logo

сиёсат

ПАЁМ ҚУТБНАМОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ

Бо вуҷуди таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва минтақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як даҳсолаи охир аз тамоми сарчашмаҳои мавҷуда самаранок истифода карда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунии босуръати кишвар тадбирҳои муҳиму муайянеро ба иҷро расонд. 
 
Дар Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 зикр гардид, ки соли сипаришуда дар таърихи навини кишвар бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарору хотирмон сабт мегардад. 
Воқеан ҳам, набояд фаромӯш созем, ки давоми бисту ҳашт соли давлатсозии миллӣ кишвари мо дар партави сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Танҳо аз ибтидои солҳои 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаҳои нави рушд ворид шуда, пешрафти босуботи иқтисоди миллӣ тавассути суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогири ҳамаи бахшҳои муҳим ба таври воқеӣ ташаккул ёфтанд. 
Дар шароити иқтисоди бозорӣ рушди соҳибкории хурду миёна ва, дар маҷмӯъ, бахши хусусӣ дар ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ нақши муассир дорад. Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон, муҳиму арзишнок баҳогузорӣ карда, ҷорӣ гардидани чанде аз моратория ва сабукиҳои Ҳукумати мамлакатро давоми чанд соли охир боиси пешрафти махсуси бахши хусусӣ унвон намуданд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукӣ ҷорӣ шуд. 
Танҳо солҳои 2016 - 2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. 
Рушди соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба ҳисоб рафта, дар зарфи соли якуми эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ бомаром идома дорад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳиро боз ҳам зарур шумурда, бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон, пешниҳод намуданд, ки ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода шуда, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад. Илова бар ин, бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад. 
Мусаллам аст, ки соҳаи илму маориф дар сиёсати кунунии мамлакат дар сархати аввали иҷтимоӣ боқӣ мемонад, зеро дар марҳалаи навин пешрафти ин соҳа дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас, солҳои 2020 - 2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ  ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд. 
Аз назари мазмун ва муҳтавои умумӣ Паёми имсолаи Пешвои миллатро метавон ба як қатор бахшҳои муҳиму асосӣ тақсимбандӣ намуд, ки ҳар яке аз онҳо барои рушди устувору таъмини зиндагии сазовори мардум аҳамияти муайянкунанда дорад. 
Зоир РАҲМОНЗОДА,
раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.01.2020    №: 14    Мутолиа карданд: 295

18.02.2020


ВКД. 161 УЗВИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ ДАСТГИР ШУД

ФАРХОР. ҲОЛАТИ ҒАЙРИМЕЛИОРАТИВИИ ЗАМИНҲО МАВЗӮИ ДОҒ БОҚӢ МЕМОНАД!

18 ДОЛОНИ ЗИДДИТАРМАВӢ СОХТА МЕШАВАД

БОНУВОНИ НОҲИЯИ МУРҒОБ – ҒОЛИБИ ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ДАСТАРХОНОРОӢ»

ГРЕНЛАНДИЯ ОБИ ПИРЯХҲОРО БА САВДО БАРОВАРДАНИСТ

ДАР БЕЛАРУС СОЛИ 2023 ИСТИФОДАИ ЗАРФҲОИ ПЛАСТИКИРО МАНЪ НАМУДАНИАНД

ПЕКИН ДАР 6 РӮЗ КОРХОНАИ НАВИ ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБҲОИ ТИББӢ СОХТАНИСТ

ЧИН ВА АСЕАН ДАР МАСЪАЛАИ КОРОНАВИРУС ВОХӮРИИ МАХСУС ДОИР МЕКУНАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2020


"РУШДИ ЧОРВОДОРӢ ВА ЧАРОГОҲҲО". ТАТБИҚИ ЗЕРЛОИҲАҲО

ШАҲРИНАВ. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ 32 ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТӢ ҚАТЪ ГАРДИД

ҲАМКОРИҲО БО ШАРИКОНИ РУШД ТАҲКИМ МЕЁБАНД

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ВА ВАРЗИШ 53 НАФАР УНВОНҲОИ СОҲАРО ГИРИФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН БАЪДИ КАРАНТИНИ КОРОНАВИРУСӢ 87 НАФАРРО ҶАВОБ ДОДАНД

ЧИН БА ИСТЕҲСОЛИ НАХУСТИН ДОРУИ ЭҲТИМОЛӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОҒОЗ НАМУД

ЛЕ ДРИАН: «БАРРАСИИ МАСОИЛИ АМНИЯТ БО РОССИЯ ЗАРУР АСТ»

ДАР ӮЗБЕКИСТОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ТАВАССУТИ ИНТЕРНЕТ ҚАБУЛ МЕКУНАНД

НАФАҚАХӮРИ СЕРБ БА ПАРАДИ ҒАЛАБА ПИЁДА РАФТАНИСТ

Ҷаҳон дар як сатр

14.02.2020


ҲИСОР. ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГӢ ДАР МАДДИ АВВАЛ

РОҒУН. БЕШТАРИ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ИСТИФОДАИ ЗАМИН АСТ

АХД. ҶАЛБИ ЗАНОН БА ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ҲАНӮЗ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

ИМА УМЕДВОРИ «МУЗОКИРОТИ ҶИДДӢ» БО РОССИЯ ВА ЧИН ОИД БА СИЛОҲИ ЯДРОӢ МЕБОШАД

ҲУКУМАТДОРОНИ ЧИН КОРХОНАҲОИ АЗ КОРОНАВИРУС ЗАРАРДИДАРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАНД

ТЕЪДОДИ МУШТАРИЁНИ WHATSAPP БА ДУ МИЛЛИАРД РАСИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

13.02.2020


ДУШАНБЕ. 62 КОРХОНАИ САНОАТӢ ТАЪСИС ЁФТ

ШСХК "БАРҚИ ТОҶИК". СОҲА РӮ БА БЕҲБУДӢ МЕОРАД

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ МЕАФЗОЯД

480 НОМ БА ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛӢ ВОРИД МЕШАВАД

87 КОРМАНДИ ГУМРУК АЗ АТТЕСТАТСИЯ НАГУЗАШТ

ДОНИШКАДАИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ. ТАЪСИСИ ИХТИСОСҲОИ НАВ ТАҚОЗОИ ЗАМОН

БЕШ АЗ 50 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН АЗ УХАН БА ДУШАНБЕ ОВАРДА ШУД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед