020


ЁРИИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКИСТОН БА ӮЗБЕКИСТОН

КУМАКИ ПРЕЗИДЕНТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД

1008 НАФАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ЁРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИРО БОЗ ҲАМ БЕҲТАР НАМУД

21.05.2020


ОЛИМИ ТОҶИК БОБОҶОН НАЗАРОВ ДАР БРИТАНИЯ ДОРУИ COVID-19 МЕСОЗАД

МИШУСТИН: «АФЗОИШИ ПАҲНШАВИИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ БОЗДОШТА ШУД»

ЧИН БА КИШВАРҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДА $2 МИЛЛИАРД МЕДИҲАД

МЕРКЕЛ: «ЯГОН ДАВЛАТ БА ТАНҲОӢ ИН ЭПИДЕМИЯРО УҲДА КАРДА НАМЕТАВОНАД»

МУЗОКИРОТИ БРИТАНИЯ ВА ФРАНСИЯ ОИД БА ЛАҒВИ КАРАНТИНИ МУСОФИРОНИ ВОРИДШУДА

ТАЙСОН ВА ҲОЛИФИЛД БА РИНГ БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

19.05.2020


407 НАФАРИ ДИГАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед