logo

иҷтимоиёт

СОҲИБЭЪҶОЗ. БАРДОШТ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ УСТОД МАТЛУБХОН ДАВЛАТОВ

Аз замони донишҷӯӣ номи пурифтихор ва пурэътибори устод Матлубхон Давлатовро дар ёдҳои хеш дорам. Он замон устод дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ҳамчун олими соҳаи иқтисод ва раҳбарии Дастгоҳи ҳизби ҳокими коммунисти вақтро дар ин даргоҳи пурифтихор бар дӯш доштанд.
 
Мо ҷавонони тоза ба остонаи илм қадамгузоштаро ҳароина устодон ба таъкид ва ифтихори зиёд мегуфтанд, ки дар роҳи пур аз шебу фарози илм бо сабру таҳаммул ва ахлоқи ҳамидаву эътибори баланди инсонӣ шумо метавонед, ки аз меваи шаҳдбори ин боғи башарсоз, яъне донишу малакаи баланди академӣ коми худро ширин намоед. Ва номи неки устод Матлубхон Давлатовро ба забон оварда, бо пайравии ӯ моро ҳидоят менамуданд. Дар воқеъ, дар нахустин дидор бо устод мо дарёфтем, ки ӯ боэътибортарин нафари даргоҳи маърифати миллат буда, пайравӣ намудан дар коргоҳи илм ба ӯ ифтихор ва шарафи зиёд мебахшад. Хеле хуб ёд дорам, ки устоди зиндаёд академик Ҳабибулло Саидмуродов дар мавриди заҳматҳои илмиву фаъолияти раҳбарии олими он вақт ҷавон, вале аллакай шинохта Матлубхон Давлатов дар як машварати корӣ бо мо шогирдон чунин гуфта буд: “Ман медонам, ки дар ин шабу рӯз машғул шудан ба кори илмӣ, яъне аз саҳар то бегоҳ дар китобхона нишаста, хондани китобу маҷаллаҳои илмӣ ба хотири ояндаи дурахшон корест басо сангин, на ҳар кас ин тобу тоқатро дошта метавонад. Ҳамин олими ҷавоне, ки имрӯз ифтихори Академияи илмҳо гардидаанд, ба хеле ранҷу азобҳои зиндагӣ тоб оварда, бо сабру таҳаммул ва омӯзишҳои зиёд ба ин поя расидаанд. Барои шумо басанда аст, ки роҳи тайнамудаи олими ҷавон Матлубхон Давлатовро пешаи худ қарор дода, аз машваратҳои судманди ӯ баҳра бардоред”.
Баъди ин таъкиди устоди зиндаёди арҷманд академик Ҳабибулло Саидмуродов мо ба хотири машварат бо устод Матлубхон Давлатов чанд маротиба ҳамсуҳбат гардида, бо дилгармии зиёд дар ҷодаи илму пажӯҳиш гомҳои устувори хешро гузоштем. Дар воқеъ, он замон мо пайравони роҳи тайкардаи устод бо умеди фардои дурахшони Ватани азизи шӯравиамон монеаҳои зиёдеро пушти сар намуда, бо ифтихори зиёди ватандориву созандагӣ роҳиёни илму маърифат будем. 
Оғози соли 1990 замони ошкорбаёниву озодандешӣ давлати абарқудрати Шӯравӣ иқтидори иқтисодиву сиёсиашро аз даст дода, ба 15 кишвари мустақил қисмат шуд. Тоҷикистони азизи мо низ дар қатори дигарон соҳиби истиқлолият ва мухторияти арзиву самоӣ, фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гардида, дар қатори дигар кишварҳои олам шинохта шуд. Баъди иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳбари хеле ҷавону ҷасур, хирадманди таҳаммулпеша Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон рӯи кор омад. Оғози соли 1993 давраи нави тақдирсози миллат таҳти сарварии Раиси нави тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба рӯйи мардум боз намуд. Ба ибораи бисёри аз муҳаққиқини сиёсатшиносӣ, истиқлолияти воқеӣ баъди иҷлосияи тақдирсози 16-ум ба даст омада, мардум дар сурати ин абармарди таъриху тамаддуни миллат шахсияти воқеан таърихиеро дарёфтанд. Ӯ дар такя бо олимону донишмандон ва пирони рӯзгордида саҳифаи нави таърихи навини миллатро боз намуд.
Соли 1994, дар давраи нави гузариш ва созандагиву сарҷамъии миллат ва давлат, хишти аввали ҷомеаи башарӣ ва инсонсолор бо ибтикори Роҳбари муаззами халқ дар баҳои хону мон гузошта шуда, сохтори Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таҷдиди нави миллӣ рӯйи кор омад.
Устод Матлубхон Давлатов ҳамчун олими шинохтаи иқтисоддон аз ҷониби Раиси ҷумҳури тозаинтихоб ба сифати раиси Кумитаи амволи давлатӣ таъйин гардида, ба фаъолият оғоз намуд. Замони нави гузариш, замони бисёр ҳам вазнин, замоне, ки аз моликияти дар замони хонаҷангӣ баяғморафтаи давлат қариб ки нишоне набуд. Раҳбари муаззами кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя бо фарзандони содиқу фарзонаи миллат ин моликиятро барқарор намуда, ба дасти соҳибони аслияш баргардонид. Бо он ки рақибони сиёсӣ ва ҳасудони сиёсӣ бо жожхоҳии зиёд дар мавриди хусусигардонии моликияти кишвар аз расонаҳои хабарии хориҷӣ туҳмат ва буҳтонҳои зиёдеро рӯйи кор меоварданд, раҳбарияти кишвар тавонистанд, ки хазинаи баяғморафтаи давлатро аз ҳисоби хусусигардонии бархе аз корхонаҳои бекорхобида пур намоянд.
Ҳамин тавр, устод Матлубхон Давлатов аз соли 1994 то 2006 дар паҳлуи Раиси ҷумҳур содиқона ба халқу Ватан хидмат намуд. Ӯ, ки аз даргоҳи пурэътибори илм ба аркони Ҳукумат омад, аксари кулли олимони кишвар бо василаи ӯ барои хидмат ба халқу Ватан ҷалб гардиданд ва дар пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми арзандаи хешро гузоштанд. Вақте ки устод Матлубхон Давлатов охири моҳи январи соли 2006 ба сифати мушовири давлатии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ таъйин гардид, масъалаҳои рушди иқтисодиёти кишвар мавриди омӯзишу тадқиқоти зиёди олимон қарор гирифта, барномаи нави рушди иқтисодиёти кишвар рӯйи кор омад. Мутахассисони шинохтаи иқтисодиёти кишвар барои ҳамкорӣ бо Ҳукумат ҷалб гардида, барномаи нави дурнамои рушди иқтисодиёти кишвар дар таҳрири нав рӯйи кор омад. Кушодани корхонаҳои нави саноатӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкориҳои судманди ҳампаймонӣ бо кишвари абарқудрати Чин, сохтани иншоотҳои азими аср, таҷдиди корхонаҳои азими аз фаъолият бозмонда, сохтмони иншоотҳои энергетикӣ – ин ҳама гувоҳи он буд, ки иқтисодиёти кишвар дар нашъунамо буда, жожхоҳии рақибони сиёсӣ ҷуз рашку ҳасад чизи дигаре набудааст.
Дар ҳар риштае, ки устод Матлубхон Давлатов фаъолият намудааст, рақибони сиёсиаш аз рашк жожхоҳии зиёд намуда, номи поки ӯро доғдор намудан хостаанд. Бехабар аз он ки ӯ шахсияти хеле соҳибаҷру эҳтироми кишвар дар замони Шӯравӣ буд. Даргоҳи муқаддаси пурэътибори илм дар кураи номусу шарафи ватандорӣ ва ватанхоҳиву башардӯстӣ ӯро обутоб дода, эътибораш миёни олимони шинохтаи кишвар хеле баланд мебошад.
Замоне ки ӯ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар таъйин гардид, дар ин вазифаи пурмасъул низ бо эътибор ва шарафу номуси ватандорӣ хидмат намуда, саҳми босазои хешро дар ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат гузоштааст. Ӯ тӯли фаъолияташ дар вазифаҳои пурмасъули муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, референти калони котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушду нумӯи иқтисоди кишвар ва тарбияи кадрҳои болаёқат саҳми арзандаи хешро гузошта, эътибори касбӣ ва самимияти инсонияш дар қалби садҳо мутахассисони варзида ва созандагони кишвар ба абадият нақши худро гузоштааст.
Устод қатъи назар аз он, ки бознишастаи хидматҳои давлатӣ мебошад, ҳамкориашро аз Ҳукумат накандааст. Ин шахсияти шинохтаи фарҳангӣ, илмӣ ва соҳибэъҷози миллат ҳанӯз ҳам дар тарбияи кадрҳои ҷавони ояндасози кишвар саҳм мегузорад. Устод зиндагиномаи рангин доранд, балки рӯзгоре барои ибрат.
Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2020    №: 14    Мутолиа карданд: 252

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед