иҷтимоиёт
ҶОИЗАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. БЕҲТАРИН ВАРЗИШГАРОН ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш сол ба сол рушд мекунад. Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва тақдими хосаи он дар маросими ҷамъбастии сол баёни он аст, ки ташаккул бахшидани варзиш ва дастгирии варзишгарон дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Ин нуктаро Азим Иброҳим, муовини Сарвазири кишвар, дар маросими ҷоизасупорӣ ба фаъолони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиш дар соли 2019, ки дар кохи «Суруш» доир гардид, иброз дошт.
Дар чорабинӣ 37 варзишгари беҳтарини сол (42 ҷоиза) – Дилшод Назаров, Баҳодур Усмонов, Темур Раҳимов, Комроншоҳи Устопириён, Сомон Маҳмадбеков, Ғаниҷон Ғаниев, Шаҳриёр Даминов, Шодмон Ризоев, Аҳлия Муминова, Абубакр Шукуров, Мустафо Ахмедов, Мансур Раҳмон, Далер Ризозода, Фирӯз Мирзораҷабов, Шероз Очилов, Абдураҳим Ёкубов, Абубакр Муродов, Маҳмадҳасан Шомаҳмадов, Сулаймони Ҷамшед, Фарорун Мирзошоев, Ислом Толибов, Насимҷон Турдибеков, Муҳаммадамин Абдуллоев, Сиёвуш Ибрагимов, Муҳсинҷон Муллоҷонов, Алишер Ахмедов, Оятулло Асадуллозода, Сабина Тюряева, Муҳаммадҷон Давлатшоев, Сино Иброҳимов, Муминҷон Нуров, Мансур Шодмонов, Муфара Ҳалимова, Хушқадам Хусравов, Сорбон Латифов, Асадбек Фатоев ва Умед Сафаров бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар маҷмӯъ, маблағи ҷоиза 911 250 сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, зимни ҳамоиш Баҳодур Усмонов – беҳтарин варзишгар, Сомон Маҳмадбеков – беҳтарин варзишгари ҷавон, Сиёвуш Ибрагимов – беҳтарин варзишгар аз рӯи намуди ғайриолимпии варзиш, Гулсумбӣ Шарифова – беҳтарин варзишгар миёни бонувон, Зайниддин Раҳимов – беҳтарин мураббӣ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) – беҳтарин дастаи варзишӣ, Бобо Холмуродзода – беҳтарин шореҳи варзиш, ТВ «Варзиш» - беҳтарин шабака, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ – беҳтарин иншооти варзишӣ, Федератсияи футболи Тоҷикистон – беҳтарин федератсияи миллии варзишӣ, Федератсияи миллии дзюдо – беҳтарин федератсияи миллии рӯ ба рушд, шаҳри Душанбе – беҳтарин шаҳри (ноҳияи) варзишӣ, Қасри варзиши Хуҷанд – иншооти варзишии сол дониста шуданд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.12.2019 №: 248 Мутолиа карданд: 499