logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ЛОРАН СИМОНС. ПИСАРЕ, КИ ДАР НУҲСОЛАГӢ ДОНИШГОҲРО ХАТМ НАМУД 
Писараки 10 – солаи  нидерландӣ Лоран Симонс аввалин наврасест, ки дар давоми якуним сол барномаи таълимии мактаби миёнаро пурра аз худ кард. Гузашта аз ин, ӯ донишҷӯи Донишгоҳи техникии Эйндховени Нидерландия шуда, дар як сол барномаи таълимии донишгоҳро аз худ намуд ва аз рӯи дараҷаи бакалавр соҳиби диплом гашт.  
Лоран хотираи фавқулода дошта, коэффитсиенти дараҷаи шуурнокиаш (IQ -и ӯ) ба 145 баробар аст. Дараҷаи миёнаи IQ - и инсони одӣ 100 – 120 балро ташкил медиҳад. Миқдори балҳо аз 140, ки гузашт, аллакай, сухан дар мавриди одамони шуурнокии майнаи сарашон хеле баланд меравад. Барои мисол, IQ - и ду физики машҳур Алберт Эйнштейн ва Стивен Ҳокинг 160 бал муайян шудааст. 
Лоран ният дорад омӯзишро аз рӯйи дараҷаи доктор PhD дар самти электротехника идома диҳад. Инчунин, духтури дил шуда, дар ҳалли муаммоҳои соҳа саҳм бигирад. 
Ҳамин тавр, Лоран ҷавонтарин мутахассисест, ки дар нуҳсолагӣ донишгоҳро ба итмом расонда, аз Майкл Карни, ки дар 10 - солагӣ Донишгоҳи Алабамаи ИМА - ро хатм карда буд, пеш гузашт.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА  
 
 
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ интизор аст.
 
Тақсими конфет
Дар халта миқдори муайяни конфет мавҷуд аст. Агар ба ҳар як кӯдак 5 - тогӣ конфет диҳанд, ба ду нафари онҳо конфет намерасад. Агар ба онҳо 4 – тогӣ конфет  диҳанд, дар халта 176 конфет боқӣ мемонад. Дар халта чанд дона конфет ҳаст?
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
Фурӯғи субҳи доноӣ...
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ…» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз гардонда мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Ба сарв монад, гар сарв лоладор бувад,
Ба мӯрд монад, гар мӯрд рӯяд аз насрин.
* * *
- Ба шумо ҷавоби қатъиро кай додан лозим?
- Мо вақти зиёд надорем, аммо ман ба шумо ду – се рӯз муҳлат дода метавонам. 
- Шумо бегоҳии рӯзи шанбе холӣ ҳастед?
- Андак истед, фикр кунам. Имрӯз панҷшанбе… 
Бале, холӣ ҳастам. 
- Агар ин тавр бошад, рӯзи шанбе ба пеши ман биёед, ман то он вақт фикр карда, ба шумо ҷавоб медиҳам. 
 
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…», АЗ 3 ЯНВАРИ СОЛИ 2020
1. Фарзона.
2. Садриддин Айнӣ
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
132 СОЛИ. ОЗМУНИ ЗЕБОСАНАМ 
19 сентябри соли 1888 бори нахуст дар  шаҳраки истироҳатии Спаи Белгия озмуни байналмилалии зебосанами дунё баргузор гардид. Ба озмун 350 бону аксҳои худро фиристоданд. Аммо барои иштирок танҳо ба 21 бону иҷозат дода шуд. Аҷибаш ин аст, ки дар озмуни занона ҳайати ҳакамон аз мардон иборат буд. Намоиши ҳунару маҳорати иштирокдорон пушти дарҳои баста сурат мегирифт. Ҳамин тавр, унвони зебосанами соли 1888 бо маблағи 5000 франк насиби Берта Сукареи 18 - сола, аз Гваделупа гардид.  Бо ҳамин, чанд даҳсолаҳои дигар ин намуди озмун ташкил нагардид. 
Тоҷи маликаи зебоӣ бошад, хеле дертар пайдо шуд. Бори дувум мусобиқаи духтарони зебо соли 1926 дар ИМА гузашт. Он то ҳол дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ҳар сол баргузор мегардад.  
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Соловёв - Седой 
Соловёв - Седой боре нимшӯхиву нимҷиддӣ ба Мурадели, ки аллакай машҳур буд, луқма партофт:
- Вано, ту оҳангсоз нестӣ, баумед нашав.
- Чаро ин тавр мегӯӣ, Вася? – бо димоғи сӯхта пурсид Мурадели.
- Охир, худат қазоват кун, дӯстам, насабат  Мурадели, яъне ба ҷои «ми» дар насаби ту «му», ба ҷои «ре»  «ра», ба ҷои «до»  «де», ба ҷои «ля» бошад, «ли». Худат, ки дар нота намеғунҷӣ, чӣ гуна метавонӣ оҳангсоз бошӣ?!
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ
 
 
1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ 
ДЕР ОЯДУ ШЕР ОЯД
Нуздаҳ сол қабл аз ин маъмурияти шаҳри Палермо (Италия) дар бораи ҷойҳои холӣ дар боғчаҳои кӯдакона ба вазифаи мураббӣ озмун эълон карда буд. Садҳо занон барои соҳиб шудан ба ҷойи кор ариза супурданд, аммо чӣ шуд, ки озмун аз ёдҳо фаромӯш гардид. Баъди гузашти қариб ду даҳсола чашми хизматчии нави маъмурият дар байни санадҳои куҳна ба бастаи аризаҳо уфтод. Вай ба хулосае омад, ки дер шуда бошад ҳам, бояд озмун ҷамъбаст гардад ва бонувон соҳиби кор шаванд. Вале аз байни корҷӯён танҳо 8 нафар пайдо гашт, дигарон ҳаётро падруд гуфтаанд. Хушбахтона, воқеан ҳам барои ҳамаи онҳо ҷойи кори холӣ пайдо шуд.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
РОССИНИ
Россиниро, ки дар  театри «Сан-Карло» навкор буд, боре директор ҷеғ зада, талаб мекунад, ки таъҷилан ба операи «Отелло» сарахбор (увертюра) нависад. 
Супориш, ки қатъӣ буд, оҳангсози ҷавонро дар як хонача маҳкам карда, наздаш обу хӯрок мегузоранд ва таъкид месозанд, ки то корро анҷом надиҳад, берун набарояд. Аз тарс буд ё чизи дигар, ки Россини супоришро сари вақт иҷро мекунад. 
Ба ҳамин монанд, Россини супориш мегирад, ки ба операи «Сорока - воровка» дар рӯзи намоишаш сарахбор нависад. Оҳангсозро аз рӯи одат боз ба ҳамон хонача «гусел» мекунанд ва чор корманди саҳнаро таъкид месозанд, ки ҳар як саҳифаи навиштаи ӯро гирифта, дарҳол аз тиреза ба хонаи ҳуруфчинон партоянд. 
Яке аз кормандон бо шубҳа мепурсад: 
- Агар нотаҳо сари вақт омода нашаванд, чӣ кор кунем?
- Нота, ки сари вақт омода нашуд, худи Россиниро аз тиреза партоед, - мегӯяд директор. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
СОБИҚ ДОВАРИ ФИФА БА ПИСАРИ ХУД САНТЯГО БЕРНАБЕУ НОМ ГУЗОШТ
Собиқ довари ФИФА Пабло Лунати ба шарафи варзишгоҳи «Реал» (Мадрид) фарзанди навзоди хешро Сантяго Бернабеу номид. Тибқи иттилои манбаъ собиқ довар чунин тасмимро ба хотири он гирифтааст, ки танҳо дар ҳамин ҷо дастаи дӯстдоштаи ӯ «Ривер Плейт» соли 2018 бар тими «Бока Хуниорс» пирӯз гардида, Ҷоми Либертадоресро дарёфт намуд.
Лунати солҳои 2004 то 2016 бозиҳои чемпионати Аргентина ва таҳти ҳимояи Федератсияи байналмилалии футбол солҳои 2007 - 2012 доварии дидорҳои байналмилалиро анҷом додааст. Баъдан, ӯ иқрор шудааст, ки дар дидорҳо бо иштироки тими дӯстдоштааш онро дастгирӣ намудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 

ДАРАХТЕ, КИ 100 САЙЁҲРО ЗЕРИ СОЯИ ХУД МЕГИРАД
Дар кишвари Костарика таваҷҷуҳи сайёҳонро дарахти бузурге ба худ ҷалб кардааст. Бузургии он на ба қаду басташ, балки дар паҳноии он мебошад. Шоху барги он ки ба ду тараф паҳн шудаанд, 50 метр аст. Ин дар ҳолест, ки дарозии қадаш то 10 метр мерасад.
Ин дарахт зиёда аз сад сайёҳро зери сояи ғафси худ мегирад. Таҳи он шаби торикро мемонад, зеро аз он нурҳои офтоб намегузаранд. 
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
АЗ АЛПЕНИСТӢ БА ПРОТЕЗСОЗӢ
Вақте Ҳю Герр 8 сол дошт, қуллаи кӯҳи Темпро бо баландии 3544 метр фатҳ намуда, якбора чеҳраи шинохта шуд. Мураббиаш аз ӯ умеди калон дошт, аммо дар синни 17 - солагӣ фоҷиаи мудҳише рух дод. Аз сабаби сар задани бӯрон Ҳю бо дӯсташ 3 рӯз дар кӯҳҳои яхбаста дармонданд. Дар ин муддат онҳоро сармо зад, ҳар ду пои Ҳюро буриданд.
Баъди ҷарроҳӣ Ҳю ба худ қавл дод, ки боз ба кӯҳ бармегардад. Аввал ӯ барои худ протез сохт, аммо протезҳояш он қадар мувофиқ набуданд. Ҳю маҷбур роҳи илмро интихоб кард ва 3 донишгоҳро хатм намуд. Яке аз онҳо донишгоҳи Гарвард мебошад, ки дар он унвони доктори илмҳои биофизикӣ насибаш шуд. 
Ҳоло бошад, Ҳю Герр гурӯҳи таҳқиқотиро дар  MIT Media Lab сарварӣ мекунад. Ӯ чунин мешуморад, ки инсони нокомил намешавад, балки технологияҳои мо номукаммал ҳастанд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
ОДАТҲОИ АҶИБИ  ШОИРУ  НАВИСАНДАГОН
1. Фридрих Шиллер ва себҳои пӯсида
Шоир ва файласуфи немис  ҳангоми дидани себҳои пӯсида ҳаловат мебурд. Одатан рӯи мизи кориаш пур аз себҳои пӯсида буд. Ҳёте, дӯсти беҳтарини Шиллер, ин одати  шоирро борҳо мушоҳида намуда, аз ин хусус  дар дафтари ёддоштҳояш – «Дар бораи  тарбияи  зебоипарастии  инсон» ҳикоя кардааст.
Ба ҷуз  назорати   себҳои пӯсида боз  одатҳои ғайриодии  дигар ҳам  дошт.  Ҳамасрони шоир   дар  ёддоштҳояшон  аз бобати  дар тирезаҳо пардаҳои сурх  кашидан  ва  ҳангоми кори  эҷодӣ   пойҳояшро ба даруни оби хунук  гирифтани Шиллер низ   ёдовар шудаанд.  Чунин рафтору  муносибат   ба  шоир ва файласуф  тавону неру мебахшид.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА
 
 
ШУМОРАИ ИДҲО ДАР МАМОЛИКИ ҶАҲОН
Медонем, ки дар ҷаҳон бештари рӯзи идҳо ғайрикорӣ ҳисобида мешаванд. Вале кам касон медонанд, ки дар кадом кишвар чанд рӯзи истироҳатӣ вобаста ба идҳо муайян шудааст. «Шоми шанбе» бе номбар намудани исми ҷашнҳо миқдори умумии рӯзҳои истироҳатиро дар мамолики ҷаҳон ба хонандагонаш пешкаш менамояд. 
Ҳиндустон – 18;
Колумбия – 18;
Таиланд – 16;
Япония - 16; 
Аргентина - 15;
Қазоқистон - 15;
Финляндия - 15;
Россия - 14;
Испания - 14;
Тоҷикистон - 12;
Австрия - 12;
Фаронса - 11;
ИМА - 10;
Беларус - 9;
АМА - 9; 
Германия - 9;
Сербия - 9;
Нидерландия - 8;
Британияи Кабир - 8;
Мексика – 7.
Таҳияи Умар АЛӢ
 

ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
16. Пул дар шаршараи Малтнома, Орегони ИМА
Шаршараи Малтнома дар иёлати Орегон яке аз баландтарин шаршараҳои ҷаҳон аст ва аз ду шаршара дар баландиҳои гуногун иборат аст. Пул дар байни шаршараҳои болоӣ ва поёнӣ сохта шудааст ва имкон медиҳад, ки шаршараро убур намоӣ. Соли 1914, соҳибкори маҳаллӣ Саймон Бенсон дар ҷойи пули чӯбин пули сангин сохт. Аз он вақт иншоот  ба номи ӯ  гузошта шуд (пули Бенсон). Дӯстдорони олами афсонавӣ метавонанд  тавассути пул дар маркази шаршара истода аз зебоии атроф баҳра баранд.
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ
 
 
ҲАР ЗАРБА НИМ МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Оморнависи риштаи бокс - Дэн Каноббио дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёд муайян кард, ки собиқ Чемпиони ҷаҳон оид ба бокс Флойд Мейвезер давоми 10 сол (солҳои 2010 – 2020) дар ҳар як зарбаи самаранокаш чӣ қадар маблағ ба даст овардааст.
Муштзани 42 - солаи амрикоӣ дар ин муддат 10 қувваозмоӣ баргузор намудааст, ки дар натиҷа 4270 зарба ҷониби рақибон равон карда, аз он 1833 зарба ба ҳадаф расидааст.
Ҳамин тавр, Мейвезер дар ин набардҳо 915 миллион доллари ИМА ба даст овардааст, ки ҳар як зарбаи банишонрасондааш зиёда аз 499 ҳазор доллар арзиш пайдо мекунад.
Қаблан маҷаллаи «Forbes» Флойд Мейвезерро сарватмандтарин варзишгари даҳсолаи охир эълон намуда буд.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ
 

БИЛЛИ ҶИН КИНГ ТЕННИСБОЗИ МУБОРИЗ 
Билли Ҷин Кинг яке аз теннисбозони номдори ҷаҳонист, ки панҷ маротиба ба қатори даҳгонаи беҳтарин бозигарони Амрико шомил гардидааст. Ӯ бори аввал дар синни 14 - солагӣ унвони чемпиониро дар мусобиқоти Калифорнияи ҷанубӣ дарёфт намуд. Дар мусобиқоти Уимблдон бошад, 20 дафъа ба гирифтани унвони қаҳрамонӣ мушарраф шуд. Алиса Мрамор – теннисбозбонуи  машҳури ҷаҳон муррабии ӯ буд ва  дар расидан ба муваффақиятҳояш  дар теннис  нақши бузург дошт.
Ҳайати ҳакамон борҳо дар мусобиқот изҳор медоштанд: «Теннис барои занҳо нест!».  Маҳз ҳамин назар ба Билли таъсир расонд ва бо талошҳои пайгирона исбот кард, ки ин назар хатост.  Ба ин хотир, мухлисон ва ҷамъияти варзишгарони теннис мусобиқаи миёни  Биллиро  бо собиқ теннисбози  машҳури 55 - солаи ҷаҳон  Бобби Риггсом «муҳорибаи ҷинсҳо» номиданд. Билли дар ин зӯрозмоӣ  бо ҳисоби 6:4 Риггсомро мағлуб кард.
Соли 1973 Билли ассотсиатсияи занони теннисбоз ва, баъдтар  фонди варзиши занонаро таъсис  дод. Бинобар ин, соли 2006 ассотсиатсия ба маркази миллии теннисбозон ба номи Билли Ҷин Кинг номгузорӣ шуд.  Айни ҳол, ин маҷмааи калонтарини теннис дорои зиёда аз 22 ҳазор ҷойи нишаст  аст. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ДУ ПАНД
Афлотун ба яке аз муридонаш гуфт: «Ту мисли мехӣ!» Ҳама бо тааҷҷуб ба ӯ нигаристанд. Афлотун инро дарёфт ва гуфтаашро шарҳу тавзеҳ дод: «Шумо маро нодуруст фаҳмидед. Ман на ба он маънӣ гуфтам, ки ин шогирд мисли мех сахт аст, балки мақсадам ин буд, ки то бар сараш назанам, вазифаашро иҷро намекунад».
* * *
Марде захми пои Муҳаммад ибни Восиро мебинаду мегӯяд:
- Дилам ба ту месӯзад.
Муҳаммад ибни Восӣ ба ӯ посух медиҳад:
- Ман шукронаи онро мекунам, ки ҳамин захм дар чашмам набаромадааст. 
Таҳияи Абдусаттор ОДИНАЕВ  
 
 
ДУЗДОНИ ОЛИҲИММАТ
Вақте ҳунарманди машҳури шӯравӣ Владимир Висотский дар Сочи истироҳат мекард, ба ӯ ҳодисаи аҷибе рух дод. Баъди сайругашт, ҳамин ки ба хона ворид шуд, дарёфт, ки ҳама чизу чора, ҳатто ҳуҷҷатҳояшро дуздидаанд. Дарҳол ба полис рафта, хабар дод. Вале  ҳамин ки дубора ба хона омад, ҳайрон шуд, дуздон молҳои рабудаашонро оварда, дар ҷояш монда буданд. Дар ҳолати шок чашми соҳибхона ба мактубе афтод, ки болои миз мехобид ва ҳарчанд ҳанӯз ҳам ба худ наомада буд,  онро кушода хонд:
«Владимир Семёновичи азиз, мо намедонистем, ки ин ҳуҷраи шумост. Ҳама ашёатонро баргардондем. Ба ғайр аз ҷинси наватон, ки аллакай фурӯхта будем. Агар ҳуҷҷатҳоятон намешуд, Висотский будани шуморо пай намебурдем. Моро, ки аз мухлисони сарсахти шумоем, бубахшед ва, илтимос ба полис хабар надиҳед».
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА
 
 
12 ТЕЗСУРЪАТТАРИН НАҚЛИЁТ ДАР ҶАҲОН
9. Тайёраи идорашаванда - Х - 15 (7272 км/соат)
Тайёраи Х - 15 дорои муҳаррики реактивӣ буда, дар доираи серияи озмоишӣ сохта шудааст ва мавриди баҳрабардории Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва НАСА - и ИМА   қарор гирифт. 3 октябри соли 1967  Х15 бо суръати 7272 км/соат парвоз кард, ки рекорди нав миёни тайёраи сарнишиндорҳо ба ҳисоб меравад. 
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
 
 
СОКИНОНИ КАДОМ КИШВАРҲО НАФАҚА НАМЕГИРАНД
ҲИНДУСТОН
Танҳо 12 фоизи ҳиндуҳо метавонанд худро расман нафақахӯр биҳисобанд. Категорияи ниҳоят ҳифзшуда – хизматчиёни давлатӣ мебошанд, ки дар синни 60 – солагӣ ба истироҳат мебароянд. Андозаи нафақаи калон баробар аст ба ду ҳазор рупий. Аз соли 2004 ҳукуматдорони ҳиндӣ мекӯшанд реформаи нави нафақаро ҷорӣ намоянд, то бори буҷети давлатиро сабук намояд.
Реформаи нафақа ба механизми шаклгирии нафақа дахл мекунад. Акнун он аз ду қисм иборат аст: молияи соҳибкорӣ ва пардохти довталабонаи кормандон. Реформа танҳо як дарсади ҳиндуҳои коргарро фаро мегирад. Дар зимн, на ҳамаи кормандон ихтиёран пул пардохт менамоянд ва чунин ҳолат, бешубҳа ба андозаи нафақаи онҳо таъсири манфӣ мегузорад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2020    №: 9    Мутолиа карданд: 317
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед