logo

сиёсат

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Дар давоми даҳсолаҳои охир, бинобар хусусияти фарогир пайдо кардани коррупсия дар ҷомеа мубориза бо ин зуҳурот ба яке аз масъалаҳои калидии таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа табдил ёфт. Ин зуҳурот бо таъсири номатлуби худ аксар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта, дар сурати наандешидани маҷмӯи чораҳои саривақтиву таъсирбахш метавонад, боиси ба миён омадани мушкилоти бештар, аз ҷумла фалаҷ гаштани ниҳодҳои давлатӣ, ба миён омадани бегонагӣ байни ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, коҳиши суръати рушди иқтисодӣ, заиф шудани арзишҳои ахлоқӣ, демократӣ ва ғайра гардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад, боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад. Зимнан, борҳо таъкид гаштааст, ки хатари коррупсия аз хатари терроризму ифротгароӣ кам набуда, зиёда аз ин, фасодкорӣ ҳамчун омили пайдоиш ва доман паҳн кардани ҷиноятҳои вазнин баромад менамояд. 
Аксарият бар он ақидаанд, ки гӯё мубориза бо коррупсия дар кадом сатҳе, ки бошад, ягон манфиат дошта наметавонад: он ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ давлат ва сохторҳои онро ҳамеша ҳамроҳӣ мекунад. Дар ҳақиқат, коррупсия дар фаъолияти мақомоту сохторҳои ҳар як давлати ҷаҳон, новобаста аз сохти давлативу шакли идоракунии он, ҷой дорад. Коррупсияро тамоман барҳам задан ва ё ба ибораи дигар, решакан намудан ғайриимкон аст, вале паст кардани сатҳ ва шиддати ин зуҳуроти номатлуб, чуноне ки таҷрибаи давлатҳои пешрафта шаҳодат медиҳад, амали иҷропазир дониста мешавад. Талафоте, ки дар натиҷаи содир кардани амалҳои коррупсионӣ ба давлат ва ҷамъият расонда мешавад, чунон бузург аст, ки маблағгузорӣ дар самти татбиқи санаду барномаҳои зиддикоррупсионии давлатӣ дар кадом андозае, ки набошад, хароҷотро ҷуброн карда метавонад. 
Масъулият ва гаронии асосии таъмини мубориза бо коррупсия ба зиммаи давлат вогузор карда шудааст. Маҳз давлат бояд сиёсати зиддикоррупсиониро муқаррар намуда, онро ба самти зарурӣ равона намояд. Оё як худи давлат аз уҳдаи ин вазифаи мураккабу пурмасъулият баромада метавонад? Оё мақомоту сохторҳои дахлдори давлатӣ дар танҳоӣ, бидуни иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалигардонии сиёсати зиддикоррупсионӣ, ба ин ё он дастовард муваффақ гашта метавонанд? Амалияи мақомоти давлатӣ дар самти мубориза бо амалҳои коррупсионӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки гарчанде дастоварду муваффақиятҳо дар ин самт зиёд бошанд ҳам, то ҳол мақсади асосии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ – паст кардани сатҳ ва шиддати коррупсия иҷро нагаштааст, зеро мо бештар бо оқибатҳои ин амал мубориза бурда, мутаассифона, сабабу омилҳои ба пайдоиши он мусоидаткунандаро нодида мегирем ё сарфи назар менамоем.   
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки мубориза бар зидди коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошанд. Дар ҳақиқат, барои таъмини самаранокии мубориза бо коррупсия истифодаи имконияту неруи бузурги ҷомеаи шаҳрвандӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад. То он даме, ки мафкураи ҷомеа тағйир дода нашавад, то он даме, ки ҷомеа коррупсияро чун зуҳуроти бадиву бадкирдорӣ қабул накунад, ҳар ташаббусу иқдоми наҷиби давлат дар ин самт камтаъсир меанҷомад. Ҳамзамон, худи мақоми мубориза бо коррупсия ҳамчун пешоҳанги татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ баромад карда, дар ташаккули фазои таҳаммулнопазир нисбат ба падидаҳои коррупсионӣ нақши асосӣ ва ҳалкунандаро бозиданашон лозим аст. 
Барои ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсати зиддикоррупсионии давлатӣ ҷалби бештари қишрҳои ҷомеа ҷиҳати муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, истифодаи маҷмӯи воситаву усулҳои муосир мувофиқи мақсад дониста мешавад. Имрӯз мо бояд шакл ва мазмуни чораҳои муқовимат ба коррупсияро бо мақсади таъмини таъсирбахшӣ ва самаранокии он тағйир диҳем. Тамоми кӯшишу имкониятҳои худро баҳри ташаккули тафаккури зиддикоррупсионии ҳар як фарди ҷамъият, новобаста аз синну сол ва мақому мартаба равона созем. Маърифатнокии ҷомеа вобаста ба масъалаҳои номбаршуда дар сатҳи паст қарор дошта, фисади муайяни шаҳрвандон ҳатто чи будани коррупсия ва қоидаҳои одии рафторро ҳангоми рӯ ба рӯ гаштанашон бо ҳолатҳои коррупсионӣ намедонанд.
Ба андешаи мо, ташкили бозиҳои зеҳнӣ ва ҳамагуна озмуну мусобиқаҳо дар байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддат барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии соҳибкорон оид ба масъалаҳои ташкили коргузорӣ, андозситонӣ, тартиби баргузор намудани санҷиши фаъолият ва ғайра, паҳн кардани варақаҳои иттилоотии зиддикоррупсионӣ, ташкили силсилаи барномаҳои телевизионӣ, таҳияи филмҳои бадеиву ҳуҷҷатӣ, ташкили вохӯрии олимону коршиносон бо аҳли ҷомеа оид ба ҷанбаҳои алоҳидаи зуҳуроти коррупсионӣ мувофиқи мақсад буда, бешубҳа, аз бисёр ҷиҳат барои бамаротиб боло рафтани сатҳи маърифатнокии зиддикоррупсионии шаҳрвандон мусоидат карда метавонад. Бояд дар байни он ташкилоту корхона ва муассисаҳое, ки иҷрои нишондоди барномаҳои зиддикоррупсионӣ ба зиммаашон вогузор карда шудааст, баҳри ноил гаштан ба натиҷаҳои баланди фаъолият рақобати солим ташкил карда, беҳтаринҳо қадршиносӣ карда шаванд. Ҳамчунин, ба фаъолияти мақомоти зиддикоррупсионӣ ба сифати ёрдамчиёни ҷамъиятӣ ҷалб кардани ҷавонону шахсони ташаббускор метавонад, боиси ба миён омадани эътимоду боварӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманди ҷомеаи шаҳрвандиву давлат гардад. 
Бо назардошти он, ки дар шароити имрӯза аксарият иттилооти барояшон заруриро аз сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мегиранд, ташкили сомонаҳои махсуси зиддикоррупсионӣ ва саҳифаҳои алоҳида дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бо ҷойгиркунии иттилооти мухталиф оид ба асосҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия, омӯзиши таҷрибаи ташкилоту корхонаҳои алоҳида дар ин самт, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар хусуси истифодаи чораҳои самарабахши мубориза, маводи публитсистӣ оид ба паёмадҳои номатлуби коррупсия, иттилооти мақомоти мубориза бар зидди коррупсия дар хусуси ба ҷавобгарӣ кашидани фасодкорон ва ғайра мувофиқи мақсад дониста мешавад. 
Танҳо дар ин сурат мо метавонем, ба ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат, ки асоси онро рушду инкишофи Ватани азизамон - Тоҷикистон ташкил медиҳад, ноил гардем.                                                     
 
Шавкат ЗОКИРОВ, 
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, 
бизнес ва сиёсати Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.01.2020    №: 9    Мутолиа карданд: 664
09.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ ШИФОЁФТАГОН АЗ COVID – 19 АЗ 5000 ГУЗАШТ

«ОИЛА, КӮЧА, МАҲАЛЛА, ДЕҲА, ДЕҲОТ ВА ШАҲРАКИ БЕҲТАРИН». ОЗМУНЕ, КИ СОКИНОНИ СУҒДРО БА ОБОДОНӢ ТАЛҚИН МЕКУНАД

ДУШАНБЕ. ТАҲТИ РАЁСАТИ АЗИМ ИБРОҲИМ ҶАЛАСАИ КОРӢ БАРГУЗОР ШУД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ САМАР ДОРАНД

«ОВОЗИ САМАРҚАНД» КИТОБҲОИ ХУДРО РӮНАМОӢ КАРД

ВАНҶ. ОБ АСТ, КИ ОБОДИСТ

ТАБИБОНИ ЛАХШ: «ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МО НЕРУ МЕБАХШАД»

ФУТЗАЛ. БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020 КАЙ БАРГУЗОР МЕГАРДАД?

ТАЪКИДИ СИ ҶИНПИН АЗ ЗАРУРАТИ ҲАМКОРИИ ГУСТУРДАИ ЧИНУ РОССИЯ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.07.2020


ИСФАРА. КОРХОНАИ ПОЙАФЗОЛДӮЗИИ «САМАНД» БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ НАМУД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4965 БЕМОР ШИФО ЁФТ

Сафари гурӯҳи ҳукуматӣ ба ВМКБ

«МАЪРИФАТ. ВАҚТЕ КИ КИТОБХОНА ҲОЛИ ТАБОҲ ДОРАД»

ВМКБ. ВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ СОХТМОНҲО ДИДАН КАРД

“СОМОН ЭЙР” БА ДУБАЙ ВА МИНСК ПАРВОЗҲОИ МАХСУС АНҶОМ МЕДИҲАД

САДОҚАТИ «САДОҚАТ»

ЛИГАИ ОЛӢ. КОРШИНОСИ ВАРЗИДА САРМУРАББИИ ДАСТАИ "КӮКТОШ" ТАЪЙИН ГАРДИД

ДАР ОЛМОН БА ТАҲКИМИ МУНОСИБАТ БО РОССИЯ АВЛАВИЯТ МЕДИҲАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

07.07.2020


ТОҶИКИСТОН. 4914 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

БОЗГАШТИ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚАЗОҚИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН

FINA МЕХОҲАД МАВҚЕАШРО ДАР БО МУСТАҲКАМ НАМОЯД

СУТ БА ВАКСИНАИ РОССИЯ АЛАЙҲИ COVID - 19 ЭЪТИМОД ДОРАД ВА ДАР ИН САМТ ХОСТОРИ ҲАМКОРИСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.07.2020


ТОҶИКИСТОН. ШУМОРАИ СИҲАТШУДАГОН АЗ КОРОНАВИРУС БА 4858 НАФАР РАСИД

НОҲИЯИ ДАРВОЗ. СОҲАИ ФАРҲАНГ БА ДАСТГИРӢ НИЁЗ ДОРАД

РАШТ. КИШТИ КАРТОШКА ДАР 3047 ГЕКТАР

КӮЛОБ. БА МАҲАЛЛАИ ЛОҲУТӢ ОБИ ТОЗА ОМАД

ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҒАЛАБАИ НАВБАТИИ "ИСТИҚЛОЛ"

ПУТИН: «РОССИЯ БАРОИ РУШДИ ИҚТИСОД НИЁЗ БА МУҲОҶИРОН ДОРАД»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.07.2020


ХУҶАНД. ИФТИТОҲИ ГУЗАРГОҲИ ЗЕРИЗАМИНӢ

ЗАРУРАТИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ГАРДИД

ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ КОРОНАВИРУС 4690 БЕМОР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед