logo

Хабарҳо

БОКС. Ду медали тиллои варзишгарони тоҷик

Дар шаҳри Қарағанда бо иштироки варзишгарони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон,  Россия, Муғулистон, Чин, Финландия ва Ӯзбекистон ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Қазоқистон Галим Жарилганов мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ,  дар ин мусобиқа боксёрони тоҷик Бахтиёри Мирзомуҳаммад ва Шаббос Негматуллоев медалҳои тилло ба даст оварданд.

ФУТБОЛ. Беҳтаринҳои соли 2019 муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Кохи «Суруш» - и пойтахт беҳтаринҳои футболро дар соли 2019 эълон кард.
Тибқи иттилои ФФТ, нимҳимоятгари дастаи «Истиқлол» Алишер Ҷалилов беҳтарин бозигари сол дар лигаи олӣ эътироф гардид. Ҳамзамон, Виталий Левченко («Хуҷанд») беҳтарин мураббӣ, Шериддин Бобоев («Истиқлол») беҳтарин ҳамлагар, Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол») беҳтарин нимҳимоятгар, Давронҷон Эргашев («Хуҷанд») беҳтарин ҳимоятгар, Рустам Ятимов («Истиқлол») беҳтарин дарвозабон ва Насрулло Кабиров («Норак») беҳтарин довар дониста шуданд.

Никола лазаревич - мураббии нави "Хуҷанд"
Никола Лазаревич, мутахассиси 41 - солаи сербиягӣ, сармураббии дастаи «Хуҷанд» - и Хуҷанд таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Виталий Левченкоро иваз намуд. Дар ин бора аз сомонаи даста хабар доданд.
Боиси зикр аст, ки пештар  Никола Лазаревич дар дастаи «Истиқлол» ва  мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мураббӣ оид ба тайёрии ҷисмонӣ фаъолият дошт.
 
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 384

28.01.2020


Иқтидори энергетикии кишвар рӯ ба афзоиш дорад

Азнавбақайдгирӣ. Ҷараёни иҷро нигаронкунанда боқӣ мемонад

Тоҷикистону Эрон. Ҳамкориҳои гумрукӣ таҳким меёбанд

Ноҳияи Рӯдакӣ. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

СММ ИМА ва Россияро ба тамдиди созишномаи ССҲ-3 даъват намуд

Аксарияти нафароне, ки мубталои коронавирус шуданд, аз 60 - сола боло мебошанд

Дар Қазоқистон бо офияти занҳое машғул мешаванд, ки аз Сурия баргаштанд

Ҳамлаи малах ба Африқои Ҷанубӣ боиси нигаронии сахти СММ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

27.01.2020


«ҶОМИ РУШД - 2020». Наврасони тоҷик соҳиби медалҳои нуқра гаштанд

Заминларзаи сахт дар Туркия ва ҳалокати 38 нафар

Зеленский аҳамияти музокироти бевосита бо Путинро таъкид дошт

Гуфтушуниди Лукашенко дар бораи хариди нафт бо ИМА, АМА ва Арабистони Саудӣ

Дар ИМА музокироти тиҷоратӣ бо Британияро дар як сол анҷом доданианд

Ҷаҳон дар як сатр

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед