logo

иҷтимоиёт

ФАРХОР. АВЛАВИЯТ БА ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

Вазифадор гардидани раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони аз 18 - сола боло, ки касбу ҳунар надоранд, иқдоми саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Зеро маҳз бо соҳибкасб шудани аҳолӣ ва таҷрибаю дониш пайдо кардани онҳо дар давоми панҷ соли оянда имконияти дарёфти ҷойи кори мусоид бештар мегардад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор баҳри  таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ ва ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ корҳои муҳимро ба анҷом расонд. Тавре Дилором Ҷӯразода, сардори шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия, иттилоъ дод, аз аввали соли 2019 дар шуъбаи агентӣ 1419 шаҳрванд ҳамчун корҷӯ ба қайд гирифта шуда,  дар доираи баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод аз ҷониби корфармоён 264 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид. Шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия пайваста нисбат ба занону духтарони бекор низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин муддат 575 бонуро ба кори доимӣ ва мавсимӣ фаро гирифт. Бо мақсади рушди босамари захираҳои меҳнатӣ тавассути танзими ҷараёни ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бешуғл дар заминаи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 «Дар бораи қоидаҳои ташкили низоми тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор» 357 нафар занону духтарон аз оилаҳои камбизоат ба омӯзиши касб, аз ҷумла қуроқдӯзӣ, қаннодӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ - порагарӣ, адрасбофӣ, либосдӯзӣ, фаро гирифта шуданд. 90 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар гардид. Ҳамзамон, аз ҷониби шуъба ба 33 нафар аз оилаҳои камбизоат, 156 нафар шахсони бекор ва 129 нафар сарбозони аз хизмати ҳарбӣ рухсатшуда ёрии моддӣ расонда шуд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иҷрои талаботи барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ кӯшиш намуда истодааст, ки бо истифода аз ҳамаи шароиту имкониятҳо ҷойҳои нави кор таъсис дода, ба ин васила сатҳи зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2020    №: 3    Мутолиа карданд: 379
22.01.2021


ҶАЛАСАИ XVII ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ КИШВАРҲОИ УЗВИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИҲОИ ОСИЁ

21.01.2021


ДАР КӮЛОБ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

ВАҚТИ ПАЙВАНДИ ИЛМ БО АМАЛ АСТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ФИФА. ТОҶИКИСТОНРО 14 ДОВАР МУАРРИФӢ МЕКУНАД

НАХУСТИН ФИЛМИ ТОҶИКИЮ БРИТАНӢ АЗ РӮИ ФИЛМНОМАИ АНИСА СОБИРӢ НАВОРБАРДОРӢ МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДАР РОССИЯ АЗ КОРОНАВИРУС ЗИЁДА АЗ 3 МИЛЛИОН БЕМОР ШИФО ЁФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУ БОЗИИ РАФИҚОНАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН

КОМЁБИИ ДАСТПАРВАРОНИ МТМУ № 45

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед