logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

21 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муассисаҳои нав ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароитҳои кории иншооти нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати бештар аз 2800 метри мураббаъ қомат меафрозад. Иншоот бо назардошти талаботи замони муосир сохта шуда, дорои 6 ҳуҷраи корӣ мебошад ва ошёнаи якуми он барои қабули шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамаи утоқҳо дастгоҳ ва аёниятҳои корӣ насб гардида, бо компютер ва хати баландсуръати интернет таъмин мебошанд. Чунин шароит имкон медиҳад, ки дархосту аризаи шаҳрвандон сари вақт қабулу баррасӣ гарданд.
Дар таҳхона бойгонӣ ҷойгир буда, дар он ҳуҷҷату санадҳои нафақагирон нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчунин, дар бинои раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳо толори хурди муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст. Намои берунаи бинои мазкур бо санъати баланди меъморӣ оро ёфта, дар гирду атрофи он гулу буттаҳои рангоранг шинонда шудаанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳия 8231 нафар нафақагир мебошад, ки ба онҳо тариқи корти бонкӣ хизмат расонда мешавад.
Солҳои қаблӣ набудани шароити корӣ яке аз мушкилоти асосии кормандони он буд. Ифтитоҳи бинои навро кормандони агентӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои доимӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои расондани хизмати саривақтиву босифат ба нафақагирону маъюбон ва шахсони барҷомонда чораҳои зарурӣ андешанд. Муомилаву муоширати хубро бо онҳо дар мадди аввал гузоранд, зеро ин гурӯҳи аҳолӣ бештар аз дигарон муҳтоҷи ғамхорианд ва зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

21 декабр дар ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.
Аснои шиносоӣ маълумот дода шуд, ки бинои сохташаванда 2-ошёна буда, масоҳати умумии он 9 садяк заминро дар бар мегирад ва масоҳати зери сохтмон 118 метри мураббаъ аст.  Дар ошёнаи якум ва дуюми он утоқҳои кории кормандон ва толори маҷлис ба нақша гирифта шудааст.
Иншоот дорои 6 ҳуҷра ва шароити хуби корӣ хоҳад буд. Ҳамаи утоқҳои кормандон бо компютер ва мизу курсӣ таъмин мешаванд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бунёди бинои нави кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузошта, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншоот аз ду ошёна, 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Тибқи нақша, дар ошёнаи якум Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” ва дар ошёнаи дуюм кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон ҷойгир хоҳанд шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи биноҳои сохташаванда ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иншооти мазкур то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд ва дар рафти корҳои он даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кор ва маоши хуб мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати таҷлили сазовори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бунёди 180 иншооти таъйиноти гуногун дар назар буда, то имрӯз 110-тои он ба истифода дода шудааст. 

21 декабр дар ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди токзори нав, ки масоҳати он  150 гектарро ташкил медиҳад, оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.
Токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил намудаанд.
Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус боғутокпарварӣ, ба токзори навбунёд “Пешвои миллат” ном гузошта шуд.
Дар масоҳати 150 гектар, ки ба 8 қитъа тақсим гардидааст, 10 намуд ангури навъҳои ба содирот нигарондашуда, аз ҷумла дар масоҳати 48 гектар “Ғалаба”, 31 гектар “Ҳусайнии сиёҳ”, 20 гектар “Ҳусайнии сафед”, 2 гектар “Ҳусайнии гулобӣ”, 2 гектар “Кардинал”, 25 гектар “Шоҳона”, 6 гектар “Кишмиши сафед”, 8 гектар “Кишмиши сиёҳ”, 3 гектар “Зарифӣ” ва 5 гектар “Тоифӣ”, дар маҷмӯъ, 42 ҳазор бех ниҳоли ангур парвариш мешавад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ниҳолҳо аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ санҷида шуда, ба иқлими ноҳияи Хуросон мутобиқ мебошанд.
Дар се қитъаи боғ бошишгоҳ ва парки мошинҳо бунёд шудааст ва дар баробари муҳайё будани шароити хуб барои токпарварон, ҳамчунин, онҳо бо ҳама гуна техникаву механизми кишоварзӣ таъмин мебошанд.
Дар токзори нав қариб 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид. Техникаву механизми кишоварзӣ барои бунёди боғ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикагролизинг” таъмин шуда, минбаъд низ дар асоси дархости хоҷагидорон ҳама гуна техникаву механизми зарурӣ дастрас мегардад.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири рушди соҳаи агротуризм дар ду мавзеъ қитъаи намоишӣ ташкил ёфтааст, ки масоҳати 5 гектарро фаро мегирад. Аз рӯйи нақша, дар ин қитъаҳо 10 намуд ангури навъҳои беҳтарин шинонда мешаванд.
Барои нигаҳдорӣ ва беталаф содир намудани ҳосил ба хориҷи мамлакат ояндаи наздик дар назди хоҷагӣ дар масоҳати 1 гектар сардхона бунёд хоҳад гашт.
Ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода, аз ҷумла роҳбари хоҷагии “Ватан” Неъмат Усмонов, бунёд гардид. Дар вақти омода кардани замин ва шинондани ниҳол тавсияи таҷрибадорон ба инобат гирифта шуда, минбаъд  нигоҳубин ва парвариши ток дар асоси маслиҳатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.
Барои таъминоти токзор бо оби полизӣ аз пойгоҳи обкашии “Табиат - 2” ба масофаи қариб 3,5 километр хати алоҳидаи оби полизӣ кашида шуд. Дар ин замина, масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳи мавҷударо пурра аз таъмир бароварда, ҳамчунин, ду агрегати нав васл намуданд.
Токзори нав дар ноҳияи Хуросон дар асоси нақша - чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар татбиқи ҳадафҳои Барномаи давлатии “Рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” заминаи мусоид мегузорад.
Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғутокпарварӣ, токзори нав баъди се - чор сол аз 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ҳосили зироати полизӣ, сабзавот, мевагиҳо, ба маъраз гузошта шуд.
Имсол кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи беш аз 13,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин, ба хориҷи кишвар низ ба миқдори зарурӣ содирот намуданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ чанд растаро дар бар мегирифт. Маҷмӯан, дар ин ҷо беш аз 20 намуд маҳсулот, аз қабили ангуру себ, ноку лимӯ, хушкмеваҳо, тарбузу харбуза, ба тамошо гузошта шуд. Анвои маҳсулоти муаррифигардида барои нигоҳдорӣ дар фасли зимистон мувофиқ мебошанд.
Дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахтони зардолу, себ, нок, олу, хурмо, шафтолу ва сояафкану ороишӣ, инчунин гулу буттаҳои мавсимию ҳамешасабз, муаррифӣ шуданд.
Намоишгоҳи васеи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Хуросон бозгӯкунандаи меҳнати пайваста ва содиқонаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хотири бадастовардани ҳосили дилхоҳ мебошад.
Баъди шинос шудан бо дастовардҳо, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати рушди соҳа ва истифодаи самараноки замин маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар намоишгоҳ занону бонувони ҳунарманди ноҳияи Хуросон низ фаъолона иштирок намуда, ҳунари нонпазӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллиро нишон доданд. Дар ин ҷо барои омода намудани ҳар як намуд нон ва хӯроки миллӣ гӯшаҳои алоҳида ташкил карда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону бонувони ноҳияи Хуросон баҳои баланд дода, онҳоро ба ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушди он, инчунин, ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати пазандагӣ ҳидоят намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Хуросон намудҳои зиёди хӯрокҳои миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд.
Аз ҷониби Президенти мамлакат ташкил ва ба роҳ мондани чунин намоишгоҳ дар тарғиби бештари ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи мероси аҷдодӣ муҳим шумурда шуд.
Намоишгоҳи мазкур низ маҳз бо ҳамин мақсад ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст, ки он дар муаррифӣ ва рушди анъанаю суннатҳои қадима заминаи мусоид хоҳад гузошт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.12.2019    №: 244 - 245    Мутолиа карданд: 463
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед