иҷтимоиёт
РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Карнай аз аҳди қадим, алалхусус, асрҳои Х - ХI дар кишварҳои Самарқанду Буҳоро, Хеваю Истаравшан ва дигар мамлакатҳои қаламрави Мовароуннаҳр хеле маълуму машҳур буд. Он барои даъват ба муҳорибаҳои ҷангӣ, огоҳ намудани аҳолӣ аз омадани душман ва дар тӯю маъракаҳо истифода мешуд. Ҳунари карнайсозӣ ва навохтани он бисёр ривоҷ дошт.
Хушбахтона, дар шаҳри Истаравшан дар баробари мисгарӣ карнайсозӣ низ то ба имрӯз идома дорад. Яке аз карнайсозони номии шаҳр усто Мирзо Мансуров мебошанд, ки дар тамоми Осиёи Марказӣ ва берун аз он ӯро бо ин ҳунари аҷдодӣ мешиносанд.
Тавре Юлчибой Қодиров, навозандаи номии зодаи шаҳри Истаравшан иброз медорад, карнайҳои сохтаи Мирзо Мансуров бо ҳаҷм, сохт ва овози махсусашон аз дигар карнайҳо фарқ доранд.
Усто Мансур зимни суҳбат гуфт, ки карнайсозӣ касби авлодии онҳо буда, ин ҳунарро ӯ аз бобояш усто Миршафӣ ва падараш усто Мирсабур омӯхтааст. Ба андешаи ҳамсуҳбатамон, карнайсозӣ ҳунари меҳнатталаб буда, барои сохтани як асбоб 7 - 8 рӯз заҳмат мекашанд. Ин асбобро асосан аз миси сурх ва биринҷӣ месозанд. Барои пайванди қисмҳои он масолеҳи қалъагӣ ва нуқра истифода мешавад. Карнай аз 3 қисми беруна ва 7 қисми дохилӣ иборат аст.
Усто Мирзо карнайҳои давраи қадим, ба монанди буғ, каҷкарнай, говдум, шикаста ва шайпурро, ки солҳои тӯлонӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, бо фарзандону шогирдонаш аз нав эҳё намуда истодаанд. Ҳоло 8 намуд карнайҳои сохтаи ӯ дар Осорхонаи миллии кишвар ба намоиш гузошта шудаанд.
Усто Мирзо дар баробари сохтани карнай, инчунин, аз ҳисоби донишҷӯёни Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан шогирдони зиёде тарбия намудааст, ки ҳоло онҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон мустақилона фаъолият доранд.
Чанде пеш дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Мисгарӣ ва оҳангарӣ”, ки бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе доир карда шуд, усто Мирзо ширкат варзида, сазовори ҷойи дуюм шуд.
Ҳукумати кишвар хизматҳояшро ба назар гирифта, Мирзо Мансуровро бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон қадр намуд. Ӯ дорандаи нишони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон ва ҷоизаи вилоятии ба номи Камоли Ҳуҷандӣ низ мебошад.
Имрӯз 3 писару набераҳояш ҳунари волои аҷдодии хешро аз усто Мирзо омӯхта, онро сарбаландона ривоҷу равнақ медиҳанд.
Саъдулло МАҲКАМОВ, шаҳри Истаравшан
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 23.12.2019 №: 244 - 245 Мутолиа карданд: 221