logo

иҷтимоиёт

ВАНҶ ДАР МАСИРИ РУШД

- Дар рӯзгори пур аз саодатмандӣ, сулҳу амонии пойдор, рушди доманадори иқтисодӣ ва иҷтимоии   Ватани маҳбуб, Тоҷикистони  биҳиштосоямон,- гуфт дар суҳбат раиси ноҳияи Ванҷ Ҷаббори Қосим,- авҷи бесобиқаи амалҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва созандагиҳо баҳри   сазовор истиқбол   гирифтани Ҷашни фархундаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон заҳматкашони  Ванҷ низ ба дастовардҳои бузург ноил гаштанд. Дар Паёми ояндасозашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми  стратегӣ - саноатикунонии мамлакатро эълон  намуданд.
Сокинони ноҳия низ чун  кулли мардуми Бадахшон, аз он шоданд, ки дар татбиқи лоиҳаи азнавсозӣ ва  таҷдиди қитъаҳои роҳи  Кӯлоб - Шамсиддини Шоҳин ва Шкев - Қалъаихумби шоҳроҳи байналхалқии автомобилгарди Душанбе - Кӯлоб – Дарвоз – Хоруғ – Мурғоб - Қулма  иштирок доранд. Он рӯз дур нест, ки бунёди  қисми аз ҳама мушкилтарини ин масири шоҳроҳ, минтақаи Қалъаихумб – Ванҷ - сарҳади ноҳияи Рӯшон низ оғоз меёбад ва  умед аст, ки роҳҳои Помир боз ҳам  ободу зеботар мегарданд. Он гоҳ  сайёҳони хориҷӣ сайри деҳоти подомони пиряхҳои Федченкову Хирсон  ва чорсӯи дигари Боми Ҷаҳонро барои худ  нисбат ба дигар ақсои олам  авлотар  хоҳанд донист.
Аз файзу баракати сол ёдовар шуда гуфтаниям, ки бо дастгириҳои Пешвои миллат, маблағгузории Ҳукумати кишвар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва саҳми шарикони хориҷии рушд даҳҳо иншооти  саноатӣ, пеш аз ҳама, дар самти  иҷтимоӣ,  инчунин, муассисаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва хизматрасонӣ бунёд гаштанд. Симои марказ ва деҳоти Ванҷ нисбат ба давраи пеш аз истиқлолият даҳчанд    зеботар шудааст. Акнун биноҳои баландошёна низ қад мекашанд. Аз файзу баракати  истиқлолият  соҳиби роҳҳо, кӯчаву майдонҳои ободу зебо   гаштаем.
Рамзҳои  муқаддаси кишвар - Парчам ва Нишони давлатӣ ва, инчунин, пайкараи  адиби мардумӣ Муллоёри Ванҷӣ дар шаҳраки Рохарв қомат афрохтанд. Бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат биноҳо ва иншооти се ва чорошёнаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4, шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, маркази хизматрасонии «Ванҷ» ва дигар иншоот дар фосилаи кӯтоҳ  бунёд ёфтанд. Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паём то Паёми Президенти  кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат қариб 6 километр роҳу кӯчаҳо мумфарш, чароғон ва гулпӯшу сабзпӯш гаштанд. Дастоварди аз ҳама муҳимтарин ин коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолӣ мебошд. Акнун мардуми Ванҷ рӯзгори шоиста доранд. Ҳамаи ин боиси он гаштааст, ки хурду калон шукронаи  сулҳу салоҳ, ваҳдат, амонӣ, осоиштагии кишварро дар ин ҷаҳони пурмоҷаро ва пуртазод менамоянд.
Дар ҳалли бомуваффақияти яке аз масъалаҳои муҳим -  дигаргунсозии инфрасохтори деҳот низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия як қатор корҳо ба ҷо оварда шудаанд. Ҳоло на танҳо дар марказ, балки дар деҳот низ биноҳои нав, маҳаллаҳои ҷадид ва маконҳои зисти ҳозиразамони ҷавобгӯй ба талаботи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бунёд гашта истодаанд. Маконҳои  нави аҳолинишини Ваҳдат, Дашти Бовуд, Вишхарвак, Ҷангали зуго, Дашти Язгулом ва Зайч самараи  бунёдкориҳои даврони истиқлолият мебошанд.  Дар соли 2020  низ  ободкорию бунёдкориҳо дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷо оварда мешаванд.
Дар давраи аз Паём то Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар ноҳияи Ванҷ дар баробари  ба роҳ мондани иҷрои ҳадафҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар, расидан ба мустақилияти энергетикӣ ва таъмини барномаи  амнияти озуқаворӣ, инчунин, ба амал  баровардани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии мамлакат   чун дигар шаҳру навоҳии  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  як қатор корҳои назаррас ба ҷо оварда шудаанд.
Бисёр корхонаҳои саноатӣ ҳоло пурмаҳсул фаъолият доранд. Аз ҷумла, дар шаҳраки навбунёди Ваҳдати шафати шоҳроҳи байналхалқии Душанбе - Қулма корхонаи  асфалт ва сангмайдакунии соҳибкори муваффақ Воҳид Искандаров хуб кор мекунад. Таҷҳизот ва дастгоҳҳои ин корхонаи саноатӣ аз Чин ворид шудаанд. Ҳамзамон, аз тарафи  соҳибкорон Умед Ғайратов  ва Суҳайлӣ Акбар корхонаи истеҳсоли  хиштҳои сементӣ фаъолият дорад. Аз корхонаи истеҳсоли хиштҳои пухтаи мавзеи Лангари Ҷамоати деҳоти Вотхуд низ дар бунёди иншоот,  манзилҳои истиқоматӣ  ва дигар биноҳо сокинон зиёд истифода мебаранд. Корхонаҳои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ, коркарди чӯбу тахта ва консервбарории соҳибкорон Темур Муҳаббатов, Сорбон Сабзқадамов ва Манучеҳр Муъминшоев низ  фаъолияти  хуб доранд.
Муҳимтар аз ҳама, соли 2020 сафари кории Пешвои муаззами миллат ба шаҳру навоҳии Бадахшон дар назар аст. Раиси ноҳия Ҷаббори Қосим  бовар дорад, ки  мардуми заҳматкаш ва ободгари    Ванҷ низ чун тамоми  мардуми шарифи Бадахшон  камари ҳиммат баста, дар доираи  сазовор  истиқбол гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои зиёди  шоистаро ба ҷо меоранд. Дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона заҳмат кашида, диёри Ванҷи пурганҷ   ва дар маҷмӯъ, Тоҷикистони биҳишти рӯи заминро боз ҳам ободтар ва рӯзгори худро рангинтар  месозанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи  ДИЛОВАР, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2019    №: 246 - 247    Мутолиа карданд: 329
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед