logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ РУСТАМҶОН ҲАСАНОВ

Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар вохӯриҳову суҳбатҳо бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеаи кишвар ҷойгоҳи олии омӯзгорро ҳамчун тарбиятгари халқ таъкид менамоянд.
Воқеан ҳам, худшиносӣ, худогоҳӣ ва зиракии сиёсии ҳар  узви ҷомеа танҳо ва танҳо бо заҳмату талошҳои пайгирона, дониши воло ва маданияти баланди омӯзгор вобастагии зич дорад.
Мисоли равшани гуфтаҳои боло зиндагиномаи пурифтихори шахсияти нотакрор, омӯзгори варзида, хизматчии давлатӣ зиндаёд Рустамҷон Ҳасанов - зода ва парвардаи рустои хушманзари Басмандаи ноҳияи Деваштич аст, ки то вопасин нафас рисолати худро иҷро кард ва содиқона заҳмат кашид.
Рустамҷон Ҳасанов соли 1954 дар оилаи деҳқон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми бомуваффақияти дабистони рақами 7 - и деҳа соли 1970 шомили факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардида, ин махзани илмро соли 1975 ба итмом расонд. Ҳамон сол бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамчун омӯзгори фанни таърих дар мактаби миёнаи рақами 3 – и деҳаи Шоҳони ноҳияи Деваштич ба фаъолият шурӯъ кард.
Мардуми гавҳаршиноси деҳаи Шоҳон дар симои омӯзгори ҷавону умедбахш Рустамҷон Ҳасанов шахсияти бовиҷдону покрафтор, донишманду закиро пайдо кард. Дониши воло ва қобилияту дарки масъулият имкон фароҳам овард, ки омӯзгори ҷавонро якбора ба сарварии мактаби миёнаи рақами 22 – и деҳаи Қалъаи Мирзобой таъйин кунанд. Сарвари пухтакор тӯли се соли роҳбарӣ тавонист ҷараёни таълиму тарбияро беҳбудӣ бахшад. Дар кӯтоҳтарин фурсат мактаб яке аз беҳтарин муассисаҳои ноҳияи Деваштич гардид. Мавсуф дар ин вазифа то соли 1981 фаъолият бурд.
Дар мактаби миёнаи рақами 7 – и деҳаи Басманда аз соли 1981 то соли 1988 ҳамчун омӯзгор ва соли 1988 бо роҳи алтернативӣ сарвари мактаби мазкур интихоб шуд. Муассисаро ҳамчун  роҳбар ва омӯзгор ба хонаи ҳақиқии шогирдон табдил дода тавонист. Бо талошҳои ӯ мактаб маконе шуд, ки бештари хонандагон бо меҳр ба оғӯшаш меомаданд ва бо анбони пур аз дониш бармегаштанд.
Дар ҳамаи мушкилоти мактабу маориф аз таҳаммулу хирад кор гирифта, роҳи ҳаллу фаслашро меҷустанд. Бинои сеошёнаи мактаб бо саҳлангории сохтмончиён бо толу сақич бомпӯш нашуда буд. Ин усули сохтмон ба шароити зимистони сарди деҳа тоб наовард ва аз боришоти зиёд боми мактаб ба «обанбори сунъӣ» табдил ёфта, ба синфҳо об мешорид. Деворҳои бино нам гирифта, ба рафти таълим халал мерасонд. Роҳбари ҷавон аз пайи ислоҳи камбудиҳо шитофт ва бо роҳи ҳашар боми биноро дар масоҳати 200 метри мураббаъ пурра бомпӯш ва дабистонро аз таъмири ҷорӣ баровард.
Мактаби ягонаи деҳаи калонтарин, ки барои 800 хонанда сохта шуда буд, имкони фарогирии таълими ҳазору панҷсад хонандаро надошт. Бори дигар бо талошҳои муваффақона ба ташкили мактаби алоҳида таҳти рақами 42 муяссар шуд.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ Рустамҷон Ҳасанов шабакаи гармидиҳии мактаби рақами 7-ро барқарор карда, бо роҳи ҳашар ба масофаи 800 метр то муассисаи таълимии рақами 42 лӯлаи оби гарм хобонд. Синфхонаҳо бо гармии роҳатбахш таъмин шуданд. Зимистони сарди кӯҳистон ба раванди таҳсил дигар халал намерасонд.
Мавсуф дар кӯтоҳтарин муддат мактабро байни дигар макотиби ноҳия машҳур гардонд. Бори аввал дабистонро ба ҷараёни худмаблағгузорӣ гузаронда, мустақилияти молиявии муассисаро таъмин намуд. Баъдтар ин усулро дар дабистони № 42 ҷорӣ кард.
Бо ташаббус ва ҷидду ҷаҳди некбинонаи устод Рустамҷон дар таҳхонаҳои бинои дабистон синфхонаи намунавии тирпарронӣ бо тамоми шароит ва омӯзгори варзида Исломбой Қурбонов баҳри баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар таҳхонаи дигари бинои мактаб маҳфили қувваозмоии тан ба тан ба фаъолият шурӯъ намуда, миёни талабагон ҳаводорони зиёд дарёфт. Шароити хуби синфхонаи тирпарронӣ имкон фароҳам овард, ки кулли мусобиқоти тирпаррониҳои ноҳиявӣ дар ҳамин макон барпо шаванд.
Устод Рустамҷон Ҳасанов бо ин ҳама навгониҳову пешрафтҳо қонеъ нашуда, тавонист аввалин бор дар сатҳи вилояти Суғд таълими тафриқиро ҷорӣ созад ва МТМУ №7 - ро ба мактаби пойгоҳии Донишкадаи илмӣ - тадқиқотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ табдил диҳад. Ӯ аз беҳтарин донандагони касби хеш буд ва бори аввал дар сатҳи ноҳия аттестатсияи омӯзгоронро гузаронд. Аз соли 2002 фаъолияти роҳбарии Рустамҷон Ҳасанов бо таъйиноти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич дар вазифаи раиси деҳоти калонтарини ноҳия – Ҷамоати деҳоти Ваҳдат оғоз ёфт. Солҳои 2005 - 2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия буд. Қобилияти баланди кордонӣ, дониши пухта ва маданияти волояш сабаб шуд, ки ҷамоат дар бештари соҳаҳо, бавижа дар таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисос пешсаф гардад.
Дар ин вазифаи ниҳоят пурмасъул ӯ зиёда аз шаш сол бар нафъи халқу миллат заҳмат кашид. Устоди зиндаёд шогирдони зиёдеро ба мисли Хайрулло Сабуров, доктори илм, профессор, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, Қобилҷон Қобилов, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, Хайрулло Ғафуров, ноиби ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,  Рустам Йигитов, Илҳом  Бобоев, афсарони баландрутбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуғаффор Ғафуриён, корманди Прокуратураи генералӣ, Илҳом Бониёзов, афсари баландрутбаи Вазорати мудофиа ва даҳҳои дигар фардони донишманди диёрро тарбия намуд, ки эшон бо меҳнати ҳалоли хеш имрӯзҳо дар пойдориву амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат кӯшишу талош доранд.
Рустамҷон Ҳасанов ба шогирдон дарси саховатмандӣ, садоқатмандӣ ва ватандӯстӣ медод. Пеш аз ҳама, худ намунаи ибрат шуда, ҳар вақт барои мактаб китобу ҷиҳозҳои зарурӣ армуғон мекард. Дар соли таҳсили 2018 – 2019 аз тарафи ӯ ба МТМУ №7 телевизиор, 2 принтер, 2 компютер, 15 банд коғази чопӣ ҳадия гардид. Чунин амалҳои хайрхоҳонаашон намунаи ибрати дигарон гашт.
Фарзандони азизи хонадони устод одамони барӯманди ноҳияи Деваштич ва мамлакатанд. Зафарҷон Ҳасанов, донандаи хуби илми ҳисоб, ҳоло сармуҳосиби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ҷавҳарҷон, пизишки кордон дар Федератсияи Россия, Ҷасурҷон, унвонҷӯи Академияи илмҳои Россия, Ҷовидҷон, сармутахассиси бонк ва дигар фарзандон - Чаманорову Дилоро дар зиндагӣ мақому манзалаи хосса доранд. Рустамҷон Ҳасанов бо зиндагии ибратбахши худ собит карданд, ки дар баробари корҳои ҷамъиятиву давлатӣ, ҳамзамон таълиму тарбияи фарзандони солиму солеҳ мумкин аст. Номбурда кӯшиш мекард, ки фарзандон бекор, бе китоб ва дур аз маърифат набошанд. Ҳамеша талқин ба хирадомӯзӣ ва одамият мекарданд. Албатта, модари хонадон Хайринисобону низ ҳамеша пайи тарбияи неки фарзандон буданд ва ба хотири ояндаи дурахшони аҳли оила якмаром ранҷу заҳмат кашидаанд.
Хизматҳои панҷоҳсолаи муаллими азизро давлату Ҳукумат борҳо қадр кардаанд. Раҳматномаҳову ифтихорномаҳои раисони вақти ноҳия ва вилоят, нишони «Аълочии маорифи халқ» дар соли 1987 ва дигар мукофотҳо нишонаи гуфтаҳои моянд. Муҳимтарин қадршиносии устод Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки соли 2002 аз тарафи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим шуд. Гузашта аз ин, накутарин ва арзишмандтарин қадршиносӣ, яъне бовару самимият ва эҳтирому иззати халқро соҳиб буданд, ки боиси ифтихор аст.
Пешвои муаззами миллат, сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ, Президенти мардумии мо ҳамеша ҳангоми вохӯриҳову мулоқотҳояшон таъкид мекунанд, ки бояд хизматҳои арзандаи ҳар фарди баномуси мамлакат, ки бар нафъи халқу миллат нигаронда шуда буд, қадр шавад. Такя ба ин таъкидҳои раъиятпарваронаи Сарвари мамлакат мо -  сокинони деҳаи Басманда пешниҳод мекардем, ки баҳри зинда гардондани хотираи неки Рустамҷон Ҳасанов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштич ба номи ӯ гузошта шавад. Бовар дорем, ки ин пешниҳоди хайрхоҳонаи сокинонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси ноҳияи Деваштич Сулаймон Зиёзода, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо хушнудӣ мепазиранд ва баҳри гиромидошти муаллим Рустамҷон Ҳасанов иқдом мекунанд.

Аслонбой ҚОБИЛОВ,
аълочии Вазорати корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2019    №: 248    Мутолиа карданд: 645
26.01.2021


 ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ НОЗИРОН ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ИҚТИСОДӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

 ВОХӮРӢ БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ

 «ТОҶИКОН» БА НОҲИЯИ ЛАХШ РАСИД

 НАШРИ КИТОБНОМАИ ШАРҲИҲОЛИИ БОҚӢ РАҲИМЗОДА

 «ҒУНЧАҲОИ ХАТЛОН»

 МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН. БЕЭЪТИНОӢ НИСБАТ БА ОН БОИСИ ҶАВОБГАРӢ ШУД

 СОХТАКОРӢ. БОЗДОШТИ НАФАРОНЕ, КИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАЛБАКӢ МЕСОХТАНД

 ТАМАЪҶӮӢ ЗАНИ 32 – СОЛАРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ ШИНОНД

22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед